ХИЗМАТИ ДАВЛТӢ ВА ТАШАККУЛИ ОН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Хизмати давлатии навини Тоҷикистон зодаи замони истиқлолият мебошад, ки дар шароити басо ногувори таърихи миллат оғоз гардида, марҳила ба марҳила нумӯъ ёфт. Эмомалӣ Раҳмон

 

Рушди хизмати давлатӣ ба мафҳуми имрӯза бо таърихи навтарини давлатдории тоҷикон вобаста мебошад. Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба вазъи мураккаби сиёсии ҷомеа, дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта барои рушду такомули идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ шароити мусоид фароҳам омад.

 

Ташаккули идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо равандҳои таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ташаккули низоми нави сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ, ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ, татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо робитаи ногусастанӣ дорад. Воқеан, идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар замони истиқлол бо шарофати мактаби бошукӯҳи давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муҳлати кӯтоҳ аз марҳилаи ташаккулёбӣ ба марҳилаи рушду такомул гузашт.

 

Дар замони истиқлол яке аз самтҳои асосии рушду инкишофи устувори кишвар гузаронидани ислоҳоти идораи давлатӣ ба ҳисоб меравад. Зарурати ин масъаларо Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ (аз 16 апрели соли 2005) чунин арзёбӣ намуданд: “Ислоҳоти идоракунии давлатӣ пеш аз ҳама бояд ба танзими идораи давлатӣ, мукаммалгардонии вазифаҳо, такмили сохтори вазоратҳо вобаста ба шароити иқтисоди бозорӣ, аз байн бурдани вазифаҳои такроршаванда, шаффофияту самаранокии фаъолияти сохторҳо ва хизматчиёни давлатӣ равона гардад”.

 

Бо мақсади таъмини иҷрои дастури саривақтии Сардори давлат аз 1 июни соли 2007 №289 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи ислоҳоти хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Зарурати таҳкими истиқлол ва пояҳои давлатдорӣ талаб мекунанд, ки дастгоҳи идоракунии давлатӣ бояд самаранок, мунтазам ва ботартиб кор кунад.

Маҳз бо шарофати сиёсати созандагӣ, азму талошҳои пайгирона ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат дар сарзамини азияткашидаи мо сулҳи пойдор ва ваҳдати комили миллӣ ба вуҷуд омад. Ин бузургтарин дастоварди сиёсии даврони истиқлол мебошад, ки барои таҳкими аркони давлатдорӣ, низоми сиёсӣ ва ислоҳоти идоракунии давлатии кишвар замина ба вуҷуд овард.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, калиди сулҳу ваҳдатро ба халқ супоранд, пояҳои иқтисодиёт ва фарҳангиро ба танзим дароранд, ҷавононро бо неруи ақлонӣ мусаллаҳ гардонида, ба дурнамои Ватан ҳидоят намоянд. Маҳз ин сиёсати хирадмандона ҳидояте буд, баҳри пойдории созандагиву бунёдкории ҷомеаи навин ва устуворона қадам гузоштан ба сӯи ҷомеаи мутамаддин.

 

Истиқрори сулҳу субот барои таҳкими сохторҳои идораи давлатӣ ва хизмати давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард. Барои таҳкими низоми давлатдорӣ, ташаккули системаи муосири идоракунии давлатӣ ва татбиқи ҳадафҳои миллии Тоҷикистон зарур буд, ки низоми самараноки интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, механизми болоравии мансабӣ, баланд бардоштани касбияти онҳо ва шаффофияти дастгоҳи давлат таъмин карда шавад.

 

Тоҷикистон дар ибтидои асри ХХ1 ҳамчун кишвари соҳибихтиёр ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бо дарназардошти манфиатҳои олии давлат ва миллати тоҷик такмил дода, ба сӯи ҳадафҳои дурнамои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ давра ба давра рушд меёбад. Бояд зикр кард, ки дар ин ҷаҳони пур аз тазоду рақобатҳои шадиди глобалӣ мо бояд пеш аз ҳама ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва давлатдории миллиамонро таҳким бахшида, ҳамеша ба хотири суботи кишвар ва оромии ҷомеа саъю талош намоем.

 

Зебо РАИБОВА,
магистранти Академия

Похожие записи