СУННАТҲОИ ДАВЛАТДОРӢ ВА АФКОРИ АХЛОҚӢ – ҲУҚУҚӢ ДАР ОСОРИ ОДАМУШШУАРО АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

Абдулхонов

Яке аз неъматҳои бузурге, ки ба миллати тоҷик дар охири асри XX даст дод ин истиқлоли давлатӣ мебошад. Истиқлоли давлатӣ имконият фароҳам овард, ки халқи тоҷик эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро ҳадафи ниҳоии хеш қарор диҳад. Миллати тоҷик дорои таърихи бостонию тамаддуни беш аз сеҳазорсола буда ба халқу ақвоми дигар роҳу равиши зиндагӣ ва фарҳангу маданияти шаҳрдориро омӯзонидааст. Аммо ба амри тақдир пас аз сукути давлати бузурги Сомониён як ҳазорсола фарзандони ин миллат каме аз сарварию роҳбарии давлатҳои манотиқи Осиёи Миёна дур гардида шуда бошад ҳам, лекин пояи ғоявии идории ҳар давлатро дар ин минтақаҳо маҳз афкори ахолқию ҳуқуқии фарзандони ин миллат ташкил медоданд.

 

Пас аз ташкили Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва ба хусус пас аз соҳибихтиёрии Ҷумҳурии азизамон эҳёи расму анъанот ва арҷгузорӣ ба хидматҳои фарзандони бузурги миллат ба ҳукми анъана даромадааст.

Аз ин ҷост, ки бо ибтикори Сарвари давлати тоҷикон ҳар сол 22 сентябр «Рӯзи Рӯдакӣ» эълон гардидааст, ки он метавонад барои ҳар чи бештар машғул шудан ба таҳқиқу омӯзиши осори гаронбаҳои ин марди баруманд сабаб гардад. То ба имрӯз аз ҷониби олимону муҳаққиқони соҳоти гуногуни илм, ҳаёту фаъолият ва осори устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифтаву аҳмияти осори ӯ дар таккомули фарҳанг, тамаддуни башарӣ муайян гардидааст. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки осори устод танҳо ба санъати бадеъ ва шеъру шоири маҳдуд нагардида, инчунин масъалаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсиро фаро мегирад. Аз ин рӯ мо мавзуи афкори ахлоқию ҳуқуқӣ ва раванди давлатдорӣ умуман инъикоси суннати давлатдориро дар ашъори султони шоирон мавриди таҳқиқ қарор дода, муайян менамоем, ки осори устод дар баёни як ё ду мавзуъ маҳдуд нагардида, балки балки ҷанбҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиро низ дар бар мегирифтаанд.

Омӯзиши ашъори устод Рӯдакӣ ифодагари он аст, ки устод натанҳо ҳамчун як шоир, балки ба ҳайси як мушовири давлатӣ бо воситаи андарзҳои пурмуҳтавои худ шоҳоронро барои бурдани роҳу равиши дуруст дар самти давлату давлатдорӣ панд медодааст:

Дил танг мадор эй малик дар кори худойӣ,

Орому тарабро мадеҳ аз табъ ҷудоӣ.

Сад бор афтодаасту чунин ҳар маликеро,

Охир бирасиданд ба ҳар комравоӣ.

Он кас, туро диду туро бинад дар ҷанг,

Донад, ки ту бо шер бо шамшер дароӣ.

Дар ин абёт устод Рӯдакӣ насиҳатомез ба шоҳ панд медиҳад, ки шоҳ ҳеҷ гоҳ аз нобаробариҳои рӯзгор ва рӯзҳои сахт, рӯҳафтода нашавад, чун ки ҳама рӯзҳои наҳс гузаранда буда аз паси он аёми шодию фараҳ фаро расида корҳои мулк басомон хоҳанд расид. Ва шоҳро зарур аст, ки дар муқобили ҳар гуна душвори ва душманони беруна бо матонат шуҷоатмандона ва далерона истодагарӣ намояд.

Ин чунин ҷои дигар мефармоянд:

Хаёли разми ту гар дар дили аду гузарад,

Зи бими ту баданаш ҷудо шавад аз банд.

