САҲМИ ПЕШВОИ МИЛАТ ДАР ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Тағйирёбии босуръати иқлим ва афзоиши аҳолии Сайёра дар назди инсоният масъалаҳои наверо гузошта истодааст, ки ҳалли оқилонаи онҳо боиси паст шудани шиддати таъсири тағйирёбии иқлим ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, яке аз манбаҳои асосии захираи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Аз захираҳои обии Тоҷикистон натанҳо сокинони дохилӣ, балки кишварҳои ҳамсоя низ баҳраманд мегарданд, аз ин рӯ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тағйирёбии иқлим нигаронӣ намуда, чунин қайд намудаанд: “Обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамчунин афзоиши масрафи об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар одамон таҳдид мекунад”.
Тайи даҳсолаҳои охир, коҳиш ёфтани ҳаҷми пиряхҳо дар мавзеи сароби дарёҳои асосӣ, ки бар асари тағйирёбии глобалии иқлим ба вуқӯъ пайвастааст, дар минтақаи мо боиси нигаронии ҷиддӣ мегардад. Тибқи иттилооти расонаҳои мухталиф, дар ин муддат, масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон қариб 35 фисад кам шудааст. Бо дарназардошти фоҷеаи воқеии баҳри Арал мо набояд ба нобудшавии пиряхҳо, ки манбаи асосии ҳаёт дар Осиёи Марказӣ мебошанд, роҳ диҳем.
Дар асоси ин, бори аввал бо ташаббус ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2009 дар конфронси тағйирёбии иқлим, ки дар Копенгаген баргузор гардида буд, ташаббуси таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пешниҳод гардид. Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2019 дар конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Париж (Фаронса) бо назардошти ҳолати ногувории пиряхҳои Тоҷикистон дар зери таъсири тағйирёбии иқлим, ҷиҳати таъсиси чунин фонди махсус бори дигар даъват ба амал оварданд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар доираи ҷаласаи Созмони Ҳамкории Шанхай моҳи марти соли 2021 масъалаи таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамчун яке аз масъалаҳои афзалиятнок, ки диққати ҷиддиро талаб мекунад, ба рӯзномаи ҷаласаи ин Созмон ворид шуда буд. Дар доираи ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, ҳамчунин Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад ва Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис ёбад.
14 декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон оид ба эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бо иттифоқи оро ҷонибдории ҳаматарафаи худро пайдо намуд. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст.
Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома, пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
— Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
— Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
— Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
— Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.
Қатъномаи номбурда аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии дави гирдгардиши гидрологӣ дар табиат, ки обшавии босуръати онҳо таъсири ҷиддии ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон, соҳаи энергетика ва рушди устувор мерасонад, дар бар мегирад. Дар ин хусус, барои олимони соҳа ҷиҳати таҳқиқоти амиқу дақиқи бештар дар ин самт шароит фароҳам меорад.
Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи криосфераи сайёра шудааст, ки дар натиҷа сатҳи оби уқёнусҳо баланд ва устуворӣ дар минтақаҳои баландкуҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхӣ тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об оварда мерасонад.
Аз ин рӯ, ташаббуси Пешвои миллатро дар иқлими сайёра бамаврид ва саривақтӣ арзёбӣ намудан ба мақсад мувофиқ аст, зеро маҳз дар ҳошияи ин иқдомҳо умед дорем, чораҳои зарурӣ ҷиҳати беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ, дастрасӣ ба оби ошомидании тоза ва рушди иқтисодӣ андешида мешавад. Аз ин рӯ, захираҳои об нақши муҳим доранд, ки мутаассифона имрӯзҳо зери таъсири шадиди тағйирёбии иқлим қарор гирифтаанд.
Мо умедворем, ки иқдомҳои пай дар пайи Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат дар ҳалли ин масъалаи глобалӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвишу изтироб овардааст, нақши бориз мегузорад.
Амиршо ҲИЁЕВ,
магистранти Академия