Икромова Сарвиноз
Сардори раёсат
Тел: +992
E-mail:
Академияи муосирро бе ҳамкориҳои байналмилалии фаъол ва бидуни шомил будан ба фазои таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотии ҷаҳонӣ тасаввур кардан душвор аст. Бинобар ин, рушди робитаҳои байналмилалии дуҷониба ва бисёрҷониба, татбиқи лоиҳаҳои таълимӣ ва илмӣ ба вазифаҳои асосии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд. Танзими маҷмӯи робитаҳои байналмилалии Академияро Раёсати робитаҳои байналмилалӣ пеш мебарад. Дар раёсати робитаҳои байналмилалӣ ду зерсохтор вуҷуд дорад: 1) шуъбаи татбиқи лоиҳаҳо ва ҷалби грантҳо; 2) бахши ҳамкориҳо оид ба табодули донишҷӯён ва омӯзгорон.
АИДНПҶТ ҳамкориҳоро бо Академияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ, ташкилотҳои давлатӣ, хусусӣ ва ҷамъиятӣ дар шаклҳои зерин ба амал мебарорад:
- даъват намудани омӯзгорон ва мутахассисони варзидаи хориҷӣ барои фаъолияти педагогӣ ва илмӣ;
- фиристодани омӯзгорон, магистрантҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва унвонҷӯёни Академия барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос, инчунин ба аспирантура, докторантура ва ба муассисаҳои илмӣ ва таҳсилотии давлатҳои хориҷӣ барои таҷрибаомӯзӣ ва унвонҷӯйӣ;
- иштирок дар барномаҳои дутарафа ва бисёртарафаи мубодилаи донишҷӯён ва кормандони Академия бо дигар давлатҳо дар асоси шартнома барои зинаи бакалавриат ва барои зинаи магистратура;
- амалӣ намудани лоиҳаҳои таҳқиқотии муштарак;
- таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ дар Академия;
- амалӣ намудани хизматрасониҳои таълимӣ, таълимию методӣ ва илмию машваратӣ бо ташкилотҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ;
- гузаронидани конгрессу симпозиумҳо, конференсияҳо, семинарҳо, машваратҳо ва намоишҳои байналмилалӣ;
- таҳкими заминаи муосири таълимию методӣ ва илмии Академия дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ;
- шомил гаштан ба иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳо ва созмонҳои дигари касбии байналмилалӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба роҳ мондани шӯроҳои дифои муштарак;
Айни ҳол беш аз 21 Созишнома оид ба шаклҳои гуногуни ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ аз 8 кишвари ҷаҳон – Академияҳои идоракунии давлатӣ, донишгоҳову донишкадаҳо, институту марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба имзо расидааст.
Мақсади аввалиндараҷаи самти робитаҳои байналмилалӣ – ин татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои дарозмуддат буда, барои таъмин намудани самароникии фаъолияти таълимӣ ва сифати корҳои илмие, ки мувофиқи стандарҳои ҷаҳонӣ мебошанд, равона шудааст.
Шарикони мо: