ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДАИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ САЙЁРА
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Рӯзҳои 21-24 март дар доираи ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мардуми саёраро ба маркази тантанаҳои бузурги об дар сатҳи ҷаҳонӣ гирд овард.
Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки ташаббуси чоруми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об мебошад, дар давоми танаффуси қариб панҷоҳ сола аз конфронси қаблии СММ вобаста ба масъалаҳои об баргузор гардида, конфронси таърихӣ унвон шуд ва бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеи ҷаҳониро ба муҳимияти масъалаҳои обу иқлим дар ҳаёти башарият ҷалб намуд. Суханрониҳои пур аз даъват ва иқдомоти башардӯстонадоштаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин конфронси сатҳи баланд ва дигар чорабиниҳои марбут ба он аз нав ҷомеаи ҷаҳониро ба пайомадҳои ногувори норасоии оби нушокӣ ва тағйирёбии иқлим дар солҳои минбаъдаи ҳаёти инсоният ҳушдор дода, тамоми давлатҳои сайёра, ташкилоту созмонҳо ва ниҳодҳои дахлдори минтақавию байналмилалиро барои тақвият ва густариши ҳамкорӣ дар ин самт даъват намуданд.
Дар ҳошияи ин конфронс, бо ташаббус ва иқдомҳои башардӯстонаи ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин намоишгоҳ таҳти унвони “Таърихи рушди Тоҷикистон”, чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, чорабинии канорӣ таҳти унвони “Табдили институтҳои иқтисодии глобалӣ ба манфиати умум: Даъват барои бедоршавӣ аз ҷониби Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисодиёти об”, чорабинии канории корӣ таҳти унвони “Об моро муттаҳид месозад”, ҷаласаи коршиносони сатҳи баланд ва пешвоёни Панели оид ба об ва офатҳои таббиӣ баргузор гардида, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвои сиёсии ҷаҳонӣ дар масъалаи обу иқлим дар студияи телевизионии “Ҳадафҳои рушди устувор” мусоҳиба анҷом доданд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои ҳавзаҳои ягонаи обӣ буда, қисми зиёди захираҳои оби минтақа дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Захираҳои оби Тоҷикистон барои таммоми кишварҳои минтақа аҳамияти хос дошта, асоси рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии онҳоро ташкил менамояд. Дар шароити муосир амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ аз ҳар ҷиҳат ба захираҳои об вобаста буда, он асоси зиндагии осоиштаи мардум маҳсуб меёбад. Тавре маълум аст, Осиёи Марказӣ асосан минтақаи аграрӣ маҳсуб ёфта, соҳаи кишоварзӣ ва обу замин барои аҳолии минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд. Истифодаи оқилона ва самарабахши захираҳои оби минтақавӣ ва тақсими дурусти он миёни кишварҳои минтақа дар шароити соҳибихтиёрӣ ба яке аз масъалаҳои асосии матраҳшаванда дар доираи байнидавлатӣ ва минтақавӣ гардидааст. Тоҷикистон ҳамчун кишвари тавлидкунандаи захираҳои об ба рушди бештари соҳаи гидроэнергетика эҳтиёҷ дошта, бе истифодаи он таъмини пешрафту тараққиётӣ давлат ва дастёбӣ ба ҳадафҳои стратегӣ ғайриимкон мебошад. Аммо, кишварҳои дигари минтақа бо истифода аз захираҳои обе, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд рушди иқтисодии худро нигоҳ доштан мехоҳанд. Захираҳои об барои кишварҳои дигари минтақа аҳамияти баланди аграрӣ дошта, заминаи асосии рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини соҳаҳои иқтисодӣ бо ашёи хом мебошад. Бо назардошти ин, ҳамоҳангсозии манфиатҳои кишоварзӣ ва гидроэнергетикии кишварҳои минтақа дар самти истифодаи обҳои ҳавзаҳои фаромарзӣ зарур мебошад.
Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид муҳимияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр шудааст. Ҳамчунин, таъкид мешавад, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи креосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ кам гардида, миқдору маҷрои мавсимӣ ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст.
Доир ба ин ташаббус ҳанӯз 3 марти соли 2021 Пешвои миллат дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд дар бораи масъалаҳои об ва иқлим (видеоконфронс) бо овардани далелҳои илман асоснокшуда таъкид намуда буданд, ки мутаассифона, имрӯзҳо босуръат об шудани пиряхҳо дар Арктика, Антарктида ва Гренландия, ҳамзамон, тағйироти ҷиддии пиряхҳои дар хушкӣ қарордошта низ ба амал омада истодаанд. Инчунин, таъкид дошта буданд, ки чунин вазъияти нигаронкунанда дар пиряхҳои Помири Тоҷикистон низ тули чанд соли охир баръало мушоҳида мешаванд.
