РИСОЛАТИ МИЛЛАТ: МУВОФИҚАТ Ё МУХОЛИФАТ?

IMG_3345

Дар равнадҳои сиёсии олами муосир давлату давлатдорӣ ҳамчун масъалаи актуалӣ ва дар айни замон мушкил ба ҳисоб меравад. Агарчӣ миллати тоҷик дар асри Х раванди ташаккулёбии миллиро паси сар карда бошад ҳам, вале бо пароканда шудани Давлати Сомониён миллат зери ҳокимияти аҷнабӣ қарор гирифта, раванди бедории миллӣ халалдор гардид. Миллат ба фирқаҳои гуногуни зиддимиллӣ тақсим гардида, таҳти идеологияи бегона қарор гирифт. Ин раванд иддае аз миллатро дар рӯҳияи беҳувиятӣ ва беилтифотӣ дар нисбати муқаддасоти Ватан тарбият сохт. Ин таърихи гузаштаи миллат аст.

 

Дар шароити муосири давлатдорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқлолияти сиёсӣ даст ёфта ва ҳамчун давлати миллӣ рушд намуда истодааст, вале моро мушкилоти зиёде дар пай аст. Мушкилотҳо зиёданд, вале мушкили аслӣ дар раванди миллатсозӣ ва давлатсозӣ ин аст, ки иддае аз фарзандони ин миллат алайҳи давлат ва миллати хеш ба навъе ҷанг эълон намудаанд. Раванди ба даст овардани истиқлолият ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон осон ба даст наомадааст. Дар ин раванд чӣ қадар фарзандони ин миллат ҷон бохтанд. Вале ин ҳолат, имрӯз аз хотираи миллат ба навъе пок шудааст, ки миллат боз тафриқаи ҷадидеро мехоҳанд дар ҷомеаи ватанӣ пиёда созанд. Мухолифони давлатдории навини миллӣ аз хориҷи кишвар, тавассути дезинформатсияи ҷомеа хоҳони моҷарои ҷадид дар миёни миллат ҳастанд. Вале ҷомеаи тоҷикистонӣ то ҳол дар маърифати бозиҳои сиёсии эшон мушкилӣ доранд ва ба навъе аз онҳо пайравӣ намуда истодаанд.

 

Ба даст овардани истиқлолият бо муборизаҳои доимии фарзандони содиқи миллат муяссар гардидааст. Чи гунае, ки Сарвари давлат мефармояд: “Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон, мебошад”. Сарвари давлат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонбозиҳои зиёд давлати навини миллиро бунёд намуда, миллати рӯ ба заволи тоҷикро ба ҳам оварда, сулҳу амниятро дар ҷомеа пойдор намуданд. Аммо хизматҳои шоёни ин фарзанди фарзонаи миллатро, миллат ба гӯшаи фаромӯшӣ бурда истодааст.  Оё боре ба худ суол додаем, ки чаро маҳз сарварии ин миллат бар дӯши эшон афтидааст!? Магар Сарвари давлат аз дигарон тафовуте дорад, ки роҳбарӣ бар зиммашон афтодааст? Албатта тафовут доранд. Сарварӣ ва миллатро раҳнамоӣ намудан ва аз паси худ бурдан ин қудрат ва тавоноиро талаб мекунад. Сарвари давлат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ин қудрату тавоноиро доштаанд, ки Худованд роҳбарии ин миллатро ба эшон вогузор намудаанд. Аз ин ҷо, дар меҳвари ҷанги расонаии мухолифон Сарвари давлат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Миллатро лозим аст, ки дар раванди ҷанги расонаӣ атрофи Сарвари давлат муттаҳид шуда, миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз завол ҳифз намоянд. Замоне, миллат дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид гардид, ҳеҷ нерӯе наметавонад ин иттиҳодро дар ҳам шиканад. Чи гунае, ки Саъдии Шерозӣ мефармоянд:

 

Раият чу бех асту султон дарахт,

Дарахт бояд аз бех бошад сахт.

 

Ин миллат дар раванди давлатдории хеш хоинони зиёдеро ёд дорад, ки фарзандони худи миллат буданду, вале алайҳи миллат амал намуданд. Мисоли равшан тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ (1924) мебошад, ки хоинони миллат Ватанро таҷзия намуданд. Хоинони кунунии Ватан низ дуди оташи ҳамон хоинони қаблӣ мебошанд. Чаро таърихи миллат сабақе барои имрӯзиён намегардад!? Чаро миллат аз таърихи хеш панде намегирад! Гурӯҳҳои дар хориҷи кишвар қарор дошта, ба воситаи тавтеа ва дасиса иддае аз миллатро дар муқобили иддаи дигар қарор дода, хоҳони шикасти пояҳои давлатдории миллии мо ҳастанд. Ҳамзамон, миллат зери таъсири мухолифон қарор гирифта, дар симои худ душмани худро мебинад. Пайомади тафриқабозӣ ва дасисаҳои иддае аз миллат буд, ки солҳои 90-уми саддаи ХХ Тоҷикистон ба ҷанги ҳамватанӣ гирифтор шуд. Ин ҷанг кишварро ба ҳолати рукуд оварда, бархе аз миллатро душмани бархеи дигар намуд. Ин ҳолат, дар рушд ва инкишофи Тоҷикистони муосир ва миллатсозӣ мушкилоти азимеро ба бор овард. Миллатро лозим аст, ки бори дигар таърихи миллатро варақгардонӣ намуда, ҳам сабақе гирад ва ҳам хоинони миллатро дуруст бишносад.

 

Ҳамин тариқ, рисолати ин миллат тафриқаандозӣ, моҷароҷӯӣ ва худситезӣ нест. Рисолати миллат он аст, ки атрофи сиёсати созандаи Сарвари давлат муттаҳид шуда, давлати миллиро таҳким бахшанд, истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои миллиро ҳифз намоянд. Рушди Давлати Тоҷикистон дар мувофиқ будан аст, на дар мухолиф будан. Миллати тоҷик, агар номуси миллӣ доред мувофиқ буданро пеша созед ва агар мухолифатро пеша намудаед, пас хоине беш нестед. Поянда бод Тоҷикистони азиз ва ягона!

 

Муқим УМАРОВ,

сармутахассиси

китобхонаи бадеӣ-сиёсии АИДНПҶТ

Похожие записи

Оставьте нам комментарий