САФИ ЗАНОНИ УНВОНДОР ДАР АКАДЕМИЯ МЕАФЗОЯНД
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Бо шарофати соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои олимони ҷавон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуда, сафи олимони ҷавон меафзояд. Хушбахтона, сафи илмдӯстони ҷавон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ рӯ ба афзоиш аст.
28 майи соли ҷорӣ унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирова Фарзона Изатуллоевна рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Хизмати давлатӣ ҳамчун ниҳоди иҷтимоию сиёсӣ ва рушди он дар замони муосир” (Таҷрибаи Тоҷикистон) дар Шӯрои илмии диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо роҳбарии доктори илмњои фалсафа, профессор Махфират Хидирзода сарбаландона ҳимоя намуд.
Ҳимояи рисолаи номзадӣ дар сатҳи баланд доир гардида, дар он 12 нафар аъзои Шӯрои диссертатсионӣ ширкат доштанд, ки ҳамаи онҳо якдилона ба барои дарёфт намудани унвони илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рӯи ихтисоси 23.00.02. – ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ (илмҳои сиёсӣ) дар ДМТ ҷонибдорӣ намуданд.
Носирова Фарзона баъд аз ҳимояи бомуваффақонаи кори илмиаш иброз дошт, ки: “Дастгирии занон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Маҳз ҳамин дастгириҳо буд, ки имрӯз мо, ҷавонзанҳо дар баробари мардҳо барои аз худ намудани донишҳои замонавӣ корҳои номзадию докторӣ анҷом медиҳем. Аз ҷумла, ҳимояи муваффақонаи кори илмии ман низ самараи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, ба Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, ки ҷиҳати дастгирии олимону муҳаққиқони ҷавон ва роҳбари илмиам доктори илмњои фалсафа, профессор Махфират Хидирзода барои роҳнамоиҳои ҳамешагиашон изҳори миннатдорӣ менамоям.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирова Фарзонаро ба ин дастоварди арзишманди илмӣ таҳният гуфта, дар корҳои минбаъдаи илмиаш барору муваффақият орзу менамоянд.