Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Alfa
  • Тамос бо мо
  • Харитаи сомона
  • RU
  • EN
Ҷустуҷӯ
  • Академия
      • Ректор
      • Ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълим
      • Ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия
      • Ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ
      • Ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа
      • Ноиби ректор оид ба иқтисод ва хоҷагидорӣ
      • Сардори котибот ва ёвари ректор
      • Раёсати таълим
      • Раёсати илм ва инноватсия
      • Раёсати робитаҳои байналмилалӣ
      • Раёсати корҳои тарбиявӣ
      • Раёсати молия ва баҳисобгирӣ
      • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсус
      • Шӯрои олимон
      • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
      • Шурои диссертатсионӣ
  • Пажӯҳишгоҳҳо
    • Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии хизматчиёни давлатӣ
    • Пажўҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ
    • Пажўҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ
    • Маркази омўзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети идоракунии давлатӣ
      • Кафедраи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ
      • Кафедраи идоракунии захираҳои инсонӣ
      • Кафедраи идоракунии молияи давлатӣ
      • Кафедраи менеҷмент
      • Кафедраи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ
      • Кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунӣ
      • Кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва хизмати давлатӣ
      • Кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллӣ
    • Факултети дипломатия ва сиёсат
      • Кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ
      • Кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ
      • Кафедраи забонҳои хориҷӣ
      • Кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеа
      • Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣсӣ
      • Кафедраи фалсафа ва илмҳои гуманитарӣ
      • Кафедраи ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ
      • Кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ
    • Факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Шуъбаи магистратура
    • Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ
  • ҲАМКОРИҲО
    • Лоиҳаи DECIDE
    • Фонди Ханнс Зайдел
    • Татбиқи стандартҳои байналмилалии сифат дар таҳсилоти хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
    • Лоиҳаи PDV
  • Ба донишҷӯ
    • Ба донишҷӯён
      • Экзаменационные тесты для студентов
      • Тестҳои санҷишҳои фосилавӣ
      • Курсҳои ғоибона
    • Ба магистрон
      • Экзаменационные тесты для магистрантов
    • Маълумоти олии дуюм
      • Экзаменационные тесты для второго образования
    • Барои аспирантон
  • Ба довталаб
    • Комиссияи қабул
    • Барои довталаб
    • Маълумоти олии дуюм
      • Ихтисисосҳо ва нархҳо
      • Қоидаҳои қабул
    • Ба магистр
    • Ба аспирант
  • ХИЗМАТРАСОНИҲО
    • Парки технологӣ
      • Меҳмонхона
    • Китобхонаи илмӣ
    • Бунгоҳи тиббӣ
    • Шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавон
    • Шуъбаи ТИК ва автоматикунонии низоми таълим
    • Шуъбаи хизматрасонии техникӣ ва коммуникатсионӣ
    • Шуъбаи тестӣ
    • Шуъбаи дуюм
    • Эълонҳо
    • Вакансияҳо
  • ТАБЪУ НАШР
    • Шуъбаи таҳрир ва табъу нашр
    • Маҷалла
    • Рӯзнома
    • ВАО

Силсилаҳо:

ERASMUS + DECIDE “DEVELOPING SERVICES FOR INDIVIDUALS WITH DISABILITIES”Скачать
PAI REPORT 2019 Фаъолияти лоиҳаСкачать

Лоиҳаи «Рушди хизматрасонӣ ба ашхоси имконияташон маҳдуд» дар Донишкада

Раёсат ва ҳайати кормандону омӯзгорони Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои ахир ҳамкориҳои худро дар доираи барномаҳо ва лоиҳаҳои густурдаи байналмилалӣ густариш дода, бо мақсади ба таври самаранок пеш бурдани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омодасозии мутахассисони соҳибкасби хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, барои боло бурдани сифати хизматрасониҳо пайваста ҷаҳду талош меварзанд.  Дар ин замина, дар доираи «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017 – 2020» Донишкада шуруъ аз аввали соли 2019 ба сифати барандаи бурсияи байналмилалии «DECIDE» дар доираи «Erasmus+» бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо лоиҳаи муштаракро барои дастгирии афроди имконияти ҷисмониашон маҳдуд таҳти унвони «Рушди хизматрасонӣ ба ашхоси имконияташон маҳдуд» (Developing services for Individuals with Disabilities (DECIDE)) дар низоми омодасозӣ ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ роҳандозӣ менамояд. Лоиҳаи мазкур барои солҳои 2019 – 2021 пешбинӣ гардида, гузаронидани тренинг ва машғулиятҳои касбиро бо хизматчиёни давлатии соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иҷро менамояд. Дар баробари ин лоиҳаи мазкур таҷҳизоти махсус ва маводи таълимиро барои муассисаҳои ширкаткунандаи лоиҳа дастрас менамояд. Дар лоиҳаи мазкур муассисаҳои олии таҳсилоти касбии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар якҷоягӣ ширкат меварзанд.

Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур дастгирии афроди имконияти ҷисмониашон маҳдуд ва таъмини онҳо бо шароити муносиб барои гирифтани дараҷаи мутаносиби таҳсилоти олии касбӣ, инчунин  таъмин намудани иштироки фаъолонаи онҳо дар дар ҳаёти ҷомеа ва дар қабули қарорҳо ба шумор меравад.

