РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи амалӣ кардани як қатор барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба дастовардҳои бузург ноил гашт. Аз ҷумла, паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз 81%-и соли 1999 то 26,3% дар соли 2020, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 6167,2 млн. сомонии соли 2004 ба 82543 млн. сомонӣ дар соли 2020, таъсиси ҷойҳои кории нав ва марҳила ба марҳила зиёд гардидани музди маош ва ғ. Яке аз муҳимтарин нишондиҳандаи иқтисодиёт, ки натиҷаи ниҳоии фаъолияти истеҳсолиро тавсиф менамояд маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мебошад.
Тибқи омори расмии кишвар агар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2013-ум -40524,5 млн. сомонӣ ва дар соли 2015-ум- 48401,6 млн. сомониро ташкил дода бошад, дар соли 2018 — 68844 млн. сомонӣ, дар соли 2019 — 78212,5 млн. сомонӣ ва дар соли 2020 — 82543 млн. сомониро ташкил додааст. Ба ғайр аз ин, агар дар соли 2002-ум маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 524,1 сомонӣ (190 доллари ИМА) иборат бошад, дар соли 2020 он то 8740 сомонӣ (қариб 800 доллари ИМА) расидааст.
Ҳамзамон, қобили қайд аст, ки соли 1997 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 518,4 млн. сомониро ташкил мекард, ки он ба ҳар сари аҳолӣ 89,0- сомонӣ рост меомад, дар натиҷаи дар ҳамаи бахшҳои иқтисодиёти кишвар самаранок ҷорӣ намудани ислоҳотҳои сохторӣ ва амали гардидани барномаҳои мақсадноки давлатӣ ин нишондиҳанда дар соли 2020 82543 млн. сомониро ташкил намуд, ки он ба ҳар сари аҳолӣ 8740 — сомонӣ рост меояд. Яъне дар соли 2020 нисбат ба соли 1997 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ — 160,5 маротиба ё ба маблағи 82024,6 млн. сомонӣ ва ба ҳар сари аҳолӣ 98,2 маротиба ё ба маблағи 8651,2 сомонӣ зиёд гардида аст.
Ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ бар ҳар сари аҳолии кишвар дар соли 1997 танҳо 19,8 сомонӣ буда, дар соли 2020 то 2484 сомонӣ расидааст.
Бояд қайд намуд, ки иқтисодиёти воқеӣ сарчашмаи асосии қисми даромади беҷети давлатӣ ба шумор меравад. Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 миллиард сомонии соли 2014 то 23,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфт.
Нишондиҳандаҳои дар боло зикршуда аз он дарак медиҳад, ки рӯз то рӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳу сифати зиндагии мардум хубтару беҳтар шуда истодааст. Сиёсати иҷтимоии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ин баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, кам намудани сатҳи бекорӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин, баҳри амалӣ гардидани ин сиёсат дар солҳои 2009-2020 музди маоши кормандони ташкилотҳои буҷетӣ аз 10% то 40% зиёд гардонида шуд, аз ҷумла дар солҳои 2009-15%, 2010-10%, 2011-30, 2012-40%, 2013-30%, 2015-20%, 2016, 20%, 2018-15, 2020-15% ташкил дод.
Дар татбиқи сиёсати иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикситон ва рушди устувори иқтисдиёти мамлакат, махсусан соҳаҳои воқеии он, рушди низоми бонкӣ ҷои намоёнро ишғол менамояд. Дар 30-соли истиқлолият низоми бонкии кишвар дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии моливӣ ба монанди Бонки исломии рушд, Бонки рушди Осиё, Бонки рушд ва таҷдиди Аврупо муваффақиятҳои муҳимро ба даст овард. Созмонҳои молиявии мазкур дар низоми бонкии кишвар барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, нақлиёт, энергетика ва дигар соҳаҳо саҳми муҳим гузоштанд. Дар соли 2020 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар қариб 10 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбат ба соли 2019–ум 4,6 фоиз зиёд мебошад.
То имрӯз дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 75 созмонҳои қарздиҳӣ ва хурди молиявӣ, аз ҷумла 16 бонк фаъолият менамоянд. Дар натиҷаи ба роҳ мондани сиёсати дурусти низоми бонкӣ дороиҳои низоми бонкии кишвар аз 311 млн. сомонии соли 2000-ум ба беш аз 26 млрд. сомонӣ дар соли 2020 расонида шуд.
Бо дарназардошти дастовардҳое, ки дар боло овардашудаанд, дар тамоми соҳаҳои дигар низ пешравиҳои иқтисодию иҷтимоии назаррас ба таври аъло дида мешаванд.
Моро зарур аст, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии кишвар самҳми худро гузошта, аз як гиребон сар бароварда, баҳри таъмини рушди устувори Тоҷикистони азиз тамоми қувваю дониши худро сарф намоем, то кишвари мо ба як давлати пешрафтаи минтақа табдил ёфта, обрӯю манзалати хешро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардорад.
С.И. ОЛИМОВ,
дотсенти кафедраи менеҷменти Академия