ХИЁНАТ: БАХШИДАНАШ ГУНОҲУ НАФРАТАШ САВОБ АСТ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Бо меҳнати ҳалол ҷӯёи ризқ шудан иродаи мардӣ ва шарафи инсонӣ мехоҳад. Воқеан, на ҳар кас метавонад, ки бо пулу моли ҳалол рӯзгорашро таъмин ва оилаашро хӯронаду пӯшонад. Зиёд ба чашм мерасад, ки инсонҳо маҳз барои пайдо намудани маблағ ва таъмини оилаи худ даст ба дуздию ғоратгарӣ, қаллобию одамфиребӣ, қатлу куштор ва даҳҳо ҷинояти дигар мезананд. Ва бо гумони ғолиб дар назари аксари мо он нафарон гурӯҳи баду зиёноваранд, чун ҳамеша бо амалҳои нохуби худ ба ҷомеа зарари моддию маънавӣ мерасонанд. Аммо бадтар аз ин ҳама гуноҳе низ вуҷуд дорад, ки ҳатто бахшиданаш гуноҳ асту нафринаш савоб. Ҳар он ки ба ин амал пойбанд шуд, бе шакку тардид пастфитраттар аз тамоми зиштиҳои дунёст. Нафаре, ки ба ин роҳ қадам мениҳад, тараҳҳум дар баробараш ҷурм аст. Ҳар ки ба он мегаравад, баҳри дилсӯзиаш нигоҳе ҳайф аст. Ва ин амали пасту мазамматшуда ва чоҳи сиёҳро “хиёнат” ном аст, ки мутаассифона шумори ба он афтидагон кам нестанд.
Вақте ки хиёнат мегӯем, дар пешорӯямон оинаҳои тозаву пурҷилое мисли эътимод, боварӣ, вафо, аҳд ва дӯстиву рафоқат пора мешаванд. Ҷои онро девори нафрату кин мегирад. Бешак дар он девор амали афроде падид меояд, ки баҳри луқмаи ноне рӯ ба ҷаҳолат овардаанд. Луқмае, ки як зани мушти пар низ онро метавонад бо меҳнату заҳмат ва арақи ҷабин пайдо кунад. Хиёнатпешагон бузургтарин муқаддасот, ноёфттарин неъмат, онеро, ки миллионҳо дар ҳасрати як мушт хокаш ҳастанд, ганҷинае, ки аз азал дар васфи бузургиаш шеъру суруд сароиданду иншо карданд ва ҳоло ҳам кам аст, ВАТАН-ро мефурӯшанд.
Душман синаи мо шикофад, беобрӯӣ намешавад, чун нанги мардӣ ва шарафи инсониро коста намекунад. Аммо наметавон тасаввур кард, ки баъди аз пистони модар шир хӯрдану онро аз даҳон берун кардан, ба рӯи он тӯф кард. Ҳатто ин манзара дар андешаи одам намеғунҷад, ки чи гуна метавон ба зояндаву парварда чунин як амали хашинро раво дид. Шояд бадтарин ҳайвон ба чунин як кирдор қодир набошад.
Имрӯз чанд тан бо номи тоҷик берун аз кишвар даст пеши бар мекӯбанду аз хусуси ватану обод кардан, ҳифзи арзишҳо ва гиромидошти он сухан мегӯянд. Чунон вонамуд мекунанд, ки гӯё ҷисмашон берун аз ватану ҷонашон дар ватан аст. Ба минбар, ки баромаданд, нидои ватандорӣ мезананд. Худро ба гунае нишон медиҳанд, ки агар ҳазор ҷон ҳам дошта бошанд, баҳри ватан нисор мекунанду ҳазор бори дигар баҳри ҳифзи он зинда шудан мехоҳанд. Аммо бехабар аз он ки дигар мардумро гӯл дода наметавонанд. Ё шояд ҳам инро дуруст дарк намудаанд, ки нақшофарӣ дар нақши ватандӯст аз ҷониби хоин чи гуна пазируфта мешавад. Аммо то забонашон дар равған расидану гулӯ тар кардан маҷбуранд, ки нақшро давом диҳанд. Ба шакли дигар, хоинон ба масал чун “хоҷаву саг” ҳастанд. Ҳар ҷо ки хоҷа нон афканд, ҳамон ҷониб медаванд.
