номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
Декан факультета
Тел.: (+992) 989-15-32-32
E-mail: dalerkodirov1990@mail.ru
Факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ниҳоди асосӣ ва пешбар дар сохтори муассисаи мазкури таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб меравад. Факултети идоракунӣ соли 2013 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Факултет мутахассисонро дар зинаи бакалавр омода менамояд. Дар факултети идоракунии давлатӣ мутахассисон дар самти идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ омода карда шуда, сазовори касби иқтисодчӣ ва менеҷер мегарданд.
Дар факултети идоракунии давлатӣ аз 8 кафедра амал мекунад:
- кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва хизмати давлатӣ;
- кафедраи идоракунии давлатӣ ва худидоракунӣ;
- кафедраи идоракунии захираҳои инсонӣ;
- кафедраи идоракунии молияи давлатӣ;
- кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунӣ;
- кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор;
- кафедраи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ;
- кафедраи менеҷмент.
Дар факултети идоракунии давлатӣ донишҷўён аз рўи 5 ихтисос таҳсил менамоянд:
- идораи давлатӣ;
- идораи давлатӣ ва иқтисодиёт;
- идораи ҳайати кадрӣ;
- менеҷменти молиявӣ;
- идораи мақомоти маҳаллӣ.
Вазифаҳои асосии факултети идоракунии давлатӣ инҳо мебошанд:
- Омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ;
- Ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтари баландбардории техгология ва сифати таълим;
- Бароҳмонии таҳқиқоти пурра ва муҷтамаи илмӣ дар соҳаҳои дахлдори идоракунии давлатӣ (иқтисод, ҳуқуқ, сиёсат, фалсафа, таърих ва ғ.);
- Баландбардории ҳисси ватандӯстӣ ва миллии донишҷӯён;
- Назорати ҳамаҷонибаи сифати таълим;
- Давра ба давра таҳия намудани осори илмӣ ва илмӣ-методӣ дар соҳаҳои дахлдори таҳқиқот ва таълим;
- Ташкили чорабиниҳо ва ҳамоишҳои илмӣ миёни устодон ва донишҷӯён;
- Омода намудани муққиқони илмӣ ва таҳкими фаъолияти илмӣ дар риштаҳои дахлдор.
- Таҳияи шаклҳои нави таълим ва барномаҳои таълимӣ вобаста ба фанҳои тахассусӣ.
Мақсадҳои асосии факултети идоракунии давлатӣ чунинанд:
- Рушди донишу малакаи донишҷӯён;
- Рушди соҳаи илм дар самтҳои дахлдор;
- Баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми факултет дар фазои илмӣ ва таълимии кишвар.