Дар робита бо ин санаи 10-13 феврали соли 2019 дар Донишгоҳи миллии ба номи алӣ-Форобии Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамоиши аввали татбиқсозии лоиҳаи мазкур бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Намояндагони ҳамоиш аз кишварҳои Руминия, Ирландия, Гретсия, Тоҷикистон, Казоқистон ва Узбекистон даъват шуда буданд. Аз Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори шуъбаи банақшагирӣ ва муҳосибот Ҳасанзода Зулайхо Самад иштирок намуда, нақши Донишкадаро дар самти омодасозии мутахассисони соҳибкасби самти хизмати ддавлатӣ ва идоракунии давлатӣ муаррифӣ намуда, ҳадафҳои минбаъдаи Донишкадаро барои татбиқи лоиҳаи маҳкур ба аҳли нишаст ироа намуд.

Дар таърихи аз 25 то 29 марти соли 2019 директори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Донишкада, масъули татбиқ ва тренери лоиҳа Мухторов З.М., сармутахассиси шуъбаи илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалии Донишкада Охунов Б.О. ба шаҳри Дрезден сафар намуда, дар давоми 5 рӯз оид ба масъалаҳои фарогирии афроди имконияти ҷисмониашон маҳдуд аз тренинги касбӣ гузаштанд.

Дар тренинги мазкур масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи афроди имконияти ҷисмониашон маҳдуд, истилоҳоти марбут ба соҳаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба афроди имконияти ҷисмониашон маҳдуд, фарогирии онҳо дар фазои таълимии макотиби таҳсилоти олии касбӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқии марбут ба танзими муносибатҳои иҷтимоӣ дар самти ҳуқуқҳои афроди имконияташон маҳдуд, методҳои таълим ва муносибати педагогӣ дар самти кор бо афроди имконияташон маҳдуд, хизматрасониҳои китобхона барои афроди имконияташон маҳдуд, хизматрасониҳо ба афроди имконияташон маҳдуд дар Донишгоҳи техникии Дрезден (Олмон), таълими донишҷӯёни имконияти ҷисмониашон маҳдуд дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавриди омӯзишу тадрис қарор гирифта, дар анҷоми курси мазкур ба ширкаткунандагон бо назардошти супоридани санҷиши тестӣ шаҳодатномаҳо супорида шуд.

Ҳамакнун аз тарафи масъулон ва тренери лоиҳа маводи таълимӣ барои гузаронидани машғулиятҳо оид ба фарогирии афроди имконияташон маҳдуд ба таълиму тадрис ва ба фаъолияти муносиб дар самтҳо ва риштаҳои гуногуни хизмати давлатӣ омода намуда, дар марҳилаҳои минбаъда аз рӯи он машғулиятҳои таълимиро роҳандозӣ менамоянд.

Доираи лоиҳаи мазкур Донишкада бо муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олии касбии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ дорад:

Донишкадаи иқтисод ва хизмати Самарқанд (www.old.uzdoc.eu),

Донишгоҳи технологияи иттилоотии Тошканд (www.tuit.uz),

Донишгощи агротехнии Қазоқистон ба номи Сайфулин (www.kazatu.kz),

Донишгоҳи миллии Қвзоқистон ба номи Форобӣ (www.kaznu.kz),

Донишгоҳи давлатии Костанай ба номи Байтурсунов (www.ksu.edu.kz),  

Академияи идоракунии давлати назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон (www.apa.kz),

Донишгоҳи Трансилвания Брасов (www.unitbv.ro),

Донишгоҳи “Middlesex”-и Британияи Кабир (www.mdx.ac.uk),

Донишкадаи технологии Лимерик (www.limerick.ie),

Донишгоҳи техникии Дрезден (www.tu-dresden.de),

Донишгоҳи давлатии Қароқалпоқистон (www.karsu.uz), ҳамчунин созмонҳои ҷамъиятии “Mushtoq ko’zlar”-и Ҷумрии Ӯзбекистон ва “Рушди инклюзия” аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров (www.hgu.tj), Донишкадаи технологгӣ ва менеҷменти инноватсионӣ (www.dtmik.tj).

Дар марҳилаҳои минбаъда аз тарафи тренери лоиҳа (З. Мухтороа) машғулиятҳо ва тренингҳои ҷудогона барои хизматчиёни давлатӣ дар доираи курсҳои такмили ихтисос гузаронида мешавад. Маълумоти муфассал доир ба марҳилаҳои татбиқшавии лоиҳа мунтазам дар саҳифаҳои сомона ва дигар васоити ахбори омма ироа мегардад.

Маълумот барои тамос

  • 734003, Республика Таджикистан, г.Душанбе ул. Саид Носир, 33

  • Телефон+992 (37) 224-17-86

  • Факс (37) 224-17-86

  • email info@apa.tj

RSS Хабарҳои пойтахт

  • Таджикистан и Турция обсудили вопросы обмена опытом в области инновационной и исследовательской деятельности 2023-02-02
  • 2022 год стал годом рекордного роста мировых цен на продовольствие 2023-02-02
  • Завтра Комитет по делам религии, упорядочению традиций, торжеств и обрядов, Агентство по контролю за наркотиками, Агентство «Таджикстандарт», ГУП «Жилищно-коммунальное хозяйство» и ГУП «Таджиксугурта» проведут пресс-конференции 2023-02-02

Тақвими соли 2020

Февраль 2023
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728  
« Янв    
Погода в Душанбе
Погода
Погода в Душанбе на 2 недели

________________________

©2020 DID | support Five Peaks Group

Мы в соцсетях