ПОЙТАХТАМОНРО БА ШАҲРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!

IMG_1345

Аз тамоми сокинони шаҳри Душанбе  даъват ба амал меорам, ки барои ба “Шаҳри сабз” табдил додани пойтахт саҳм гузоранд. Рустами Эмомалӣ

 

23 сентябри соли 2020 раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз тамоми сокинони шаҳри Душанбе даъват ба амал оварданд, ки барои ба “Шаҳри сабз” табдил додани пойтахти Ватанамон саҳмгузор бошанд. Бо назардошти мубрам боқӣ мондани масъалаи тозагӣ ва экологӣ дар шароити шаҳрҳои калон, махсусан пойтахтҳои кишварҳо, ин пешниҳод талаби замон буда, метавонад ҳамоовозии саросариро касб кунад.

 

Субҳи имрӯз, 10 апрел бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии ин иқдоми олии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди кӯчаи Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аксияи ободонӣ доир гардид.

 

Дар доираи аксия бо иштироки кормандону устодон ва донишҷӯёну магистрантони Академия дар ҳудуди кӯчаи мазкур корҳои тозакунию сабзкорӣ сурат гирифта, донишҷӯёну кормандони Академия саҳни боғу гулгаштҳо, роҳравҳо ва курсиҳои нишастро тозаву озода карда, партовҳоро рӯбучин намуданд.

 

Ҳамзамон, тамоми нишасткурсиҳо ва панҷараҳои атрофи гулгаштҳо рангубор карда шуданд. Тамоми фурӯзонакҳои куҳна ба фурӯзонакҳои нав иваз карда шуданд. Инчунин, дар ин гулгашт 10 адад қуттии партов гузошта шуд.

 

Кормандону устодон ва донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани ин иқдом бетараф набуда, тибқи нақшаи чорабиниҳо ҳар ҳафта дар боғу гулгаштҳои шаҳри азизамон Душанбе корҳои ободонию сабзкорӣ идома дода мешавад.

 

Бояд гуфт тайи чанд соли охир пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе симои худро куллан тағйир дода, ба шаҳри орзуҳо табдил ёфтааст. Дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он Душанбе ҳамчун ҷавонтарин шаҳри зебо, ободу осуда муаррифӣ гаштааст. Созандагиву ободкорӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷиби раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ солҳои охир пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе куллан симои худро дигар намуда, бо шинонидани дарахтони ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолҳои гуногуни сояафкан, ба ҳусни он таровати тоза зам намудааст.

 

Ҳамасола дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе дар мавсимҳои гуногун дарахтони зиёди сояафкану ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, имрӯзҳо воқеан шаҳри Душанбе дар тамоми фаслҳо ба “Шаҳри сабз” табдил ёфтааст.

 

Азнавсозиву ободонӣ ва пешравиҳои пойтахти азизамон аз заҳмату корнамоиҳои шабонарӯзии фарзонафарзанди миллат, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ далолат мекунад. Маҳз бо талошҳои пайваста ва нигоҳи дурбинонаи ин ҷавонмарди шуҷои Ватан имрӯз Душанбе воқеан ба шаҳри афсонавӣ мубаддал шудааст.

 

Аксҳо

Похожие записи