Рушди хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ

IMG_0147

Дар факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмии апрелӣ таҳти унвони “Рушди хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ” баргузор гардид.

Дар конференсия декани факултети дипломатия ва сиёсат дотсент Қодирзода Далер, муовини декан оид ба илм Иззатуллоева Савлат, муовини декан оид ба таълим Афзалшоҳ Бобозода, муовини декан оид ба корҳои таълимӣ Борон Беҳрӯз, мудирони кафедраҳо ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ карданд.

Сухани ифтитоҳиро Қодирзода Далер оғоз намуда, иброз дошт, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати бисёрсамта, мутавозин ва санҷидашудаест, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқу манфиатҳои шарикони байналмилалӣ асос ёфта, Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари дорои равиши хоси дипломатияи худ, фаъол ва таъсиргузор дар арсаи минтақаву ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Ҳамчунин, аз Паёми навбатии Сарвари давлат иқтибос оварда шуда, баён гашт, ки  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо эълони «сиёсати дарҳои кушода» равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуд, ки ин сиёсат имрӯз ҳам бомуваффақият идома дорад.

Дар ҷараёни конференсия аз ҷониби донишҷӯён вобаста ба мавзӯъ бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ маърӯза ироа гардид.

Ҳамчунин дар конференсия зикр шуд, ки Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонид. Сиёсати “дарҳои кушода” ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд нуфузу мақоми Тоҷикистонро дар арсаи олам хеле боло бурд.
Гузашта аз ин, фақат дар давоми даҳсолаи охир ҳамкориҳои мутақобилан манфиатбахши Тоҷикистон бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва институтҳои молиявии ҷаҳонӣ барои болоравии мақоми давлати соҳибистиқлоламон дар арсаи байналхалқӣ пойдевори боэътимод гузошт.

Дар рафти конференсия донишҷӯён ва устодони фаъол аз ҷониби садорати факултет бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир иштирокдорон  саволҳо пешниҳод карда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Аксҳо

Похожие записи