Зи адли туст ба ҳам, бозу саъваро парвоз,

Зи ҳукми туст шабу рӯзро ба ҳам пайванд.

Аз мазмуни абёти болобармеояд, ки устод кӯшиш намудаанд ба шоҳ фаҳмонанд, ки дар раванди давлатдорӣ сарвар бояд сиёсати дурустро амали намояд, то ин ки душманони давлат ҳатто андешаи муқобилият намудан бо ҳукумати вақтро дар сар напарваранд. То ин ки чунин давлат бино шавад, дар мадди аввал бояд яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва категорияи ахлоқӣ, адлу адолатпешагӣ дар ҳудуди қаламрав ҳукумфармо бошад.

Ҳотами Той туйи андар сахо,

Рустами Дастон туйи андар набард.

Не, ки Ҳотам нест бо ҷуди ту род,

Не, ки Рустам нест дар ҷанги ту мард.

Дар ин байтҳо низ устод бо алфози ширину гуворо як қатор ахлоқҳои ҳамидаи инсониро монанди саховатмандӣ, ҷасурӣ, родмардиву футуватпешагиро сутудааст.

Устод дар яке аз ғазалҳои худ, ки моҳияти андарзию ахлоқӣ дорад, сифатҳои бади инсонӣ аз қабили куштори ба ноҳақ ва ситамкориро мавриди накуҳиш қарор додаст:

Чун теғ ба даст орӣ мардум натавон кушт,

Наздики Худованд бадӣ нест фаромуш.

Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,

Ангур на аз баҳри набид аст ба чархушт.

Дар байти охири ғазал устод фикри худро ҷамъбаст намуда, ранҷонидани ашхоси бегуноҳро мавриди сарзаниш қарор дода талқин менамояд, ки шахси ситамкор ва он касе, ки ба ранҷу азоби дигарон машғул аст, хоҳу нохоҳ мисоли чунин шиканҷаҳоро аз ҷониби афроди дигар дар шахси худ хоҳад дид.

Ангушт макун ранҷа ба дар куфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар куфтанад мушт.

Анъанаҳо ва суннатҳои давлатдорие, ки аз ақвоми ориёитабор ба ёдгор монда, дар муносибатҳои байналималиву дипломатӣ низ қабул гардидааст ин бо эҳтироми хосса қабул ва гусел намудани меҳмон мебошад, ки дар таҷрибаии давлатдории муосир амалӣ мегардад. Дар фарҳанги давлатдории мо ба хотири меҳмони олиқадр оростани маҷлиси мутантан одатест, ки таърихи бостонӣ дорад. Ва ин одату анъанот дар ҳар давру замон аз ҷониби шоҳону фармонравоён вақт риоя мегардидааст.

Давлати бузурги Сомониён, ки давомдиҳандаи давлату давлатдории ориёӣ ба шумор мерафт, ин расму суннатҳоро фармонравоёни он дар сатҳи давлатдории худ амалӣ мегардонидаанд.

Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рудакӣ, ки яке аз шоҳидони воқеии рафти давлатдории Сомониён буд тарзи оростани маҷлисҳои шоҳонаро нисбати қабул ва гусели меҳмонони олиқадрро, ки расми муҳимми давлатдории маҳсуб меравад дар ашъори пурғановати худ инъикос намудааст. Қобил ба ёдоварист, ки ин расму анъанот то ба имрӯз дар таҷрибаи аксари давлатҳо роиҷаст ва ҳамчун яке аз русуми муносибатҳои дипломатии шинохта шудааст.

Маҷлис бояд бисохт маликона,

Аз гулу аз ёсуману хайрии алвон.

Неъмати фирдавс густурда зи ҳар сӯ,

Сохта коре, ки кас насозад чунон.

Дар қассида устод ғайр аз тарзи оростани маҷлиси шоҳона, инчун мавқеъ ва ҷойгиршавии ходимони дарбор, мансабдорони давлат ва афроди иштирок кунандаро дар рафти ҷараёни маҷлиси қабул тасвир намудааст:

Хусрав бар тахтипешгоҳ нишаста,

Шаҳи мулки ҷаҳон – амири Хуросон.

