ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ –ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

IMG_5530

Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад.

 

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш –таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Дар ҳақиқат терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ба сифати гарав ва амсоли инҳо дониста мешаванд.

Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар, оқибати экстремизм терроризм аст. Вале, ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем, ин ҳар ду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар дорад.

Дар ҷомеаи муосир равандҳои геополитикӣ ва бо шиддат тағйир ёфтани авзои ҷаҳон, ба амал омадани даргириҳо ва таҳдиду хатарҳои гурӯҳҳои террористиву радикалӣ ҳар яки моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро ҳифз намоему баҳри дифои марзу буми Ватани азизамон омодаи хизмат бошем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояш пайваста қайд мекунад, ки: “Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кумак расонида, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст”.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

Ҳар як фарди солимфикри кишвари азизамон бояд дарк намояд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ беҳтарин сармояи зиндагии мост. Маҳз, сарчашмаи ҳамаи рушд ва пешрафти кишвари маҳбубамон аз Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ сарчашма гирифта, имрӯз мардум дорои ҳаёти осоиштаву амн мебошанд.

Халқи тоҷик баъди ҷанги шаҳрвандӣ хуб ҳис намудаанд, ки душманону бадхоҳони миллат бо ҳар роҳу восила мехоҳанд теша ба решаи миллати куҳанбунёди мо бизананд. Онҳо мисли морҳои заҳрдор ҳар лаҳза мехоҳанд ба ҷомеаи мо, ба сулҳу суботи кишвар неш зананд. Аммо симои аҳримании душманони миллатро халқ ба хубӣ медонад ва ба гуфтаҳояшон эътимод надорад. Онҳо нафарони беҳиммате ҳастанд, ки дар замирашон зарраи ҳувият ва номус вуҷуд надорад.

Мо, ҷавонон, ҳамеша бо суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, барои ҳифзи ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ намоем.

Мо баҳри ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони азиз омода буда, дар муқобили ҳама гуна афроди бадандеш истода, сади роҳи онҳо хоҳем гардид ва ба ҳамагуна зуҳуроти номатлуб ҷавоби дандоншикан хоҳем дод.

 

Зокирҷон МАҲМУДОВ,

магистранти Академия

Похожие записи