РУШДИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

8f3fe7f5-7c01-4573-bf61-95845e2b875f

Тавре маълум аст, сарзамини Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги табиӣ, аз қабили дарёҳо, кӯлҳо ва обанборҳо буда, барои рушди гидроэнергетика ва ба ин васила таъмин намудани пешрафту тараққиёти кишвар заминаи мусоид фароҳам мебошад.

 

Бо дарназардошти имконияти бузурги гидроэнергетикӣ доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун ҳадафи стратегӣ интихоб гардида, барои ноил гардидан ба он солҳои охир аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ ва маблағгузориҳои буҷет неругоҳҳои хурду бузург бунёд гардида, инфрасохтори соҳа барқарор шуда, ин анъана дар мамлакати идома дорад.

 

Соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ гуфта, он соҳаҳоеро меноманд, ки хусусияти стратегӣ доранд ва ҳамчун соҳаҳои базавӣ барои пешравии дигар соҳаҳои хоҷагии халқ хизмат намуда, дар кӯтоҳтарин муҳлат самараи иқтисодӣ медиҳанд. Бо дарназардошти таърифи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодёт соҳаи энергетикаи обӣ шомил мешавад, ки бе пешравии ин соҳа ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, таъмини босуботи пешравии дигар соҳаҳои иқтисодиёт имконнопазир мебошад.

 

Ҳамзамон, рушди энергетикаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон олимони иқтисодшиносон барои нигоҳдории рушди босуботу устувори иқтисодиёт, аз ҷумла афзоиши неруи содиротии кишвар, ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ, коҳиш додани таъсири хатарҳои буҳрони иқтисодӣ, пойдории қурби пули миллӣ, таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ ва дар маҷмуъ, ҷиҳати ривоҷу равнақи устувории иқтисодиёти мамлакат нақши бузург меҳисобанд. Вобаста ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият расидан ба истиқлолияти энергетикиро ҳамчун ҳадафи стратегӣ эълон намуда, ҷиҳати ноил гардидан ба он як қатор иншооти хурду бузурги муҳим оид ба истеҳсолу интиқоли барқ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Аз ҷумла, аз соли 1991 то соли 2011 дар кишвар 265 неругоҳи хурди обӣ бо иқтидорӣ умумии 23,3 мегаватт сохта ба кор дароварда шуд. Танҳо дар соли 2011 30 неругоҳи хурди обӣ бо иқтидори аз 15 то 4300 киловатт сохта ба истифода супорида шуд, ки иқтидори умуммии онҳо 7339 киловаттро ташкил медиҳад.

 

Барои ноил гардидан ба ҳадафи гузошташуда Барномаи дарозмуддати неругоҳҳои хурди барқӣ барои солҳои 2009-2020 қабул гардид, ки дар доираи он 189 неругоҳи хурди обӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва тавассути грантҳо дар манотиқи гуногуни кишвар бунёд гардидаанд. Аз ҷумла 16 адад неругоҳи хурд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 46 адад дар вилояти Суғд, 44 адад дар вилояти Хатлон ва 83 адад дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

 

Инчунин, шумораи зиёди неругоҳҳои хурди дигар аз ҷониби соҳибкорону саховатмандони ватандӯст бунёд гардидаанд, ки дар ин барномаи давлатӣ ба инобат гирифта нашудааст.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, аз рӯйи захираҳои умумии имконпазири барқии энергетикӣ дар ҷаҳон дар ҷои 8-ум меистад ва иқтидорҳои истеҳсолии гидроэнергетикӣ тақрибан дар ҳаҷми 527 млрд кВт-соат арзёбӣ мегардад. Бо дарназардошти шароитҳои техникӣ захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ба 317 млрд КВт соат баробар буда, айни замон танҳо 4-5 %-и он мавриди истифода қарор дорад. Аз рӯйи ин нишондиҳанда Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои мустақил баъд аз Федератсияи Россия дар ҷои 2-юм ва дар Осиёи Марказӣ ҷои аввалро ишғол намуда, 70 %-и захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ба ҳудуди он рост меояд, ки дар шароити ҳозира қариб 4 %-и он истифода бурда мешавад. Аз ин ҷост, ки дар нишастҳои байналмилалӣ Пешвои миллат бо иқдомҳои наҷиби худ баромад намуда, диққати иштирокчиёнро ба масъалаҳои ҳифзи захираҳои об ҷалб намудаанд.

 

Манбаи асосии неруи барқи Тоҷикистон гидроэнергетикӣ буда, то 95%-и неруи барқи кишварро ташкил медиҳад. Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон аз талаботи имрӯзаи ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба неруи барқ се маротиба зиёдтар мебошад. Дар мавриди истифодаи оқилонаи ин захира, метавон минтақаро бо неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намуд. Манбаъҳои асосии гидроэнергетикии кишвар дар дарёҳои Вахш, Панҷ, Амударё, Сирдарё ва Зарафшон воқеъ гардидаанд.

