РӮЗИ ТАЪСИСИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

2022logo

Имрӯз, 15 июн Рӯзи Созмони ҳамкории Шанхай мебошад. Дар ҳамин рӯз, 20 сол қабл сарварони давлатҳои Казоқистон, Хитой, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистан дар шаҳри Шанхай ҷамъ омада, Созмони нави байналмилалии минтақавиро бо номи СҲШ таъсис доданд.

 

Давоми ду даҳсола СҲШ ба иштирокчии бонуфуз ва масъулиятшиноси низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ, ба яке аз такягоҳи боэътимоди ташаккулдиҳандаи низоми одилонаи ҷаҳонӣ ба волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ба Оинномаи СММ асосёфта, табдил ёфт.

 

Қутбнамо барои рушди дарозмуддати ташкилот Оинномаи СҲШ маҳсуб меёбад, ки принсипҳои “Рӯҳи Шанхай” — эътимоди тарафайн, манфиати ҷонибҳо, баробарӣ, машваратҳои тарафайн, эҳтиром ба гуногунфарҳангӣ ва талош барои рушди муштаракро дар бар мегирад.

 

Дар айни замон, тибқи принсипи ротатсия Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари раёсаткунандаи СҲШ мебошад.

 

Ҳамоиши солгарди СҲШ рӯзҳои 16-17 сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузор мегардад.

 

Дар доираи Раёсати Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай, бахшида ба 20-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази дӯстӣ ва ҳамкориҳои СҲШ дар Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ҳадафи асосии он рушди дипломатияи мардумӣ, паҳн намудани ғояҳои “Рӯҳи Шанхай”, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи таълим ва дигар лоиҳаҳое, ки ҳамкориҳоро байни институтҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои узви СҲШ, кишварҳои нозир, шарикони муколамаи СҲШ амалӣ менамоянд, маҳсуб меёбад.

 

Маркази дӯстӣ ва ҳамкориҳои СҲШ дар Тоҷикистон Шумоёнро ба муносибати санаи муҳим — рӯзи таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай таҳният гуфта, бароятон некуаҳволӣ ва сарбаландӣ таманно менамояд!

 

Бо эҳтиром, Маркази дӯстӣ ва ҳамкориҳои СҲШ дар Тоҷикистон.

Похожие записи