Захираҳои оби Тоҷикистон, ки пиряхҳо асоси онҳо мебошанд, сарчашмаи неруи барқароршаванда ё худ неруи сабз ба шумор мераванд. Зимнан бояд ёдовар шуд, ки кишвари мо аз лиҳози истеҳсоли неруи сабз, ки ба муҳити зист таъсири манфии назарррас намерасонад, дар қатори 6 давлати дар ин самт пешсафи дунё қарор дорад. Дар ин замина 98%-и неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза аз неругоҳҳои обии барқӣ истеҳсол мегарданд ва кишвари мо яке аз татбиқкунандаи пешсафи неруи сабз мебошад. Дар умум, истифодаи оқилонаи манбаъҳои об барои ҳифзи хок, мазраъ, рустаниҳои мазруъ, флора ва фаунаи нодир, рушди кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи мувозинат ва таъмини амнияти экологӣ мусоидат намуда, барои иҷрои вазифаҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор нақши калидӣ доранд. Рушди устувор рушди иқтисодии бо назардошти манфиатҳои наслҳои имрӯза ва оянда, бо табиат, хусусан бо масоили экологӣ ва дурнамои онҳо, низоми муносибатҳои оқилонаи ҷамъият-табиат ҳамоҳангшуда мебошад, ки таъминкунандаи амнияти экологӣ ва зиндагии шоистаи насли минбаъда ба шумор меравад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зинми ироаи Паёми шодбошӣ ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ доир ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо таъкид доштанд, ки: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд”. Муаммои тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои он, бахусус обшавии босуръати пиряхҳо аз масъалаҳое мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистонро нигарон кардааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба хатари тағйирёбии иқлим барои захираҳои об, бахусус пиряхҳо борҳо дар баромадҳои сатҳи байналмилалӣ маърўза намуда, таваҷҷуҳи аҳли сайёраро ба ин масъала ҷалб намудаанд. Тавре Президенти мамлакат дар яке аз суханрониҳояшон изҳор доштаанд: “Мусаллам аст, ки табиати сайёра силсилаҳои зиёди гарму сардшавии иқлимро медонад, вале мо алҳол давраи гармшавиро аз сар мегузаронем ва агар ин тамоюл идома ёбад, гумон аст, ки дар сад соли наздик аз пиряхи Федченко чизе боқӣ монад”. Маҳз таҳдидҳои гармшавии глобалии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон буд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумориданд, дар баробари чаҳор ташаббуси глобалии марбут ба об ҳамчунин ташаббуси навбатии худро вобаста ба масълаи ҳифзи пиряхҳо ба ҷомеаи ҷаҳон пешниҳод намоянд, то таваҷҷуҳи аҳли башарро ба хатари нестшавии захираҳои об ҷалб намоянд. Ҳамин аст, ки муҳим ва саривақтӣ будани ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, бахусус СММ қабул гардид.
Даҳсоли охир яке аз мушкилотҳои глобалие, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин обшавии пиряхҳо мебошад. Дар робита ба ин 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.
Имрӯз ҳар ҷойе сухан аз обу иқлим равад, ҳар ҷойе сухан дар мавриди таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ дар сайёра тавассути ҳали мушкилоти марбут ба обу иқлим бошад номи Тоҷикистон ва Пешвои ташаббускори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забон оварда мешавад. Давоми чор рӯзе, ки қароргоҳи СММ тантанаи об дошт дар тамоми расонаҳои байналмилалию шакабакаҳои иҷтимоӣ сухан аз ташаббускориҳои Тоҷикистон мерафт. Дар ин рӯзҳо Пачами Тоҷикистон дар назди қароргоҳи СММ дар байни парчамҳои дигар давлатҳои аъзои ин созмони муътабар ба назар бештар партавафшон буду ҷаҳонро аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон мужда медод. Хусусан, дар маросими конфронси байналмилалии СММ-ОБ 2023 садо додани мусиқии фараҳафзои тоҷикӣ, раисии Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, суханрониҳои шевои тоҷиконаи Сарвари давлат ба нафъи башарият дар ин чорабиниҳо шуҳрати тоҷикону Тоҷикистонро ҷаҳонитару тоҷиконро ифтихорманду сарбаландтар гардонд.
Дар сатҳи баланд мизбонӣ ва раисӣ кардани ҷониби Тоҷикистон дар ин конфронси таърихӣ низ шоистаи таҳсин ва намунаи олию беҳтарин баҳо гирифт. Чунки рафти ташкил ва гузаронидани Конференсияи СММ-ОБ 2023-ро шахсан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ ва назорат намуда, аз масъулин дар сатҳи баланди омодагӣ ва ташкилӣ гузаронидани онро талаб менамуданд. Намоишгоҳи “Таърихи рушди Тоҷикистон”, тақдими туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид, чорабинии “Об ва Наврӯз — ду сарчашмаи ҳаёти башар”, чорабинии канории корӣ зери унвони “Об моро муттаҳид месозад” ва чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷумлаи он чорабиниҳое мебошанд, ки ҷониби Тоҷикистон бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари раёсат ва мизбонии Конференсияи СММ-ОБ 2023 дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню Йорк ташкил ва дар сатҳи баланд баргузор намуд ва аз ҷониби иштирокчиёну коршиносони сатҳи баланди ҷаҳонӣ баҳои сазовору арзанда гирифт.
