ТАҶРИБАИ СУЛҲОФАРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – САБАҚИ НОДИР

1594800673_prezident-jemomali-rahmon

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт барои бартараф кардани харобию хисороти он солҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд. Бадхоҳони Истиқлоли давлатӣ аз ибтидо ин мақсадро дар пеши худ гузошта, тавонистанд миёни мардум фитнаи бузург барпо намуда, оташи ҷанги шаҳрвандиро дучанд афрузанд. Дар натиҷа бародар бар муқобили бародар яроқ гирифта, оилаи худро парешону саргардон сохт. Ин буд, ки баробари ба уҳда гирифтани масъулияти роҳбарӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаи барқарорсозии сулҳу истиқлоли давлатӣ ва гузашту ҳамдигарбахширо дар мадди аввали сиёсати хеш қарор дод.

 

Бо ин мақсад фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз қабули қонунҳои Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи авфи умумӣ” ва “Дар бораи гурезаҳо” шуруъ гардид, чунки дар назди халқи бузурги Тоҷикистон савганд ёд карда буд, ки агар лозим шавад, бар ивази ҷон сулҳу оромиро дар кишвари азизамон барқарор месозам. Ин нукта басо ҳассос ва инсондӯстона аст, чунки дар замоне, ки ҷанги шаҳрвандӣ пайкари Ватан месӯхт, бар зимма гирифтани масъулияти роҳбарӣ ва наҷоти давлат кори басо мушкил буд.

 

Ҳаводиси мудҳиши фазои Ватанро фарогирифта то дараҷае тоқатфарсо буд, ки бисёриҳо на танҳо масъулияти сарварии давлат, балки ҳатто масъулияти роҳбарии вазорату идораҳои давлатиро низ ба зимма гирифтан намехостанд, чунки онҳо шояд эҳсос мекарданд, ки тарроҳони ин нооромиҳо барои пароканда кардани марзи кишвар нақшаҳои бисёр ҷиддӣ доранд. Аз ин рӯ, дар нахустин рӯзҳои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи ҳифзи тамомияти арзӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа буд, зеро дар он рӯзҳои мудҳиш баъзе неруҳои дохилӣ ва хориҷӣ аллакай нақшаи тақсими ҳудуди кишвар ба воҳидҳои ҷудогонаро доштанд.

 

Хотирнишон бояд намуд, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали ба сари ҳокимият омадан то ибтидои солҳои 2000-ум талошҳои хешро бештар барои ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони бурунмарзӣ равона сохта, ҷиҳати амалинамоии савганди додаашон халқи парешонгаштаро аз масофаҳои даҳҳо ва ҳазорҳо фарсах дуриҳо ба манзилгоҳашон оварданд. Аз ин миён 197 ҳазор нафари онҳо аз қаламрави ҷумҳуриҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, 51 ҳазор нафарашон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва 697 ҳазор нафари дигар аз вилояту манотиқи дохили ҷумҳурӣ ба манзилҳои доимиашон баргаштанд.

 

Таҷрибаи давлатдории имрӯза нишон медиҳад, ки бидуни доштани низоми мукаммали идорӣ ва рукнҳои давлатдории миллӣ пойдорӣ ва ҳифзи давлат ғайриимкон аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мебоист ҷиҳати ҳифзи марзу бум ва нигоҳ доштани мероси бойи миллии тоҷикзамин дар самти барқарорсозии рукнҳои давлатдории миллӣ ба арзишҳои милливу маданӣ такя намуда, ба Нишону Парчам ва Суруди миллии Тоҷикистон қувваи ҳуқуқӣ бахшанд. Дар ин росто, дере нагузашта, нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол низ қабул гардид, ки бо шарофати он ислоҳоти сиёсии Тоҷикистон заминаи ташкилӣ-ҳуқуқии хешро пайдо ва мустаҳкам сохт. Бо қонуникунонии ин ҳама арзишот кишвари моро абарқудратони роҳи сиёсат ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ эътироф ва халқи тоҷикро бо сарварии ин марди бузурги сиёсат шинохтанд.

 

Дар арсаи сиёсат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шахсияти сулҳофару бунёдгузор мешиносанду эътироф мекунанд.

 

Шукрона РАҶАБОВА,

муовини директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ

 дар Тоҷикистон

Похожие записи