ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ҲУҚУҚШИНОСӢ, ПРОФЕССОР ҒАФУРЗОДА АБДУХАЛИЛ ДАВЛАТАЛӢ БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

IMG_3630

Бо камоли эҳтиром ва самимияту садоқати бепоён ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон, магистрантону донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар симои онҳо ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати омад – омади Соли нави мелодии 2023 табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, саодату комёбӣ ва ба кишвари азизамон пешрафту шукуфоӣ ва сулҳу суботи ҷовидонаро орзу менамоям.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022-ро пур аз хотирот ва фаромӯшношуданӣ дар фазои сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ ба ихтиёри таърих мегузорад ва Соли нави милодии 2023-ро бо орзуву ниятҳои нек истиқбол мегирад. Соли 2022 барои мардуми Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат соли воқеан хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро кишвари азизи мо дар ин сол ба дастоварду пешравиҳои басо муҳимму назаррас ноил гардид. Дар соли 2022 рӯйдоди бузург, ки нуқтаи оғози барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва ноил гардидан ба дастовардҳои имрӯзаи мо мебошад, 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.

Ҳамчунин, дар соли 2022 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳои назарраси худ тавонист, ки нуфуз ва мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам боло барад. Яке аз чунин дастовардҳо, ки гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гардид, ин қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон гардидани Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошад. Боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки 14 декабри  соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

Дар соли 2022 ҳайати профессорону омӯзгорони Академия як қатор конфронсҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ доир намуда, дар даҳҳо конфронсҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, мизҳои мудаввару вохӯриҳо ширкати фаъолона намуданд ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ сохтанд. Ҳамчунин, донишҷӯёну магистрантони Академия дар озмунҳои дохилию ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Чанд рӯз қабл Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида, ки ҳадафу нақшаҳои ояндаи моро тарҳрезӣ намуд. Ҳамчунин, таҳлилҳои дар Паём шуда вобаста ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ собит сохтанд, ки мо ҳамасола ба таври назаррас кишвари азизамонро зебову пешрафта намуда истодаем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш таъкид намуданд, ки: “Мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем. Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”. Дар партави ин дигар дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат бо азму иродаи қавӣ, қалби саршор аз меҳри ватандорӣ, дилу нияти нек баҳри боз ҳам ободтару хуррамтар гардонидани ҳар гӯшаи Тоҷикистони маҳбуб ба Соли нави мелодӣ қадам мегузорем.

Бовар дорем, ки соли 2023 низ таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари моро марҳилаҳои тозаи рушд интизор аст.

Итминон дорем, ки дар соли 2023 миллати сарбаланди тоҷик дар фазои сулҳу субот Ҷумҳурии Тоҷикистони озоду офтобрӯяро дар партави Мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин ҳам ободу пешрафта сохта, бо ташаббусҳои созандаю бунёдкорона нуфузи онро боз ҳам боло мебаранд.

Соли нави мелодии 2023 муборак!

Похожие записи