ПИРӮЗИИ ДОНИШҶӮЁНУ МАГИСТРАНТОНИ АКАДЕМИЯ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

photo_2021-11-17_15-57-23

Соли сеюм аст, ки бо ибтикор ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд дар саросари кишвар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар сатҳи баланд доир мегардад.

 

Ҳамасола дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” донишҷӯёни болаёқати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ва бо омодагии комил ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд. Дар ин росто аз ҷониби роҳбарияти Академия ҷиҳати дастгириҳои ҳамаҷонибаи донишҷӯёни соҳибистеъдод дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ гардидааст.

 

Озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” имсол аз рӯи се номинатсия:  композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ доир гардида, шумораи зиёди ҷавонони лаёқатмандро фаро гирифт.

 

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, соли ҷорӣ аз ҳисоби донишҷӯёни болаёқат ва ҳунарманд дар даври ниҳоии озмуни мазкур се нафар донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат ҳунар ва маҳорати худро нишон дода, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд:

 

Ҳабибов Шаҳриёр, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси муносибатҳои байналмилалии факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ аз рӯйи номинатсияи навозандагӣ дар жанри академӣ бо иҷрои асари  компазитор Berio “Scene de Ballet” сазовори ҷойи аввал миёни иштирокчиёни аз 18 то 40 сола гардид;

 

Муродов Амирҷон, донишҷӯйи курси 4-уми ихтисоси идораи давлатии факултети идоракунии давлатӣ аз рӯйи номинатсияи сарояндагӣ дар жанри эстрадӣ бо иҷрои суруди попурии “Ватан” дар байни иштирокчиёни аз 18 то 40-сола сазовори ҷои сеюм гардид;

 

Шарифов Нозимҷон – магистранти яксолаи ихтисоси идоракунии давлатӣ аз рӯйи номинатсияи сарояндагӣ, дар жанри эстрадӣ бо иҷрои суруди попурии “Ватан” сазовори ҷойи ифтихорӣ миёни иштирокчиёни аз 18 то 40-сола гардид.

 

Пирӯзии назаррас ба ҳайати Раёсат, устодону кормандон, донишҷӯёну магистрантони Академия муборак!

 

Аксҳо

Похожие записи