ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ОБИ ТОЗА
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Дар дунё касе инкор карда наметавонад, ки об дар ҳастии инсоният дури гаронбаҳост, зеро об ин худи ҳаёт аст, об ин рушд, тараққиёт, пешрафт ва об ин ояндаи ободу осудаи наслҳои нав мебошад. Мову Шумо вазифадорем, ки ба хотири амалӣ гаштани ҳамаи ин шиорҳо ҷидду ҷаҳди хешро дареғ надорем.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули 30 соли соҳибистиқлолии хеш тавонист, бо барқарор намудани муносибатҳои судманд бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ марҳила ба марҳила мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам гардонад. Кишвари мо дар ин марҳилаи начандон тӯлонии таърихӣ бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, обрӯ ва эътибори хешро боло бурд, ҳамкориҳои судмандро таҳкиму густариш бахшид ва то имрӯз бо аксари давлатҳои ҷаҳон равобити хубу манфиатовар ба роҳ мондааст.
Ҳаёту ҳастӣ ва тарзи сукунати зисту афзоиши тамоми мавҷудоти зиндаи рӯи Замин, алалхусус одам низ ба об, ба ин манбаву сарчашма ва мӯъҷизаи асрорангези табиат вобаста мебошад. Табиист, ки имрӯзҳо дар сар то сари ҷаҳон сарфакорӣ нисбат ба истифодаи об дар сатҳи лозима қарор нагирифтааст ва вобаста ба ин аҳли одамони сайёраро зарур аст, ки ба оби тозаи нӯшокӣ эҳтиёткорона муносибат кунанд ва аз ҷиҳати экологӣ чашмаҳо ва ҳавзҳоро тоза нигоҳ доранд.
Имрӯз мамлакати моро дар ҷаҳон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хубӣ мешиносанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба обро дар чорчӯбӣ рӯзномаи глобалӣ фаъолона пеш мебарад. Бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар Маҷмаи кулли Созмони Миллали Муттаҳид Соли байналмилалии оби ошомиданӣ (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (2005-2015) ва Соли байналмилалии Ҳамкорӣ дар соҳаи обро (2013) эълон кард.
Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили мубрами ҷаҳони имрӯза нақши созанда ва саҳми шоиста гузошта, ба афзудани обрӯ ва нуфузи кишвари соҳибистиқлоли мо дар анҷумани давлатҳои мутамаддин мусоидат намуданд. Дар баробари ин, ташаббусҳои мазкур боис гаштанд, ки шахсияти сиёсии Президенти Тоҷикистон дар доираҳои сиёсии ҷаҳон ва миёни кишварҳои хурду бузурги сайёраи мо ҳамчун сарвар ва пешвое шинохта шавад, ки дар сиёсат ва корсозиҳои хирадмандонааш миёни арзишу ормонҳои миллии кишвараш ва ниёзҳои дунёи муосир таносуб ва тавозуни оқилона эҷод намудааст.
Имрӯз кишвари мо барои амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор cолҳои 2018-2028“ ҷидду ҷаҳд менамояд. Дар ин ҷода мусоидат ба татбиқи фарогири даҳсолаи мазкур, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, яке аз вазифаҳои муҳими давраи наздик ба шумор меравад.
Саидакрам ИБРОҲИМОВ,
сармутахассиси шуъбаи магистратура
оид ба таълими Академия