РӮЗИ ДОНИШ — РАМЗИ ЭҲТИРОМ ВА АРҶГУЗОРӢ БА ИЛМУ ДОНИШ

IMG_3630

Табрикоти ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ

 

Устодон, кормандон, магистрантон ва донишҷӯёни азиз!

 

Бо камоли мамнуният ҳамаи Шуморо ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш самимона табрику таҳният гуфта, бароятон дар фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш комёбиҳо таманно дорам.

 

Тавре ки равшан аст,  ҳамасола Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар кишвари соҳибистиқлоли мо чун рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба илму дониш ва хираду маърифат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифта мешавад. Боиси фараҳмандист, ки имсол Рӯзи донишро дар арафаи Ҷашни пуршукӯҳи миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил менамоем.

 

Ёдрас намудан бамаврид аст, ки ниёгони тамаддунофари мо аз қадим донишу хирад, ақлу заковат ва фарҳангу маънавиётро мояи ифтихору шараф ва сарфарозии хеш ҳисобида, тавассути илму маърифат ва осори оламшумул ҷаҳонро тасхир намудаанд. Ситорагони илму адабамон тӯли асрҳо чароғи маърифатро ба ҳадде фурӯзон намудаанд, ки нуру зиёи он ҳанӯз ҳам равшангару раҳнамои оламиён аст.

 

Маъмулан, рӯзи аввали соли таҳсил ҳамеша барои мардуми мо, барои устодону донишҷӯён рӯзи фараҳафзову шодӣ ва орзуву ормонҳост. Зеро ин рӯз оғози пешравиҳои ҳамаи соҳаҳои кишвар маҳсуб меёбад ва зиндагӣ аз донишу ҳунар рангу намои тоза мегирад. Маҳз бо баракати сулҳу субот зиндагӣ ба як низоми мураттабу писандида ва ба маҷрои муназзам ворид мешавад, инсон роҳи росту тараққиётро интихоб менамояд.

 

Маврид ба ёдоварист, ки дастоварди бузургтарини мо дар солҳои соҳибистиқлолӣ барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз бо шарофати хиради азалии Пешвои маорифпарвари миллат ба мо муяссар гардид.

 

Тавре ҳамагон шоҳид будем, 1-уми сентябри соли 2019 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадамҳои файзбор ба ин кохи илму маърифат ташриф оварда, шоҳбинои нави таълимиро нуру зиё бахшида, ҳамчун туҳфа ба устодон, кормандон, шунавандагон, магистрантон ва донишҷӯён тақдим намуданд. Сипас, бо нутқи омӯзгорона ва насиҳатҳои падаронаи худ Дарси сулҳро оғоз карда, доир ба нақши маориф ва хизматҳои шоёни омӯзгорон ва ояндаи ҷавонони кишвар таъкидҳо намуда, вобаста ба рушди соҳа андешаҳои худро иброз доштанд.

 

Раёсати Академия аз қудуми мубораки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихорманд гашта, зери дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар ва Ҳукумати мамлакат фаъолияти хешро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монда истодаанд.

 

Устодон ва донишҷӯёни муҳтарам!

 

Қобили зикр аст, ки соли таҳсили сипаригашта дар заминаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта шуд.

 

Дар ин замина, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми феврали соли 2020, №1463 Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи идо-ракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба муассисаи давлатии “Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” табдил дода шуда, дар ҳаёти муассисаи мо ҳодисаи басо фараҳбахш гардид.

 

Ин иқдому дастгирӣ бешак боиси ифтихор аз ватандорӣ, ҳувияту худшиносии ҳар як устод, корманд, магистрант ва донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин буд, ки мо, ҳайати устодону кормандони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми соли таҳсили сипаригашта фаъолиятамонро пурсамар ба роҳ монда, тавассути иттиҳоду сарҷамъӣ, якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстиву рафоқат ва ҳамбастагӣ давоми як сол ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.

 

Бо боварии том гуфта метавонем, ки барои арҷгузории ҳамаи ин ғамхориҳои Сарвари давлат ҳайати олимон, устодон ва кормандону донишҷӯёни Академия бо нияти нек, бо донишҳои мукаммалу навоваронаи хеш ба халқу Ватани азизи худ хизмати софдилона хоҳанд кард.

 

Дар ин росто, зарур мешуморам, ки устодону кормандони ин боргоҳи маърифатамон бо меҳнати арзанда ва иродати ватанпарастона ҷиҳати тарбияи мутахассисони баландпоя ва содиқи соҳаи идораи давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ камари ҳиммат баста, саҳми худро дар ободонию шукуфоии Ватани соҳибистиқлоламон гузоранд.

 

Бо чунин таманниёту орзуҳои нек, бори дигар, ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии соли нави таҳсил аз самими қалб муборакбод гуфта, бароятон комёбӣ ва дар ҳаёти оилавиатон хушбахтиҳои бепоён ва дар ҷодаи касби илму маърифат дастовардҳои беназирро таманно дорам.

 

Рӯзи Дониш ва оғози соли нави таҳсил муборак, дӯстони азиз!

Похожие записи