ТУФОННАБАРДИ РОҲНАМО БА СОҲИЛИ МУРОД

235783811_2174380056059204_5455643812796410242_n

Ниёгони тоҷикон бо гузашти таърих, марҳилаҳои бунёдии давлатдориву давлатсозӣ, истиқлолдориву ҳимояи арзишҳои миллӣ ва решаҳои истиқлолхоҳиро ба умқи арзии миллати тоҷик ҷойгузин гардонида, дар тӯли таърих, дар сафҳаи муборизаҳо бо душманони миллат борҳо ба парокандагию парешонҳолӣ дучор омадааст. Вале бо таҳаммулпазирию дарки фаҳмиши инсонӣ, фарҳанги сулҳофарию созандагӣ рисолати хешро аз даст надода, атрофи мизи музокирот ҷамъ меомаданд ва бо андешаҳои ояндасоз барои пешрафти ояндаи хеш талош меварзиданд. Маҳз фарҳанги волои хирадсолорӣ ва бузургсолории ниёгон буд, ки дар марҳилаҳои таърихӣ тоҷикон соҳиби давлатҳои бузурги миллӣ шуда, озодии сиёсӣ, ҳайсияту ифтихори миллӣ, шуҳрату эътибори ҷаҳониро соҳиб гардидаанд.

 

Аҷри ин рисолат дар асолати давлатдории ниёгон дар барқарор ва нуфуз додани забони тоҷикӣ, аз байн бурдани разолати аҷнабиён ва рушди давлатдории миллии тоҷикон, эътибори давлатдорӣ, фарҳанг ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани абиёти бузургфарзандони миллат дар боздошти фарҳанги давлатдории миллӣ даҳо мисоли анҷуманороию мусолиҳаомезии тоҷикон мебошад.

 

Хотираи таърих собит месозад, ки халқи тоҷик дар марҳилаҳои давлатдорӣ борҳо ба фишангҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дучор омада, зери зулми бегонагон моликияташонро аз даст додаанд. Аммо боре манзалати хешро аз даст надода, бо муттаҳидию фарҳанги сулҳҷуёна мақом ва ҳайсияти фарҳанги давлатдории миллиро ҳифз намудаанд. Дар ин замина бо дар гузариш аз як сохтори марҳилавии ҷамъиятӣ ба сохтори ҷамъиятии дигар бо ҷамъомадҳои муфиду самарабахш мақсаду мароми худро роҳандозӣ карда, аз асолати давлатдории хеш ҳифз намуданд.

 

Тоҷикон дар марҳилаи гузариш ба сохтори нави ҷамъиятӣ аз ҷомеаи феодалӣ ба ҷомеаи содсиалистӣ бо таъсис ёфтани давлати нави Шуравӣ ба ҳангомаҳои нави ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва бархурди нави тамаддунҳо миёни манфиатҳои ғарбу шарқ дучор омада, зери фишори сиёсии халқиятҳои гуногун монда, сарзамини аҷдодӣ ва наздик буд, ному нишонро дар ин сарзамини паҳновари аҷдодӣ аз даст диҳад.

 

Аммо ҳисси худшиносӣ ва таҷрибаи мусолиҳаомезии ниёгон фарзонафарзандони миллатро ором нагузошта, бо маром баҳри пойдор ва ҷовид мондани миллат мубориза бурданд.

 

Дар чунин даврони тақдирсози Шӯравӣ гурӯҳи зиёиёни ватанпараст, чанде аз шахсиятҳои сиёсию ҳизбӣ ба хотири таъмини манфиатҳои тоҷикону Тоҷикистон талоши фаъолона варзиданд, ки таҷрибаи баҳамойию анҷуманороии босамар, далелҳои дақиқу андешаҳои созандаву боҷуръатонаи ин фарзандони сарсупурда дар вуруди таърих ба таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1929 мусоидат намуд. Дар он замон низ барои халқи тоҷик ҳассосияти фарогири сиёсӣ қарор дошт, дар баробари халқҳои дар ҳамсоягӣ қарор дошта, дастоварди нодир дониста шуда, рисолати таърихӣ дар ҷодаи давлатдорӣ дошт.