 

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳурӣ 34 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 57,2 млрд сомонӣ татбиқ гардида, барои соҳа дастовардҳои мусбиро ба бор овардааст. Муҳимтарин дастовардҳо ин, мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ, ба монанди ду агрегати иншооти азими аср-неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» (670 МВт), «Сангтӯда-2» (220 МВт), «Помир-1» (28МВт), «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 2» (400 МВт), 274 адад неругоҳи барқи обии хурд (бо иқтидори умумии 23,2 МВт), сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500 кВ «Душанбе-500», «Суғд-500», дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ дар Неругоҳи барқии обии Норак ва Роғун, хатҳои интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол» (ба масофаи 263,8 км), «Роғун-Душанбе» (ба масофаи 198 км) зеристгоҳҳои барқии 220 кВ «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «МОИ Данғара», дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум», хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор-Хатлон» (53,3 км), «Тоҷикистон-Афғонистон» (116 км), «Хуҷанд-Айнӣ»   83,2 км), «Қайроқум-Ашт» (74 км), «Геран-Румӣ» (78 км), «Қайроқум-Суғд» (63,3 км), «Айнӣ-Рӯдакӣ» (95 км), «Сангтуда 1 – МОИ Данғара» (15,9 км) ва «Шар-Шар – МОИ Данғара» (23 км) ба масофаи умумии 604,7 км ба шумор мераванд.

 

Ҳамчунин, мувофиқи нақша дар дурнамои наздик мавриди истифода қарор гирифтану оғози корҳо дар дигар иншоотҳои нави тавлиди неруи барқ, ба монанди боқимонда агрегатҳои неругоҳи барқи обии Роғун, неругоҳи барқи обӣ “Себзор” (11 МВт), таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроқум» ва лоиҳаи байниминтақавии интиқоли неруи барқи САSA 1000 (252 км), «ҷорӣ намудани низоми автоматии идоракунӣ ва назорати нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ» пешбинӣ гардидааст.

 

Бояд қайд намуд, ки бе рушди соҳаи электроэнергетика рушду нумӯи иқтисодиёти кишвар ғайриимкон аст. Беҳуда энергетикаро пешбарандаи иқтисодиёт ном накардаанд. Дар ин раванд, ҳамчунин баҳри таъмини бемайлони сокинони куҳандиёри тоҷикон бо нерӯи арзону аз лиҳози экологӣ тозаи барқ, афзоиши иқтидорҳо ва ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ сохтмону баистифодадиҳии як қатор иншооти бузурги тавлидотии нерӯи барқ ба роҳ монда шудааст, аз ҷумла:

 

  1. Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1”. Бунёди ин неругоҳ аз ҷиҳати сохту иқтидор ва манфиату аҳамият бешубҳа мавқеи аввалинро дар кишварамон соҳиб аст. Он дар силсила неругоҳҳои барқу обӣ дар дарёи Вахш неругоҳи панҷум ба шумор рафта, 20 январи соли 2008, се моҳ пеш аз муҳлат агрегати якуми неругоҳи мазкур мавриди истифода қарор дода шуда, 1-уми июли соли 2008 агрегати дуюм, 5-уми ноябри ҳамон сол агрегати сеюмаш ва 31-уми июли соли 2009 бошад, агрегати чоруми он бо иштироки бевоситаи Сарони олии ду кишвар – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва собиқ Президенти Федератсияи Россия, ҷаноби Дмитрий Медведев расман ба истифода дода шуд.
  2. Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда 2». Дигар аз дастоварди бузург дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ин мавриди истифода қарор додани неругоҳи барқи обии “Сангтӯда–2” ба шумор меравад, ки санги асоси он 20–уми феврали соли 2006 гузошта шуда аст. Неругоҳи мазкур бо харҷи 318,9 млн доллари ИМА бунёд гардида, 5 сентябри соли 2011 агрегати якум ва 10 сентябри соли 2014 агрегати дуюми он бо иштироки Роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаноби Ҳасани Руҳонӣ расман ба истифода дода шуд.
  3. Сохтмони навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 2. Моҳи августи соли 2012 бо ҶСК «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой вобаста ба бунёди навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 100 МВт шартнома ба имзо расид. Иншооти мазкур бо тавоноии истеҳсоли 100 МВт нерӯи барқ ва 67,95 Гкал энергияи гармӣ бо харҷи 178-миллион доллари америкоӣ бунёд гардида, агрегати якуми он моҳи январ ва агрегати дуюмаш бошад, моҳи сентябри соли 2014 бо иштироки бевоситаи Сарони ду кишвар – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷаноби Си Ҷинпин расман мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, ба сохтмони навбати дуюми ин иншооти муҳими энергетикӣ бо иқтидори 2х150 МВт санги асос гузошта шуд. Навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо тавоноии истеҳсоли 300 МВт нерӯи барқ ва 167,9 Гкал энергияи гармӣ бо харҷи 326 миллион доллари америкоӣ соли 2016 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолати тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

 

Баҳодур ДАВЛАТОВ,

магистранти Академия

Похожие записи