РУШДИ ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИК ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Файзов-Некрӯз-scaled

Таърихи ҷаҳон собит месозад, ки дипломатия нахуст дар заминаи созишномаҳои байнидавлатӣ рӯи кор омадааст, ки аз ҷониби ҳокимон ва шоҳони бонуфузи давлатҳо расмияти ҳуқуқӣ пайдо намудааст. Пайдоиши он, пеш аз ҳама, ба зарурати таъмини амният, иттиҳоди инсонҳо ва ҳамгироии давлатҳо иртибот дорад. Зеро баъди фоҷиаҳои хунини байнидавлатӣ шоҳони давлатҳои қадим барои наҷоти давлат ва халқи худ рӯй ба ҷониби гуфтушунид меоварданд, ки дар таърихи инсоният бо номи дипломатия маъруф аст.

 

Воқеияти даҳаи дуюми садаи XXI баёнгари он аст, ки рушди муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоно дар давраи гузариш қарор дошта, низоми ҷаҳонии бисёрқутбӣ дар ҳоли ташаккул мебошад. Дар манзари геополитикии ҷаҳони муосир, дигаргуниҳои амиқи сиёсиву иқтисодӣ сурат гирифта, боиси тағйироти муассир дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мегарданд.

 

Дар вазъияти пуртазоди солҳои аввали Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии равобити хориҷӣ ва муаррифии шоистаи давлати навини мо дар арсаи байналмилалӣ яке аз муҳимтарин самтҳои раванди давлатсозӣ буд. Аз ин лиҳоз, 29 сентябри соли 1993 дар таърихи муосири сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи муҳим ба шумор меравад. Дар он рӯз аввалин маротиба аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид нақшаҳои бунёдкорона, сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили робитаҳои байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз тарафи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардиданд.

 

Албатта, муҳимтарин марҳалаи дипломатияи тоҷик тавъам бо неъмати истиқлол аст, чун эҳёи давлатдории мо маҳз аз ин пораи таърих оғоз меёбад. Вале бо камоли таассуф ҳар яки мо медонем, ки кӯшишу талошҳои бунёди давлати нави мо ба ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш рост омад ва он эҳёи ин ормонро ба маротиб мушкилтар ва душвортар сохт. Мардуми шарафманди кишвар аз ибтидои ин марҳала бунёди як давлати соҳибистиқлоли пойбанд ба қонунҳои миллию байналмилалиро дар заминаи институтҳои қавии давлатӣ чун ҳадафи асосӣ пазируфт ва роҳи берунрафт аз ин вазъро тавассути стратегияҳо ва барномаҳои мушаххас муайян кард, ки Тоҷикистон дар тӯли як давраи таърихии хеле кӯтоҳ аз як кишвари ҷангзада ба як давлати шукуфон ва рӯ ба инкишоф табдил ёфт. Дар оғози солҳои 2000-ум сиёсати хориҷии “Дарҳои кушода” қабул гардид, ки кишвари мо бо такя ба он дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шуд ва равобити худро бо кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ бар пояи ҳифзи манофеи миллӣ ва риояи манфиати шарикон мустаҳкамтар намуд.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо кишварҳои сершумори олам равобити судманде барқарор намуда, бо пайдо намудани шеваи хоси дипломатияи худ ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили байналмилалӣ шинохта шуд. Таърихи давлатдории муосир нишон медиҳад, ки дипломатияи тоҷик зодаи марҳалаи нави Истиқлоли давлатӣ буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра тавонист бо барқарор намудани муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ марҳила ба марҳила мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам гардонад. Дар партави сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат дипломатҳои тоҷик дар ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ – бартараф кардани низои дохилӣ тавассути роҳандозии гуфтушунид бо мухолифин, аз байн бурдани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо иштироки ҷомеаи ҷаҳонӣ, рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ҳамёрони хориҷӣ, ҷалби сармояи берунӣ ба лоиҳаҳои гуногуни кишвар нақши муассир доранд. Натиҷаи сиёсати мутавозини хориҷӣ буд, ки феълан мамлакатҳои гуногуни олам барои таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Тоҷикистон ҳавасмандии худро зоҳир намуданд. Гузашта аз ин, ташаббусҳои башардӯстонаву байналмилалии Президенти маҳбуби кишвар, ки ба ҳалли масоили глобалии ҷаҳони муосир нигаронда шудааст, ҷойгоҳи шоистаи кишвари моро дар сиёсати ҷаҳонӣ боз ҳам устувортар намуд.