 

Ҳар як марҳилаи таърихӣ дар остонаи асри навин гузариш аз як аср ба асри дигар хотираҳо ва бархӯрдҳои мусбию манфии худро дорад, ки ҳар як халқи бедордилро водор мекунад, бо зеҳни созанда ва тафаккури солим худро эмин нигоҳ дорад. Халқи тоҷик ҳангоми пош хурдани ҳокимияти Шӯравӣ дар даҳсолаи охири асри XX дар қатори дигар халқиятҳои муттаҳид дар ғафлат монда, нуфузу эътибор ва наздик буд ному нишонашро аз даст диҳад.

 

Тоҷикон дар Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 24 август соли 1990 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Вале нуқтаҳои асосии эъломия дар амал татбиқ нашуданд. 31 августи соли 1991 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ба номи кишвар тағирот ворид шуда, ба ҷои ҶШС Тоҷикистон минбаъд Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шуд. 9 сентябри соли 1991 таъғйиру иловаҳо ба эъломия ворид шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии миллиро эълон кард ва бо қабули ин санаи таърихӣ тоҷикон дар харитаи сиёсии ҷаҳон бо номи кишвари мустақил Тоҷикистон шомил шуданд.

 

Аммо бо назардошти ба даст омадани ин дастоварди бузург, бо сабаби нобаробариҳои иҷтимоӣ ва ҷунбишҳои сиёсӣ ҷумҳуриро фаро гирифта, ҷамъиятҳо ва созмонҳои сиёсӣ пайдо шуда, барои халқи тоҷику тоҷикистониён ҷудоиву хунрезиро ба миён овард, ки ба ҷанги таҳмилии хонумонсӯз рӯ ба рӯ шуда, аз бузургтарин фоҷеаҳои милли маҳсуб меёфт. Халқи тоҷик пас аз ҷудоихоҳию парокандагии сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии соли 1924 бо назардошти хусусиятҳои фарқкунанда, дар охири қарни бист бори дигар тамъи талхи онро чашид. Ин фоҷеа барои миллат хисороти зиёди иқтисодӣ гузошта бошад, аммо хисороти инсонӣ, руҳию равонӣ ба маротиб бештар буд.

 

Дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромӯшнашаванда сабт шуда, дарси ибрати наслҳои имрӯзу оянда мебошад. Халқи тоҷик имтиҳони сахтеро пушти сар кард, ки дар он мизони одамият, садоқат, имон, ҷавонмарди ва ҳайсияти тамомии фарди миллатро мавриди санҷиш қарор гирифт. Дар робита ба мавзеъгирии вазъи ногувор, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ноумедии аҳли ҷомеа шоири ширинкалом Ашур Сафар ибораи маҳви ноумедиро ишора мекунад:

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,

Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад.  

Дар ин фоҷеаи барои миллат нанговар ҳазорҳо нафар ҷони худро бохта, ҳазорони дигар хонавайрону фирорӣ шуда, ба давлатҳои ҳамсоя паноҳ ҷустанд, ки хавфи ба фано рафтани миллати тоҷикро ба миён овард. Дар он замон нафаре на аз аҳли зиё ва на аз мардони роҳи сиёсат умеди оромии ватан ва якпорчагии миллату давлатро надошта, зуд-зуд таъин гардидани роҳбарони олии сиёсии кишвар ва муътадил наовардани вазъи бамаломада, нигаронии пиру барноро ба неруи созанда, ки миллати паҳну парешонгашта ва ҷонибҳои даргирро бо бахшандагию меҳрубонӣ, иттиҳодию якпорчагӣ даъват намояд, интизор буданд.

