ХОНИШИ СИЁСИИ БОНУВОНИ АКАДЕМИЯ БО ИШТИРОКИ ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ФИЛОЛОГӢ, ПРОФЕССОР ГАВҲАР ШАРОФЗОДА

IMG_3582

Дар доираи Нақша – чорабиниҳои бахши кор бо занон ва духтарони раёсати корҳои тарбиявии Академия хониши сиёсии бонувон бо иштироки д.и.ф., профессор Гавҳар Шарофзода доир гардид.

 

Чорабинии мазкур бо суханронии ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа Аҳмадзода Зулфия ифтитоҳ гардида, баргузории чунин нишастҳо баҳри тақвияти фаъолияти бонувон дар самтҳои гуногуни фаъолият мусбат арзёбӣ карда шуд.

Сипас, д.и.ф., профессор Гавҳар Шарофзода вобаста ба хиради азалии зан — модари тоҷик, ҷойгоҳи хоссаи бонуи тоҷик дар ҳама давраҳои таърихӣ ёдовар шуда, таъкид дошт, ки зан – модар дар тафаккури миллати тоҷик ҳамчун мазҳари поккизагиву иффат, соҳиби ақлу заковати беназир мақоми азалии худро соҳиб аст.

Инчунин, иброз намуд, ки бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати кишвар тавонист, ки ба беҳбудии вазъи занон тавваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ин самт санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул намуда, фаъолияти хешро баҳри таъмини иштироки бонувон дар ҳама самтҳои идоракунии давлатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ равона намуд.

Дар фарҷом аҳли нишас баргузории чунин хонишҳои сиёсиро бо иштироки бонувони собиқадор мусбат арзёбӣ намуда, баҳри баргузор намудани силсилаи чунин чорабиниҳо ҳавансмандии зиёд зоҳир карда шуд.

Похожие записи