ТАЪСИСИ УНВОНУ ҶОИЗАҲО ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

original

Сарфи назар аз душвориҳои давраи гузариш, дар Тоҷикистони соҳибистиклол шаклу усулҳои муфиди баланд бардоштани мақоми шахс ва ҳавасмандии он пайдо гардиданд. Чунин ҳавасмандкуниҳо ба сину сол вабаста набуда, пеш аз ҳама ба натиҷаи кори пурсамари илмӣ – эҷодӣ ва меҳнати пурсамари шахс вобастагӣ дорад. Таъсис дода шудани унвонҳои баланди илмӣ – эҷодӣ дар ҳама соҳаҳои муҳимми кишвар дар давраи истиқлолият шаҳодати тантанаи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ буда, дорои аҳмияти таърихӣ мебошад.

Аз лиҳози маънавӣ ҳавасманд намудани шаҳрвандон яке аз омилҳои муҳимми пешравии ҷомеа ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо мебошад. То имрӯз унвонҳои бузург ба он шахсиятҳое дода шудааст, ки хизмати онҳо дар назди ватану миллати тоҷик, билохира барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон хело бузург мебошад. Аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолӣ унвони олӣ, “Қаҳрамони Тоҷикистон” таъсис шуда, ба шахсиятҳое дода шудааст, ки дар ҳақиқат барои ватану миллат хизматҳои шоёне намудаанд, ки дар саҳифаҳои таърихи миллатамон сабт шуда, барои насли имрӯзаю оянда шоёни таҳсин мебошад. Аз зумра шахсиятҳое, ки бори аввал дар кишварамон унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон”-ро гирифтанд, инҳо Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур мебошанд.

Барои хизматҳои бузург ва фидокориҳо дар поягузории истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи тамаддун ва худшиносии миллӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомаалӣ Раҳмон аз 8 сентябри соли 1997 ба фарзанди бошарафи халқи тоҷик Садриддин Айнӣ унвони олии “Қаҳрамони Точикистон” дода шуд. Дар баробари устод Садриддин Айнӣ ҳамчунин бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 8 сентябри соли 1997 барои хизматҳои бузург ва фидокориҳояш ба поягузори истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи тамаддун ва худшиноси миллӣ ба фарзанди бошарафи халқи тоҷик Бобочон Ғафуров унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд. Бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корнамоиҳои беназирашон дар роҳи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, демократкунони ҷомеа, таъмини тамомияти арзӣ, пойдории давлат ва хизмати содиқаш ба милату ватан, бо унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд. Бояд қайд намуд, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 майи соли 2001 барои хизматҳо бузург ва матонат дар бунёди пояҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи адабиёт, фарҳанг ва тарғиби ғояҳои сулҳу дӯстии халқҳо ва густариши нуфузи байналхалқии Тоҷикистон, ба фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Мирзо Турсунзода унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода мешавад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 27 июни соли 2006 қайд шудааст: Барои фаъолияти бунёдкоронаи давлатдорӣ ва хизматҳои бузург дар поягузории истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик Нусратулло Махсум (Лутфуллоев Нусратулло) унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд. Ҳамчунин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 27 июни соли 2006 Шириншоҳ Шоҳтемур – фарзанди барӯманди халқи тоҷик барои фаъолияти бунёдкоронаи давлатдорӣ ва хизматҳои бузургаш дар поягузории истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони олии “Қаҳрамони Точикистон” сарфароз гардонида шудаст, ки ин ҳам бошад қадрдони намудани Пешвои муаззами миллат нисбат ба арбобони сиёсӣ ва ходимони илмие, ки барои таъсиси Тоҷикистон, инкишоф ва пешрафти он хизматҳои бузург намудаанд. Ҳамчунин, дар баробари унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дар даврони соҳибистиқлолӣ якчанд унвону ҷоизаҳо ба монанди ҷоиза ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Исмоили Сомонӣ ва ҳамчунин унвонҳои “Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғайраҳо таъсис дода шудааст, ки ба ин васила сафи эҷодкорон, хусусан аз ҳисоби ҷавонон сол то сол меафзояд.

Чуноне қайд намудем, чунин ҳавасмандиҳо ба сину сол вобаста набуда, пеш аз ҳама, ба натиҷаи кори илмию эҷодӣ ва меҳнатӣ пурсамари шахс вобаста мебошад. Бинобар он, ҳар сол дар арафаи ҷашни Истиқлолият бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даҳҳо намояндагони касбу кори гуногуни хоҷагии халқ барои хизматҳояшон дар самти пешрафту тараққиёт ва обод намудани ин сарзамин, мукофотонида мешаванд. Ҳамин тавр, мо мардуми шарифи кишварро мебояд ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат содиқона барои пешрафти кишвари азизамон хизмат намоем.

Ҳасан САТТОРЗОДА,

магистранти Академия

Похожие записи