Турк ҳазорон ба пой пеши саф андар,

Ҳар як чун моҳе бар ду ҳафта дурафшон.

Бода диҳанда буте бадеъ дар хубон,

Баччаи отуни турку баччаи хоқон.

Дар абёти зикр гардида ғайр аз раванд, шакл ва тарзи амалигардии маҷлиси қабули меҳмонони олиқадр, ки аз ҷониби Амирон дар дарбор сурат мегирифт инчунин рафти ҷойгир шавии ходимони давлатӣ амалдорон ва умуман иштирокчиёни ин маҷлисҳои сатҳи олии давлатиро низ таҳқиқ намудан мумкин аст. Аз байтҳои дар боло зикр гардида маълум мегардад, ки ходимони давлатӣ, меҳмонон ва хизмтгарони дарбор дар маҷлиси қабул мавқеъ ва ҷойгоҳи хоси худро доштаанд. Ҳамчунин аз маълумотҳои пешкаш намудаи устод маълум мегардад, ки барои боз ҳам пур шукуҳ сурат гирифтани маҷлиси қабул дар ҷамъомад, инчунин навозандагону хизматгорон ва туркбаччагони бодадиҳанда барои хизматрасонии шахсони муътабари замон, муввазаф гардонида мешуданд.

Дар қассида устод шукӯҳу шаҳомати шоҳро мадҳ намуда, адлу доддиҳии ӯро мавриди васф қарор медиҳад. Адл пояи давлат аст, бинобар ин устод бо алфози мадҳомез ба шоҳ таъкид менамояд, ки пойдории адлро дар ҳудуди давлати хеш бояд мустаҳкам гардонид.

Он малики адлу офтоби замона,

Зинда бад – ӯ доду рӯшноии Кайҳон.

Дод биёбадзаиф ҳамчу қавӣ з-ӯй,

Ҷавр набини ба назди ӯву на удвон.

Ба хотири он ки суханон ба шоҳ боз ҳам муассир бошад, устод мазмуни абёти худро бо мазмуни оёти Қуръон ва аҳодиси набавӣ тавъам гардонидааст. Чунонки Худованд дар ояти 58 сураи «Нисо» мефармояд: «Худо ба Шумо амр мекунад, ки амонатро албатта ба соҳибаш боз диҳед ва чун ҳокими байни мардум шавед ба адолат доварӣ кунед». Инчунин аз абёти боло оварда шуда хулоса намудан мумкин аст, ки дар давлатдории Сомониён ҷорӣ намудани адолат, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ  ва категорияи ахлоқӣ маҳсуб меравад, пойдор будааст.

Дар абёти дигари устод низ таъсири меъёрҳои ҳуқуқӣ мусалмониро вохӯрдан мумкин аст, аз ҷумла мефармояд:

Ҳуҷҷати якто Худову шоҳ сояи уст,

Тоати ӯ карда воҷиб ояти Фурқон.

Мазмуни мисраи аввали ин байт бо мазмуни ҳадиси пайёмбар, ки мефармоянд: «Ас-Султону зилуллоҳи фил арз», яъне «Султон сояи Худо дар замин аст» рост омада, мазмуни мисраи дуюм бошад, ифодагари мазмуни ояти сураи «Нисо», ки омадааст: «Эй аҳли имон фармони Худо ва Расул ва фармондоронро итоат намоед» мебошад.

Умуман ашъори устод Рӯдакӣ баҳреро мемонад, ки шино намуда, расидан ба соҳилҳои он ғайри имкон аст. Аз ин рӯ омӯзишу таҳқиқи осори гаронбаҳои устод бори дигар исбот менамояд, ки дар ҳақиқат устод Рӯдакӣ шахсияти барҷаста дар таърихи тамаддуни башарӣ ба шумор рафта, ашъори ӯ ҷанбаҳои гуногуни паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоӣ – фарҳангӣ, сиёсӣ – ҳуқуқӣ ва дар маҷмуъ фалсафаи зиндагиро дар бар мегирад.

АБДУЛХОНОВ Ф. М.,

дотсенти кафедраи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодии Академия,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Похожие записи