Боиси ифтихору сарфарозии тамоми тоҷикону тоҷикистониён аст, ки дар таърихи начандон тулонии давлатдории навини миллӣ, хусусан дар давоми зиёда аз ду даҳсолаи охир зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон пешоҳанги ҳали масоили глобалии марбут ба обу иқлим эътироф гардида, дар соҳаҳои обу иқлим ташаббускори панҷ иқдомоти бузурги байналмилалии аз ҷониби СММ ва давлатҳои аъзои он ҷонибдориёфтаву эътирофгардида мебошад. Маҳз бо ибтикори Тоҷикистон ва Сарвари башардӯсту ташаббускори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эъломияву қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар заминаи пешниҳод ва ибтикороти Тоҷикистон соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза, соли 2013 — Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2005-2015 -Даҳсолаи байналмилалии амал “Об — барои ҳаёт” солҳои 2018 — 2028 — “Даҳсолаи байналмилалии Об — барои рушди устувор”, Соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва дар доираи он санаи 21 мартро эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ба Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ шуҳрати ҷаҳонӣ оварда, милатту давлатро машҳуру маъмули оламиён гардондааст.
Зеро Тоҷикистон дар баробари кишвари дорои манбаҳои бузурги оби нушокӣ дар минтақа ва ҷаҳон будан, нисбати мушкилоти глобалии марбут ба обу иқлим бетараф нест ва пайваста барои саодати башарият ва таъмини зиндагии шоистаи инсоният дар сайёра тадбирандешию ташаббускориҳои бузурги ҷаҳонӣ анҷом медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардида, барои татбиқи ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва ба ин восита мусоидат ба таъмини зиндагии шоиставу арзандаи инсоният дар сайёра ин иқдому ташаббускориҳоро то ба ҳол на танҳо идома медиҳад, балки мукамамалу фарохтар мегардонад.
Чун ба таърихи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон назар афканем, онҳо фарогири чорабиниҳои зиёди сатҳи байналмилалӣ мебошанд, ки маҳз ба хотири мусоидати фаъоли давлати мо дар ҳали масъалаҳои глобалии марбут ба обу иқлим бо роҳи ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташкилоту созмонҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ баргузор гардидаанд.
Ибтидои моҳи октябри соли 1999 дар иҷлосияи 54-уми Созмони Милали Муттаҳид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин маротиба пешниҳод намуданд, ки соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шавад. Ин пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби 148 давлати ҷаҳон дастгирии пурра ёфта, дар асоси он Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қарори дахлдор қабул кард ва дар натиҷа проблемаи захираҳои об ба қатори се мавзӯе ворид гардид, ки ҳамчун масъалаҳои асосӣ барои баррасӣ дар бахши якуми корҳои Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор пазируфта шуданд.
Охири моҳи август ва ибтидои моҳи сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе нахустин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ доир ба масъалаҳои об — Форуми байналмилалии оби тоза баргузор шуда, пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба «пойтахти оби ҷаҳон» табдил дод ва бо чорабиниҳои марбут ба масъалаҳои об дар Йоҳаннесбурги Африқои Ҷанубӣ ва Киотои Япония дар як мақом қарор гирифт.
Ҳамин тариқ аз ибтидои соли нахустини соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар саргаҳи ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим ва дар меҳвари таваҷҷуҳи оламиён қарор дорад. Давлати ҷавону тозаистиқлол бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон солҳо дар баробари ҳали мушкилоти дохилӣ барои ҳали мушкилоти ҷаҳонӣ ташаббускорию табирандешиҳои байналмилалиро пеш гирифт ва то имрӯз онро идома медиҳад.
Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра ҷонибдорӣ ёфт. Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки имрӯз Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун мамлакати ташаббускори тадбирҳои сатҳи глобалӣ ва пешоҳанги ҷаҳонии масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ гардида, барои муттаҳидсозии иқдомҳо ва нақшаҳои минбаъдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пешвоёни сиёсии ҷаҳон дар масъалаи об ва иқлим пайваста шароит фароҳам меоварад ва тадбирҳои бетаъхир меандешад.
Албатта ташаббус ва пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои обу иқлим дар асоси таҳқиқоти бисёрсола ва омӯзишу пажуҳиши илмӣ рӯи кор омада, он барои ҳифзи ҳаёти инсон нақши бориз доранд. Ҳамзамон Пешвои миллат ташаббуси панҷуми худро, дар бораи эълон намудани соли 2025 “Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” пешниҳод намуда, он 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид ва дар ин доира ҳамасола аз соли 2025 сар карда дар миқёси олам 21 март ҳамчун “Рӯзи байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” таҷлил мегардад.
Меҳрангез ҒОИБЗОДА,
сардори шуъбаи магистратураи Академия,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент