СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР АИДНПҶТ

IMG_2800

Бо ташаббуси кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ таҳти унвони «Дипломатияи об, ҳамчун намунаи олии дастоварди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

 

Дар кори семинари илмӣ олимон, муҳаққиқон, мутахассисон аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, намояндагони институтҳои илмию тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқи стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

 

Дар семинари мазкур як қатор масъалаҳо, аз ҷумла дипломатияи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди он, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи об, ҷойгоҳи об дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои идоракунии захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ, аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, масъалаи баҳри Арал дар муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ, вазъи ҳуқуқии дарёҳои байналмилалӣ, масъалаи норасоии об дар сайёра, дипломатияи об яке аз воситаҳои асосии татбиқсозии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

 

Бинобар гуфтаи мутахассисон Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об мебошад. Тибқи омори расмӣ дар қаламрави кишвари мо зиёда аз 60 дарсади захираи обии минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад. Сарфи назар аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бори рисолати ҳамқаринии давлатҳои ҷаҳонро пазируфт ва бо ибтикору пешниҳодҳои созандаи хеш доир ба масъалаҳои об дар арсаи байналмилалӣ маъруф гардид.

 

22 — марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ширкат варзида, раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» — ро ҳусни оғоз бахшид. Ин ташаббуси нави глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз ҷониби сарони давалтҳои ҷаҳон ва ҷомеаи байналмилалӣ дастгирӣ ёфт.

 

Зимни семинар таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба об, ки аз проблемаҳои глобалии имрӯзу фардои пайваста талош меварзад. Эълон гардидани Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005 — 2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028», ҳамчунин, барои бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис додани Консорсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез, Бунёди байналмилалии  ҳифзи пиряхҳо аз ҷумлаи ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

 

Дар охири семинар қайд гардид, ки дар доираи ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакатҳои гуногун, аз ҷумла кишвари мо, конфронсу симпозиумҳои зиёди сатҳи баланди ҷаҳонӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо масъалаҳои муҳими доир ба об мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, дар ин ҳамоишҳои сатҳи баланд Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешоҳанги ҳалли масъалаҳои марбут ба об муаррифӣ шуд.