ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Мавлоназаров

Таъмини амнияти иттилоотӣ имрӯз ба масъалаи муҳимми сиёсати давлатӣ табдил шуда, суботу устувории ҳукуматҳо ва амнияти миллии давлатҳо ба он вобастагии зич пайдо кардааст. Дар шароити муосир таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои истиқлоли сиёсии хеш аст, масъалаи калидӣ ба ҳисоб меравад.

 

Аз аввалҳои солҳои 2000-ум бо ташабуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо як қатор санадҳои муҳимро дар самти таъмини амнияти иттилооти кишвар ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилооткунонӣ” (аз 06.08.2001), Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон “Дар бораи иттиллоот” (аз 10.05.2002), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иттилоотӣ” (аз 02.12.2002), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи имзои электронии рақамӣ” (аз 30.07.2007), Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон “Дар бораи ФОҶ” (аз 15.03.2011), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи криптография” (03.12.2012), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бори матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” (аз 19.03.2013), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ” (аз 26.06.2014), Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 07.11.2003(5), Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз (30.04.2008) ва ғайра аз санадҳои муҳиме мебошанд, ки дар робита ба ҳифз ва таъмини амнияти иттилоотӣ ба тасвиб расиданд.

 

Дар айни замон иттилоот дар тамоми соҳаҳо нақши калидӣ пайдо карда, ҳамчун воситаи муҳимми таъсиргузории сиёсӣ барои давлатҳо нақши сарнавиштсоз дорад. Дар ин росто мутаассифона таҳдиди гурӯҳҳои экстремистӣ ва ифротгаро ҳамарӯза ба ҳаёти мо бештар гардида истодаанд. Сабаби аслӣ дар он аст, ки онҳо дар фазои иттилоотӣ фаъолияти густурдаро ба роҳ монда, ба ин васила ба тафаккури ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Таассуфовар аст, ки гурӯҳе аз инсонҳо, бинобар паст будани маърифати динӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба ақидаҳои ин гурӯҳҳои тундрав ҳамроҳ мешаванд. Ҷои нигаронист, ки имрӯз бархе аз ҷавонони миллати мо низ фирефтаи дасисаҳои душманони хориҷӣ гардида, аз манфиатҳои миллию давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои маънавию фарҳангӣ даст кашида ба роҳи торику нопайдо равона шуда, худро дар гирдоби бозиҳои абрқудратҳо ғарқ сохтаанд.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир пайваста таъкид месозанд, ки дар шароити рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.

 

Рушди босуръати интернет ва авҷ гирифтани ҷангҳои иттилоотӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ, зуҳури ҳар гуна ҳаракату ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дар минтақа ва ҷаҳон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мушкилоте мебошанд, ки соҳибандешаи ватаниро водор менамоянд, то атрофи хатару таҳдидҳои онҳо ба амнияти миллӣ ва ояндаи давлату миллати хеш аз нигоҳи илмӣ ва воқеоти амалӣ ибрози назар кунад. Дар оғози асри XXI дар системаи сиёсии ҷаҳон давлате вуҷуд надорад, ки шаҳрвандонаш корбари фазои маҷозӣ набошанд. Ҳоло дар ҷаҳон як қатор шабакаҳои иҷтимоие, ба монанди Facebook, Youtube, Instagram, Twitter, Telegram, imo, Google, Viber, Одноклассники, ВКонтакте ва ғайра ба вуҷуд омадаанд, ки ҳамарӯза ба онҳо одамони бисёре ворид гардида, бештари вақти худро дар фазои маҷозӣ мегузаронанд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки фазои маҷозӣ ё худ интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро бо назардошти имконот, қудрат, таҳдид, ҳуҷум ва ҳимоя мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем:

 

Воқеан, пайдоиши интернет ва ташаккули фазои маҷозӣ дар тамоми паҳлуҳои ҳаёти инсоният дигаргуниҳои ҷиддиеро ба вуҷуд овард. Дастрасӣ ба иттилоот ба воситаи интернет дар фазо ва вақти ягона, беҳтар намудани сатҳи ҷаҳонбинии шахс, ба вуҷуд омадани ҳар гуна хизматрасониҳои иҷтимоиву иқтисодӣ аз муҳимтарин имконоти фазои маҷозӣ мебошад.

 

Дар замони ҳозира нақши воситаҳои иттилоотӣ – телевизион, радио, матбуот, фазои интернетӣ хеле зиёд гардида, таъсири онҳо ба аҳли ҷомеа бештар эҳсос мешавад. Дар ин замина, махсусан ташаккул додани ҷаҳонбинӣ ва шуури миллии ҷавонон аҳамияти хосса касб менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат як қатор тадбирҳо андешидааст, ки дар роҳи пешгирии ҳар гуна хатарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба амнияти давлат мусоидат менамояд.

 

Зарурат ва муҳиммияти таъмини амнияти иттилоотӣ бо дарназардошти ду тамоюлот асоснок карда мешавад: якум, вобаста ба рушди технологияҳои иттилоотӣ, технологияҳои компютерӣ ва тавсеаи шабакаи интернет; дуюм, вобаста ба рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ. Ба ибораи дигар, чи қадаре ки технологияҳои иттилоотию компютерӣ рушд намоянд ва миқёси истифодабарии интернет васеъ гардад, ҳамон қадар хавфу хатари ба амал баровардани ҷангҳои иттилоотӣ ва зиёд шудани ҳуҷумҳои иттилоотӣ меафзояд.

 

Истифода гардидани интернет ва воситаҳои технологӣ аз ҷониби гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва ба ин васила ҷалби қишрҳои муайян ба радифҳои худ заруратеро пеш овардааст, ки амнияти иттилоотӣ беш аз ҳар вақта таъмин шавад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки шабакаҳои иҷтимоӣ омили асосии пайвастани гурӯҳҳои гуногун, хусусан, ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ гардидаанд.

 

Махсусан, манъ намудани фаъолияти сомонаҳои як қатор ташкилотҳои террористию экстремистӣ, ба монанди “Ҳизб наҳзати ислом”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ихвон-ул-муслимин”, “Паймони миллии Тоҷикистон” ва ғайра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин тадбирҳо дар роҳи мубориза бо чунин гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистии замони муосир мебошад.

 

Масъалаи пайвастани ҷавонон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасад, ки барои пешгирии чунин раванд андешидани чунин тадбирҳои огоҳона бамаврид ва саривақтӣ аст.

 

Ҳамин тариқ, дар даврони соҳибистиқлолӣ амнияти иттилоотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи таъмини амнияти миллӣ ба шумор рафта, сатҳу сифати ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои миллиро муайян намуд.

 

С.С.МАВЛОНАЗАРОВ,

мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ

 ва амнияти иттилоотии Академия

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Похожие записи