ТАЪСИСИ 4 ПАЖӮҲИШГОҲ ДАР АКАДЕМИЯ
- Автор pscompany0107
- Категория - Хабарҳои академия, Конференсияҳо
Дар давоми ду сол дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 пажӯҳишгоҳ таъсис дода шуд, ки онҳо фаъолияти назаррас доранд. Дар назди пажӯҳишгоҳҳо марказҳои омӯзишии илмӣ-тадқиқотӣ амал менамоянд.
Дар соли 2020 дар доираи амалӣ намудани лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷилди якуми «Энсиклопедияи идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва барои чоп пешниҳод гардид. Инчунин, ҷилди III китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” нашр шуд.
Дар соли 2020 дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 курс баргузор гардид.