 

Баъди саъю талошҳои пайгирона ва маслиҳату машваратҳои зиёди қувваҳои солимфикри ҷомеа ниҳоят имконияти мусоид фароҳам омад. Вале дар авҷи даргириҳои хунин баргузории як анҷумани мусолиҳатомез барои ояндаи дурахшони давлату миллат, аз сари мардум бардоштани ғаму андӯҳ, ташкили фазои осоиштаи рӯзгор, ки орзуи хурду бузург буд, пойтахт фазои мутаасифу номусоиди сиёсӣ дошт. Тибқи далелҳои шоҳидони фоҷеа, кишвар ба воҳидҳо тақсим гардида, мардум дар зери андешаҳои носолими гурӯҳҳои ҷудоихоҳи мухолиф қарор доштанд. Роҳ ба суи пойтахт аз ҳар тараф баста шуда, вакилони мардумӣ, донишмандону зиёиён ва гурӯҳе аз солимфикрон ба пойтахти кишвар шаҳри Душанбе имкони ворид шуданро надоштанд. Бисёриҳо дар фикри эмин мондани ҷони хеш буда, андешаи сарҷамъӣ ва хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ, раҳоии мардум аз вазъи ногувори ба амаломадаро надошт.

 

Дар чунин вазъи муракаб, ки барои дурахшонии ояндаи давлату миллат зарур буд, Иҷлосияи XVI, даъвати XII, вакилони халқ, фаъолону донишмандон, ходимони илм, маданият, роҳбарони аҳзоби сиёсӣ, ҷунбишҳои мардумӣ, меҳмонони хориҷии аз кишварҳои ба мо дӯст, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар намояндагони ақалиятҳои миллиро сари мизи музокирот ҷамъ овард.

 

Дар Иҷлосия, ки тақдири ояндаи кишвар масъалагузорӣ мешуд, нисбат ба рӯзномаи иҷлосия баҳсу мунозираҳои зиёд сар зада, бештар ба оромиву амнияти халқ, суботкориву андешаи солим, даъвати даст бардоштани саркардагон аз силоҳ, халалдор накардани амнияти мардум, ба ҳам овардани мардуми парешонгашта, барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ, даъват ба таҳаммулгароиву хирадмандӣ, ҳамфикриву ҳамдигарфаҳмӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ, таъсиси комиссияи мусолиҳаи миллӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои мусбати ҳалли муноқишаҳои дохилӣ, авфи умум, тасдиқи нишон ва парчами давлат соҳибистиқлол аз масъалаҳои мубрамии Иҷлосия ҳисобида мешуд. Дар таърих, ин санаи бузургро бо номи “Иҷлосияи тақдирсоз” ном мебаранд, ки асоси воқеӣ дошта, пойдевори истиқлолияти кишварро то андозае мустаҳкам намуд ва умед ба ояндаи ҳастии Тоҷикистон пайдо шуд. Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард.

 

Иҷлосия, ки бо роҳи мусолиҳаомез фаъолият намуд, дар таърихи ояндаи давлатдории миллат умри дубора бахшид. Дар чунин вазъияти ҳассос, ки ба қавли мунақидону шоҳидон нафаре дунболи вазифа набуда, дар пайи раҳоии ҷони хеш буданд, барои мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол сарваре лозим буд, ки воқеан миллатдӯст, оқилу доно, хирадманд, ҳомии сулҳу ваҳдат бошаду манфиатҳои миллатро аз манфиатҳои қавму маҳал болотар донад.

 

Зеро аз интихоботи президентӣ (моҳи ноябри соли 1991) то даъвати иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моҳи ноябри соли 1992), силсилавоқеаҳои мудҳиш сар зада, хавфноктарин ва мудҳиштарин лаҳзаҳои ҳаёти халқи тоҷик дониста мешуд. Дар чунин вазъи барои миллат хавфнок интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омада буд. Дар баробари пешниҳоди дигар вакилони халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

 

Дар ин даврони барои миллат ҳассос, ки нигарон ба неруи созанда доштанд, бо амри тақдир нафаре аз табори ниёгон, тоҷвару меҳнапараст василаи созандагию бахшандагӣ ва раҳоии миллат аз размандагӣ ба фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваколати роҳбарӣ, вазифаи пурмасъул, бунёди давлати воқеан соҳибистиқлол ва демократӣ вогузор шуд, ки на фақат иморати аз ҷанг вайроншудаи давлати тоҷикро тармим кунад, балки сохтмони онро дар пояҳои устувору қавӣ таҳким бахшад.

