ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ҲУҚУҚШИНОСӢ, ПРОФЕССОР ҒАФУРЗОДА АБДУХАЛИЛ ДАВЛАТАЛӢ БА МУНОСИБАТИ 32-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

IMG_3630

Устодону кормандон, ҳайати профессорону номзадон ва донишҷӯёну магистрантони азизу гиромӣ!

Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахшу таърихӣ якояки Шуморо ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ, нишони озодиву ободӣ ва рамзи муттаҳидиву шараф – Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, бароятон саломативу сарбаландӣ, умри дарозу хонаи обод, иқболи нек ва рӯзгои хушу осуда ва барои Тоҷикистони азиз гулгулшукуфоии бардавом таманно менамоям.

Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастовард ва муқаддастарин неъмати миллати тоҷик тӯли қарнҳои зиёд ба шумор рафта, барои тоҷикони ҷаҳон мояи ифтихору сарфарозӣ ва сарманшаи ватандориву ватандӯстӣ мебошад. Маҳз Истиқлоли давлатӣ халқи парешони тоҷикро ба ҳам оварда, дар пешрафту шукуфоӣ ва рушду такомули пояҳои давлатдории миллӣ заминагузор гардид.

Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.

Соли 1991 дар таърихи Тоҷикистон ва сарнавишти миллати тоҷик бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт мегардад. 9-уми сентябри соли 1991 барои мардуми куҳанбунёд, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихӣ ва лаҳзаҳои хушбахтиву сарбаландӣ мебошад. Дар ин рӯз дар таърихи миллати тоҷик гардиши куллӣ ба миён омада, бо шарофати эълони Истиқлоли давлатӣ дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақилу соҳибистиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд.

Ин воқеаи таърихӣ ба тоҷикон имкон дод, ки минбаъд қалами бунёди сарнавишти миллатро ба дасти худ гирифтаву дар роҳи сохтани ояндаи мустақил ва ҳифзи арзишҳои фарҳангиву мадании ниёгони шарафмандамон саъю талош намоянд.

Мутаассифона бо ба даст овардани Истиқлоли сиёсӣ ва расидан ба ормони ҳазорсола Тоҷикистон аз шаҳди соҳибистиқлолӣ начашида, ба вартаи ҷанги шаҳрвандии бародаркуш кашида шуд. Дар чунин вазъияти пешгӯинашаванда барои эҳёи таърихи миллат ва ҳифзи арзиши соҳибистиқлолӣ сарваре лозим буд, ки масъулияти имрӯзу фардои Тоҷикистонро ба дӯш бигирад ва барои таъмини ояндаи шукуфони давлат тамоми маҳорату малака ва донишу иродаи худро равона сохта бошад.

Хушбахтона таърих барои мардуми тоҷик чунин шахсиятро арзонӣ дошт. Моҳи ноябри соли 1992, замоне, ки ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлат интихоб гардиданд. Фарзанди боору номуси тоҷик дар роҳи таҳкими арзиши соҳибистиқлолӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари амну осоишта ва сулҳофар ҳастии худро фидо намуданд. Маҳз бо ташаббус, сарварии бевосита ва мактаби бузурги давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат тантана намуд ва Тоҷикистон бо ба даст овардани осоиштагии сиёсӣ ба пайроҳаи ободкориву бунёдкорӣ қадам ниҳод.

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо ислоҳоти куллии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба амал оварда шуд. Ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ рушди маориф, илм ва фарҳанг дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон самти афзалиятнок эълон гардид.

Дар зарфи беш аз се даҳсола мардуми мо тавонистанд, ки беҳтарин арзишҳои миллии худро зинда созанд, худшиносиву худогоҳии миллиро ба пояи баланд бардошта, на танҳо фарҳанги беназири худро эҳё намоянд, балки онро ба талаботи давлатдории навини худ ва ба воқеияти ҷаҳони муосир мутобиқ сохта, дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Тӯли ин солҳои таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳолии мамлакат бо азму иродаи қавӣ тавассути созандагиву бунёдкориҳои бомаром ба фардои дурахшон қадамҳои устувор гузошта, ба дастовардҳои беназир ноил гардиданд. Роҳи 32-солаи давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар исбот кард, ки ниҳоди сарварии Пешвои миллати мо мактаби бузурги давлатдорист, ки ҳар як шахси худшиносу худогоҳ бояд онро омӯзад.

Дар давоми ин солҳо Тоҷикистон дар саноату иқтисод, савдову тиҷорат, фарҳангу маданият ва бунёдкориву созандагӣ ба пешравиҳои бузург ноил гардид. Симои пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии мамлакат куллан тағйир ёфта, сохтмони бинову иншооти нави маишиву хизматрасонӣ дар кишвар идома дорад.

Файзи Истиқлол Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари мустақилу ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуд. Имрӯз Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро зиёда аз 180 мамлакати дунё расман эътироф намудаанд ва танҳо соли ҷорӣ дар сатҳи СММ панҷумин пешниҳоди Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардид. Ҳамаи дастовардҳои болозикр меваи дарахти сершохубарги Истиқлол мебошад. Дар боби арзиши Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозанд: “Истиқлолу озодӣ барои мо рамзи воқеии ифтихор аз Ватану ватандорӣ, бузургтарин имконияти давлатсозиву давлатдории мустақил, илҳомбахши азму талошҳои созанда ба хотири таъмин намудани рушди давлат, ободии Ватан, зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар як оилаи кишвар мебошад”.

Ин сатрҳо натанҳо тавсифи арзиши Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, балки сатрҳои муҳаббату садоқати як нафар Пешвои раиятпарвар ва инсондӯст мебошад, ки дар ҳар сухану ҳар ҳарфи худ аз озодиву ободӣ ва аз осоиштагии мардуми Тоҷикистон сухан меронанд. Маҳз ба хотири ин ҳарфҳо ва ин садоқату муҳаббати Пешвои муаззами миллат нисбати аҳолии кишвар месазад, дар роҳи ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ ҳастии худро фидо намуд.

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз зумраи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар ва идомаи бунёдкориҳои Сарвари давлат мебошад. Имрӯзҳо аҳли кормандони Академия ба хотири саҳмгузор гардидан дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва бунёди ҷомеаи муосир талош намуда, дар пайи иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти кишвар камари ҳиммат бастаанд.

Бо итминон метавон қайд намуд, ки ҳайати устодону кормандон, профессорону номзадон ва донишҷӯёну магистрантони Академия бо заҳмати аҳлонаи худ ин Ватан ва ин сарзамини аҷдодиро обод месозанд, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта мегардонанд ва ҷойгоҳу обрӯи онро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд мебардоранд.

Бо ҳамаи ин бовариву эътимод ва ниятҳои нек бори дигар Шумо, устодону донишҷӯёни азиз ва дар симои Шумо тамоми мардуми сарбаланду қавииродаи кишварро ба ифтихори 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони якояки Шумо хушбахтӣ, рӯзгори босаодат, иқболи баланд, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати ҷовидона ва пешрафту ободии боз ҳам бештарро орзу менамоям.

Ҷашни истиқлолу озодӣ ва соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ муборак бошад, устодону донишҷӯёни азиз!

Похожие записи

Оставьте нам комментарий