РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

Истиклоли давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сӣ сол муқаддам соҳиб гардид, дар таърихи мардуми мо нодиртарин падидаи сарнавиштсоз мебошад. Дар оғози Истиқлоли давлатӣ дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисоди кишвар хисороти зиёд расид. Аммо баъд аз дастёбӣ ба сулҳу субот дар Тоҷикистон рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ шурӯъ гардид. Дар натиҷа дар замони истиқлол дар кишвар корхонаҳои хурду миёна ва бузург сохта, ба истифода дода шуданд.

 

Бо итминон гуфтан мумкин аст, ки дар ин давра иқтисоди мамлакат рушд кард. Агар дастовардҳои даврони истиқлолияти ҷумҳуриро ба назар орем, дастовардҳо дар иқтисодиёт ва истеҳсолот назаррас ва бисёр арзандаанд. 30 сол муддати дар таърих зиёд нест, аммо бо татбиқи сиёсати дурусти Ҳукумати ҷумҳурӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ пешравиҳои зиёд ба чашм мерасад. Махсусан, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандӯстии аҳли ҷомеа боло рафта, соҳибкориву тиҷорат, ҷаҳонбинии мардум ва корхонаҳои муштараки хусусию давлатӣ рушд ёфт. Бо рушд ёфтани соҳаи иқтисодиёт ҷойҳои нави корӣ пайдо шуданд, ки ин боиси самаранокии корхонаҳо ва афзоиши иқтисодиёт ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ мусоидат намуд. Дар ҷумҳурӣ корхонаҳои бузурги истеҳсоли маҳсулот ба роҳ монда шуда, дар муддати кӯтоҳ дар бозори ҷаҳонӣ аллакай рақобатпазир гардиданд. Бояд қайд намуд, ки хушбахтона дар ин корхонаҳои муштарак зиёда аз 90 фоизи коргарону мутахассисонро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд, ки баъзе аз онҳо дар донишкадаҳои олии кишвар таҳсил намудаанд.

 

Ин ҳама самараи истиқлол ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат баҳри амалӣ гардидани Стратегияи миллии рушд ва расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ба рушди иқтисодиёт заминаи устувор гардиданд. Дар замони истиқлол иқтисоди ҷумҳурӣ ба муносибатҳои бозоргонӣ ворид гардид, ки ин инкишофу пешрафти давлатамонро дигаргун ва босамар сохт. Рушди равобити иқтисодии ҷумҳурӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳуриямон мустақиман ба миён омада, махсусан ба раванди содироту воридоти маҳсулот таъсир расонд. Бо ташаббуси бевоситаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз дастоварди назарраси иқтисодӣ дар даврони истиқлол ташкили Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мебошад. Ба вуҷуд овардани тарз ва усулҳои нави муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ дар бозорҳои истеъмолии дохилӣ баҳри рақобати бозорӣ, зиёд кардани маҳсулот, сифати молу маҳсулот ва рушди соҳибкории хурду миёна ба амал омада, дар умум ба афзоиши истеҳсолоти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт боис гардиданд.

 

Дар даврони истиқлол дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ баҳри азхудкунии иқтидорҳои истеҳсолии нав ва ҷалби технологияҳои навин (инноватсионӣ) диққати асосӣ дода шуда, даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолии замонавӣ фаъолият доранд ва ҳамасола дар рӯзҳои таҷлили солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат дар ҳудуди ин минтақаҳои озоди иқтисодӣ корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба истифода дода шудаанд ва минбаъд низ корхонаҳои нави истеҳсолӣ махсусан корхонаҳои саноатӣ бунёд гардида, ба истифода дода мешаванд, ки зиёд шудани истеҳсолот ва рақобатпазир гардидани он, дар маҷмуъ барои рушди устувори Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.

 

ДОСТИЕВ Э.А.,

н.и.и., дотсент, сарходими илмии

Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ

ва хизмати давлатии Академия 

Аксҳо

Похожие записи

Оставьте нам комментарий