ТОҶИКИСТОНИ ОБОДУ ЗЕБО – НАТИҶАИ 30 СОЛИ ЗАҲМАТУ ТАЛОШҲОИ МИЛЛАТ

Раҷабов Мухтор (3)

Соли ҷорӣ барои мардуми сарбаланд ва шарафманди Тоҷикистон соли пурнишот ва фаромушнашаванда ба ҳисоб меравад. Тантанаҳои ҷашнӣ ва шодию нишоти ҷомеаи тоҷикистонӣ баҳри истиқбол аз 30-юми солгарди Истиқлоли давлатии кишварамон ҳанӯз аз солҳои қабл шуруъ гардида, рӯз аз рӯз вусъати тоза ба худ касб намуда истодаанд.

 

Тантанаҳои ҷашнӣ ва шукӯҳу нишоти сокинони кишвар дар 30-солагии Истиқлолӣ давлат шаҳодати он аст, ки мардуми сарбаланди тоҷик дастовардҳои 30 соли худро ҷашн мегиранд ва аз истиқлолу озодӣ ва сулҳу суботи Ватани маҳбубамон меболанд. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе таъкид намуданд: “Бо ифтихору хушҳолии зиёд иброз медорам, ки ин ҷашни сарнавиштсозро тамоми сокинони мамлакат чанд рӯз инҷониб дар фазои сулҳу субот, бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ва қаноатмандиву шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таҷлил карда истодаанд. Ин рӯзи муборак, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад… Сабақи муҳимтарини солҳои вазнини ҳаёти халқамон аз он иборат аст, ки амалӣ шудани нияту орзуи ҳар як сокини мамлакат, пешрафти давлат ва ободии Ватан танҳо дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир мебошад”.

 

Шукӯҳу фараҳ ва руҳи болидаи мардуми кишвар дар садади истиқболи Истиқлоли давлатӣ бори дигар гувоҳ аз он дод, ки барои мардуми шарафманду сарбаланд ва фарҳангсолору тамаддунсози тоҷик соҳибистиқлолию озодагӣ неъмати бузургтарину бебаҳо, рамзи ҳастии миллат ва чароғи раҳнамо ба сӯи фардои осудаву обод ба ҳисоб меравад. Бо дарки ҳамин дар тамоми манотиқи кишвар мардуми заҳматкаш ва пурталоши тоҷик ба истиқболи сазовори ҷашни пурифтихори Истиқлоли давлатӣ меҳнати сазовор аз худ нишон додаанд. Раванди ободонӣ ва созандагиҳо баҳри истиқболи 30-юмин солгарди ҷашни пуршукӯҳи Истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти халқи сарбаландамон як марҳалаи рӯҳбаландии бесобиқаро ба миён овард. Мо ҳамарӯза шоҳид гардида истодаем, ки дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар хурду бузург дар роҳи боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани азизамон илҳому неруи тоза гирифта, мекӯшанд, дар хуррамгардонӣ ва пешрафти маҳали худ саҳми босазо гузоранд. Мардуми сарбаланд ва шарафманди кишвари азизамон дар фазои сулҳу суботи комил ва рӯҳияи баланди ватандорӣ тамоми саъю талоши худро ҷиҳати бо дастовардҳои арзанда таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ сафарбар сохта, кӯшиш намуданд, ки дар ин соли барои Тоҷикистони маҳбубамон таърихӣ бо заҳматҳои хеш бетараф набошанд.

 

Халқи ватандӯсту ободгари тоҷик барои ободии Ватан тамоми имконият ва саъю талоши худро сафарбар намудаанд. Натиҷааш ин шуд, ки дар чанд соли охир симои кишвари азизамон аз шаҳри Душанбе сар карда, то дурдастарин деҳаҳо ба таври куллӣ дигаргун шавад. Ҳоло дар тамоми манотиқи кишвар сатҳу сифати зиндагии мардум боло рафта, мушкилоти иҷтимоии сокинон бартараф гардидааст. Чуноне ҳамагон шоҳид ҳастем, дар чанд моҳи охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои хеш ба шаҳру навоҳии кишвар як қатор роҳу корхонаҳо, иншооти маишӣ, муассисаҳои таълимӣ, боғу гулгашт ва ғайраро ба истифода дода, ба ин восита сатҳи некӯаҳолии мардумро боз ҳам беҳтар намуда истодаанд. Чуноне Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш бо сокинони сарбаланду заҳматдӯсти водии Рашт иброз доштанд: “Тибқи нақшаи корҳои бунёдкориву ободонӣ дар ҳамаи ноҳияҳои водӣ, дар маҷмӯъ, сохтмони қариб 1000 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ бо харҷи 445 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида буд ва то имрӯз корҳо дар 880 иншоот ба анҷом расонида шудаанд… Ҳоло корҳо доир ба бунёди иншооти боқимондаи тибқи нақшаи чорабиниҳо пешбинигардида идома доранд ва итминон дорам, ки дар муҳлатҳои наздиктарин ба анҷом расонида мешаванд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои минтақа аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 6,6 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ба ноҳияи Нуробод 2,2 миллиард, Рашт 1,5 миллиард, Сангвор 914 миллион, Лахш 1,2 миллиард ва Тоҷикобод 787 миллион сомонӣ равона шудааст”.