 

Ҳоло бо назардошти пазироии гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббуси нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» пешбинӣ мешавад, ки дар марҳилаи татбиқи ин амр Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор бештар аз ҳар вақти дигар мавриди таваҷҷуҳ хоҳад буд. Зеро таҳлилгарон ба ин боваранд, ки ташаббуси пурарзиши Пешвои тоҷикони ҷаҳон дар рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқи лоиҳаву барномаҳои хос, таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об нақши бориз хоҳад гузошт.

 

Бояд қайд намуд, ки дар зарфи 30 соли Истиқлоли давлатӣ хизматрасонии консулӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ ба таври назаррас густариш ёфт. Айни ҳол зиёда аз 30 намояндагии дипломатӣ дар хориҷи кишвар баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва дар маҷмуъ, ҳифзи манфиатҳои миллии давлати Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

 

Аз ин рӯ, ҳар яки узви ҷомеа, бахусус кормандони соҳаи дипломатияро зарур аст, ки дар татбиқи ҳадафҳои сиёсати бобарори дохилию хориҷии Сарвари давлат саҳмгузор бошанд.

 

Мусоидат ба шинохти воқеии ҷомеаи Тоҷикистон ва раванди рушди ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии он дар хориҷа яке аз вазифаҳои муҳими Ҳукумати кишвар ва намояндагиҳои дипломатӣ мебошад.

 

Дар ин робита, истифода аз василаҳои дастрас, аз ҷумла таҳкими робитаҳои кории самарабахш бо созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат, тарғиби дастовардҳои соҳаҳои гуногун ва дигаргуниҳои бунёдии ҷомеаи мо аз тариқи суханрониву мусоҳибаҳои матбуотӣ ва музокироту вохӯриҳои дипломатӣ амри зарурист.

Имрӯз мушоҳида мекунем, ки ояндабинии тамоюлҳову ҳаводиси сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вокуниши саривақтиву мантиқӣ ба онҳо аҳамияти дучанд пайдо кардааст.

 

Аз ин ҷост, ки дар самти омода кардани кадрҳои дорои сатҳи баланди касбӣ, донандагони забонҳои хориҷӣ ва лоиқу кордон, ки аз умдатарин масоили ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои байналмилалӣ бархӯрдор бошанд, тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда истодаанд.

 

Айни ҳол Тоҷикистон, ки дар маҷмуъ, ба узвияти беш аз 80 созмони минтақавию байналмилалӣ ва ниҳоди молиявии ҷаҳонӣ пазируфта шудааст, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон ҳиссагузорӣ мекунад.

 

Дар баробари ин, Тоҷикистон ба зиёда аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳо ҳамроҳ шуда, уҳдадориҳои худро дар самти расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли онҳо иҷро менамояд.

 

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷонибаи босубот ва дарозмуддат бо кишварҳои минтақаҳои мухталифи олам ҷойгоҳи хоса дорад.

 

Тоҷикистон то имрӯз бар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобил, манфиатҳои муштарак ва риояи ҳуқуқи байналмилалӣ бо зиёда аз 179 кишвари дуру наздик робитаҳои дӯстонаву беғараз ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро ба роҳ мондааст. Дар ин замина, бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон беш аз 2000 санади ҳуқуқиро ба имзо расонида, мавриди иҷро қарор додааст.

 

Воқеан ҳам, дипломатияи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми хоса пайдо карда, ҳамаҷониба густариш ёфт, ки имрӯз шоҳиди он ҳастем.

 

Некрӯз ФАЙЗОВ,

муовини сардори раёсати таълими Академия,

номзади илмҳои таърих, дотсент

Похожие записи