Баид нест, ки хиёнат ба ватан ва ҳар кори ношоиста дар ҳаққи он ҳатман рӯзе ошкор мешаваду муҷрими назди миллату ватан шармсору хиҷолатзада ҷазояшро мегирад. Аъзоёни ТЭТ ҲНИ аз шумули ҳамон афроде буданд, ки чанде пушти парда худро ватандӯст вонамуд карда, ватан, хоки муқаддаси онро саҳнаи театр дониста, мардумро фиреб доданд. Ё дар ҳар даврае хоҷаашон луқмаи ноне гузошт, ҷониби он давон шуданд. Ҳамакнун ин зишткориҳо, ки ҳамагӣ дар сояи хиёнат ба ватан сурат мегиранд, берун аз ватан идома доранд. Ин ватанбезорҳо ва зормондаҳои як бурда нон барои ҳарчи бештар ба даст овардани нон, ташкилоти калони террористию экстремистии худ ҲНИ-ро ба шохаҳо тақсим намуданд. “Ҷунбиши ислоҳот ва рушд”, “Анҷумани озодандешон”, “Кумитаи шаҳрвандии дифоъ аз зиндониён ва асирони сиёсӣ”, “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” Паймони миллии Тоҷикистон, зершохаҳои дигари ТЭТ ҲНИ мебошанд, ки аъзоёну тарафдорони он амале ба ҷуз хиёнат ва доғдор кардани номи ватани азизамон надоранд.
Пас сари ин масъала мебояд ба таври ҷиддӣ мулоҳиза кард. Роҳбарон ва аъзоёни ҲНИ солҳо дар дохили ватан буданд. Ҷою мақом ва вазифаҳоро соҳиб буданд. Аз ҳисоби хоҷагони худ пули бешумор ва бештар аз ҳар касе доштанд. Аммо барои ободию пешрафти ватан чӣ кореро ба сомон расониданд? Бадтар аз ин, онҳо имрӯз аз дур ҷор мезананду даъвои ватанхоҳӣ ва ободии онро мекунанд. Ба таъбире, аз ҷуйбор нагузаштаанду иддао доранд, ки аз уқёнус гузаштаанд.
Биноан, вазифа ва қарзи шаҳрвандии мост, ки хоинонро шиносему онҳоро ҳамвора нафрин кунем. Дарк намоем, ки гуфтаҳои онҳо ба хаспорае намеарзаду доду вовайлои онҳо чун “аккоси сагон ба сӯи моҳ” асту бас. Донем, ки онҳо ба андозаи як донаи арзан ҳаққи ҳарф задан аз номи ватани моро надоранд. Бигзор, то ҳастанд, назди соҳибони худ қарзи хоиниашонро иҷро намоянду назди омма нақши ватандӯсторро бозанд. Бешак худи эшон низ инро ба дурустӣ дарк кардаанд, ки латтапорае беш барои истифодаи яквақтаина нестанд. Ҳама бадбинию бадгӯӣ дар ростои хоинон кам аст ва агар онҳо дар пасттарин ҳолат низ афтанд, зарраи тараҳҳум барои эшон ҳаром аст, чун онҳо пурарзиштарин ганҷ, муқаддастарин арзиш, ноёфттарин неъмат, волотарин сарват барои инсон — ВАТАН-МОДАР-ро фурӯхтанд.
Хуршед МАВЛОНОВ,
сармутахассиси шуъбаи таҳрир
ва табъу нашри Академия