 

Танҳо дар як водии Рашт ба истифода додани 880 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ далолат аз он мекунад, ки агар аз як тараф навоҳӣ зебову обод гашта бошад, аз тарафи дигар зиндагии мардум беҳу хуб гардидааст. Зеро дар натиҷаи бунёд ва ба истифода додани иншоотҳои мазкур садҳо нафар соҳиби ҷои кори муваққатию доимӣ шуда, хароҷоти хешро рӯпуш месозанд.

 

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳатто дар дурдасттарин навоҳии кишвар корхонаҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ омили таъмин намудани тараққиёт ва ба бозори дохиливу хориҷӣ ба фурӯш баровардани маҳсулоти хушсифати  ватанӣ гардидааст. Аз ҷумла, чуноне Роҳбари давлат зимни сафари хеш ба ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ иброз доштанд: “Ҳоло дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз 11 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки шумораи кормандони онҳо беш аз 400 нафарро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия аз 5,6 миллион сомонии соли 1996 ба 91 миллион сомонӣ дар соли 2020 расонида шудааст, яъне 16 баробар афзудааст. Танҳо дар 8 моҳи соли 2021 дар ноҳияи Дарвоз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 баробар афзоиш ёфтааст, ки ин нишондиҳанда мисоли бесобиқаи рушди саноат дар ноҳияи дурдасти кӯҳӣ мебошад. Дар ноҳияи Ванҷ 9 корхонаи саноатӣ бо 165 корманд ба қайд гирифта шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин ноҳия аз 3,9 миллион сомонии соли 1996 ба 7,7 миллион сомонӣ дар соли 2020 расонида шудааст, ки ду баробар зиёд мебошад”.

 

Ҳамин тавр, марҳила ба марҳила ва давра ба давра дар тамоми манотиқи кишвар бо харҷи миллиардҳо сомонӣ ободониҳо сурат гирифта, дар зарфи 30 сол Тоҷикистони маҳбубамон ба яке аз кишварҳои пешрафта мубаддал гардид. Аз ҷумла, чуноне аз сарчашмаҳо бармеояд дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон ба маблағи умумии зиёда аз 27,4 миллиард сомонӣ ҳазорҳо иншооти гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ бунёду азнавсозӣ шудаанд. Ҳамчунин Ҳукумати кишвар тайи солҳои соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилояти Суғд беш аз 48 миллиард сомонӣ равона намудааст.

 

Мо дар ҳар сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии кишвар шоҳиди натиҷаву талоши 30-солаи миллати тоҷикро дар фазои сулҳу субот ва истиқлолу озодӣ дида истодаем. Соли ҷорӣ мо шоҳид гардидем, ки заҳматҳои хастанопазири халқи тоҷик давоми 30 сол самарааш он гардид, ки кишвари азизамон ба яке аз давлатҳои пешрафта, обод, зебо ва тараққикарда табдил ёбад.

 

Моро мебояд, ки ба қадри ин неъмати муқаддасу арзишманд ва дастоварди нодири бузурги таърихиамон бирасем ва барои ҳимоя аз он тамоми қувваю неруи худро дареғ надорем. Бо ҳам, дар атрофи Сарвари хирадманди хеш сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиамон боз ҳам таҳким бахшем. Фаромуш насозем, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ кишвари мо ободу пешрафта гаридида, дар созмонҳои бонуфузтарини байналмилалӣ узвияти комилҳуқуқ пайдо намудааст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ моро мешиносанд ва пешниҳодҳои кишвари моро дастгирӣ менамояд.

 

Мухтор РАҶАБОВ,

муовини декан оид ба таълими

факултети идоракунии давлатии Академия

Похожие записи