ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ МУҲОҶИРАТ ДАР ДУНЁ ВА МУҲОҶИРАТИ ТОҶИКОН

photo_2021-05-29_08-48-16

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи идоракунии молияи давлатӣ таҳти унвони “Таърихи пайдоиши муҳоҷират дар дунё ва муҳоҷирати тоҷикон” мизи мудаввар доир гардид.

 

Нахуст мудири кафедраи идоракунии молияи давлатӣ н.и.и., дотсент Досиев М.Н. баромад намуда, доир ба масъалаҳои муҳоҷират, равандҳои афзоишёбандаи он, сифатану миқдоран муайян кардани он, интихоби сиёсати давлатӣ ва барои рушди ҷомеа равона кардани он, ҳавасманд намудани муҳоҷирон ва диаспораҳо дар тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва нисбати бисёр ҷараёнҳои дигари он, инчунин аз хусуси назари олимону таҷрибадорони кишварҳои гуногун ибрози ақида намуд.

 

Ҳамзамон, устоди кафедра, н.и.и., дотсент  Бобоев А.А. дар мавзӯи “Таърихи пайдоиши муҳоҷират дар дунё ва муҳоҷирати тоҷикон” андешаронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки муҳоҷирати аҳолӣ аз давраи пайдоиши инсон дар ин олам ба вуҷуд омадааст ва як падидаи ниҳоят душвор мебошад, зеро ҳар як муҳоҷир барои сафар кардан мақсаду мароми махсус ва шароиту омилҳои гуногун дорад.

 

Дар адабиёти илми демография чандин солҳо боз баҳсу мунозира оид ба муҳоҷират, шаклҳои он, мазмун ва муносибати муҳоҷират ба дигар шаклҳои ҷойивазкунии аҳолӣ ва доир ба дигар масъалаҳои баҳсталаб фикру ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд.

 

-“Мафҳуми «муҳоҷирати аҳолӣ» дар шакли маънидод кардани он бо роҳи омӯзиши моҳияти худи муҳоҷират доимо такмил меёбад. Олими англис Э. Г. Равенштейн муаллифи яке аз аввалин таҳқиқотҳои назариявии бунёдӣ дар соҳаи муҳоҷират мебошад, ки онро солҳои 1885-1889 гузаронидааст. Равандҳои муҳоҷиратро дар ҳудуди Британияи Кабир ва Амрикои Шимолӣ омӯхта, Равенштейн муқаррароти ёздаҳ қонуни муҳоҷиратро ба амал овард, ки онҳо дар оянда ҳамчун таҳкурсии назариявии ӯ нисбати масъалаҳои муҳоҷирати аҳолӣ истифода бурда мешуданд.” –иброз дошт ӯ.

 

Аз рӯи ӯ баҳодиҳии тахминӣ дар ҷаҳон ба шаклҳои гуногуни муҳоҷират ҳамасола тақрибан 23%-и аҳолӣ ҷалб мешавад. Дар баъзе кишварҳо ин адад бештар буданаш аз эҳтимол дур нест, масалан, дар ИМА танҳо дар муҳоҷирати дохилӣ ҳар сол то 15%-и аҳолӣ иштирок мекунад, дар Русия ин рақам тақрибан 3% -ро ташкил медиҳад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ин рақам тақрибан 10%-и аҳолиро дар бар мегирад.

 

Дар фарҷом мудири кафедра н.и.и., дотсент Досиев М.Н. суханронӣ намуда, баъзе масъалаҳои ба муҳоҷирати меҳнатӣ дахлдоштаро зикр кард.

 

Чорабинӣ хотирмон анҷом пазируфт.

Похожие записи