ТЕРРОРИЗМ – ВАБОИ АСР

Дар замони муосир мо – сокинони сайёра калимаҳои терроризму экстремизмро мешунавему ҳодисаҳои нохуш, қатлу ғорат, ноадолатӣ, вайронкорӣ ва кинаву адоватро тасаввур мекунем.

 

Воқеан, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли имрўз яке аз масъалаҳои доғи рӯз ин зуҳури терроризму экстремизм ба ҳисоб меравад, ки он дар шароити ҷомеаи муосир як қатор кишварҳои оламро фаро гирифтааст, ки натиҷаи он шаҳру деҳоти зиёдро, ки ободу шукуфон буданд, ба харобазору вайрона табдил додааст.

 

Дар давоми 20-30 соли охир амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ доираи васеи мамалакатҳои ҷаҳонро фаро гирифта, хатари терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср аз таъсири яроқу аслиҳаи атомӣ ҳам зиёдтару даҳшатноктар гардидааст.

 

Кушторҳои бераҳмонаю ҳаводиси даҳшатбори террористӣ сокинони сайёраро дар ҳоли нигаронӣ қарор дода, таҳдиди хатарҳо ба аҳли башар ҳамоно домангири ҷаҳони муосир гардидааст. Дар ҷаҳони имрӯза кишваре нест, ки аз таъсири гурӯҳои террористӣ дар олам нигарон набошад.

 

Имрӯз аз ҳодисаҳои харобиовари давлатҳои Шарқи Наздик бавуҷудомада хулоса баровардан мумкин аст, ки васеъ гардидани амалиётҳои террористӣ ва умуман терроризми байналхалқӣ ин маҳсули давлатҳои манфиатдори ҷаҳон бо мақсади пиёда намудани ҳадафҳои геополитикии худ мебошад. Ин давлатҳо бо мақсади фароҳам овардани “Озодиву демократия”, баҳонаи барҳам додани “Диктаторҳо“, кофтукови беасоси яроқи химиявӣ дар ин кишварҳо оташи ҷангро аланга андохта, дар заминаи ин нобасомониҳо боигарии ин кишварҳоро ба манфиати давлатҳои худ истифода бурда истодаанд.

 

Мақсади террористон ноором сохтани вазъи сиёсӣ, тухми кинаву адоват коштан дар қалбҳои одамон, паст намудани мавқеъ ва эътибори давлат дар арсаи байналхалқӣ ва ба вуҷуд овардани бесарусомониҳо мебошад.

 

Барои пойдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азизамон яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ин дар замири ҷавонон тарбия кардани ҳисси ватанхоҳиву меҳанпарастӣ мебошад. Мо – ҷавонони Тоҷикистон, бояд ҳамеша барои оромиву ободии кишварамон ҳаракат кунем. Ҳар як фарди ватанхоҳу меҳанпараст бояд амалҳои некро ба анҷом расонад, ба ҳамагон кумак кунад ва бар зидди амалҳои номатлуб, ба монанди терроризму экстремизм мубориза барад. Чун сиёсати созандаи Тоҷикистон ба он нигаронида шудааст, ки тамоми гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ пурра несту нобуд карда шаванду халқи тоҷик дар фазои оромиву осудагӣ зиндагӣ кунад.

 

Мубориза бо таҳдидҳои замони муосир аз қабили терроризм ва экстремизм фаъолияти ҳамагон аст ва мо бояд дастаҷамъона Ватани азизамонро аз ин вабо ҳифз намоем.

 

Шодоб ХОЛИҚОВ,

ходими хурди илмии

Пажӯҳишгоҳи идоракунии

давлатӣ ва хизмати давлатии Академия

Похожие записи