 

Аз ин хотираҳо бармеояд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи ҳукуматдорон ва ҳукуматхоҳоне, ки сабабгори фоҷиаи миллат шуданд, набуда, дар лаҳзаи ҳассосу тақдирсоз, фарзанди асилу нангбори миллат масъулиятро ба душ гирифта буд.

 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бузурдошти рамзҳои давлатӣ савганд намуда, изҳор дошт “Дар хидмати мардуми Тоҷикистон қарор хоҳад дошт ва ба Конститутсия, Парчаму Нишони он содиқ хоҳам монд”. Ба ҳайси раиси тозаинтихоб (4-уми ноябри соли 1994 Президенти ҷумҳурӣ) бо суханони созандааш баромад намуда, аз сулҳу ваҳдат ва ягонагии миллати тоҷик паём дода, ҳамчун сутуни тобноки пойдевори истиқлолияти кишвар, умеди вакилони халқ ва хурду бузурги мардумро ба ояндаи нек ҳидоят намуда, марҳилаи нави давлатдориро боз кард.

 

Дар роҳи расидан ба мақсадҳои наҷиби меҳанпарастӣ ва умумибашарӣ сиёсати сулҳҷӯёнаро пеша карда, тавассути таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт. Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар, таъмини ҳаёти осоиштаи миллати тоҷик натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи ин абармарди хирадсолор аз авалин минбари давлатдорӣ Иҷлосияи 16-ум мебошад. Устувор гардидани муҳиммияти таърихии ин анҷуман нафари солимфикру равшанбинро дар канор монда наметавонад.

 

Иҷлосия дар ҷои холӣ ба миён омада, барои сарнавишити халқи тоҷик хотираи таърихии созогору созанда боқӣ монд. Ба андешаи шоҳидон нафаре итминони баҳамойии андешаҳои солиму бартараф кардани оқибатҳои размандагонро надоштанд. Зеро вазъи ноустувори сиёсӣ, иқтисодӣ иҷтимоӣ хотираи мардумро заиф карда, зудбовар гардонида буд, ки ин ҳолатро гурӯҳҳои мухолифу бадманиш истифода карда, мардумро ба майдонҳо даъват мекарданд. Дар кишвар, бенизомӣ, майдонсозӣ, набудани ҳокимияти устувори сиёсӣ, риояи қонун, қувваҳои низомӣ, тарафкашиҳо ҷой дошта, халқ роҳи ҳаракаташро аз даст дода буд. Вале таҷрибаи таърихии давлатдорӣ ва хирадсолории фарзонафарзандони миллати тоҷик нагузошт, ки сарзамин ба пойгоҳи муборизони размандагон ва миллат ба вартаи нестшавӣ рафта расад. Маҳз ин таҷриба, хотираи қавию хиради азалии халқ, марҳилаҳои давлатсозию давлатдорӣ, аҳли зиё ва сиёсатмадорони даврро ором нагузошта, ба миззи музокирот ҷамъ овард.

 

Баргузории Иҷлосия барои миллати тоҷик фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллат саҳифаи наверо боз карда, муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар ва таҳкими давлатдории миллӣ гардид. Муҳиммияти таърихӣ дар он буд, ки ҷумҳурӣ ва мардуми тоҷик мисли киштии бепаноҳ ва бероҳнамо монда буд, ки ҳар замон туфони ҳаводисеро аз ғарқ шудану ба нестӣ рафтан огоҳ мекард, раҳо бахшида, масири ҳаракат, чароғи роҳнамои онро муайян намуд ва дар симои фарзанди гавҳаршиносу туфоннабардаш сари фармони он боз овард ва ин кишти бо роҳнамоии ӯ ба соҳили мурод роҳнамун гардид.

 

МАҲМАДОВ И.М.,

декани факултети таҳсилоти фосилавӣ

ва таҳсилоти дуюми олии касбии Академия

Похожие записи