ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ДАР МАСИРИ МУҚОВИМАТ БАР ЗИДДИ ҒОЯҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, радикализм ва дигар таҳдидҳо ва чолишҳои замони муосир, аз қабили қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо иттифоқчии табиии ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Таъкид карда шудааст, ки стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бо терроризм, конвенсияҳои зиддитеррористии он, қатъномаҳои Ассамблеяи Генералӣ бояд асоси муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва ифротгароӣ бошад. Терроризм ва экстремизм сарҳад ё давлатҳоро эътироф намекунанд. Ҳамчунин таъкид шудааст, ки террористон ва ифротгароён дар паси номи дини ислом пинҳон шуда, густариши исломофобия ва барангехтани нафрати диниро ҳадафи худ қарор медиҳанд.
Ҳеҷ чизе арзандатар аз огаҳӣ нест, ҳеҷ ганҷе шоистатару волотар аз хирад нест, ҳеҷ аз ифтихоре ба ҷуз аз хештаншиносию доноӣ нест. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намудаанд: “Инсон таърихи гузаштаи худро фаро нагирад, табиист, ки аз зоти худ, роҳи тайкарда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ноогаҳ монда, чун махлуқи одамсурат, вале бепарво, бемасъулият, бенишон умр ба сар мебарад”.
Дар шароити равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ халқу миллатҳои соҳибистиқлол бояд симои худ, аз ҷумла арзишҳои фарҳангиву ахлоқии худро ҳифз карда тавонанд. Бинобар ин миллати тоҷик, бахусус ҷавонону наврасони мо низ бояд аз решаҳои тамаддуни қадима, забону фарҳанги миллӣ ва оинҳои давлатдории халқи худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллии тоҷикон саъю талош намоянд. Ин тақозои ҳаёт ва вазифаи ҳар як миллати огоҳу соҳибфарҳанг мебошад.
Дастовардҳое, ки зери роҳбарии ин фарзанди фарзонаи миллат дар арсаи ҷаҳонӣ кишварамон комёб гардидааст, хело бузург аст. Албатта, ин шахсият Президенти кунунии давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки тайи солҳои роҳбариашон тавонистанд бо иродаву фазилати худ ва ғояи созандаашон пеш аз ҳама, кишвар ва миллатро аз вартаи нобудшавӣ раҳо дода, истиқрори сулҳ ва гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаро дар асоси ғояҳои нав ва арзишҳои миллӣ муттаҳид намуда, бо сиёсати хеш роҳи демократиро дар кишвар вусъат дода, ҳамкории тарафайнро бо созмонҳову давлатҳои хориҷӣ барпо карда, мавқеи устувори Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, амсоли проблемаи оби нӯшиданӣ, мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ, мубориза бар зидди маводҳои нашъаовар нишон дода, иқтисодиёти кишварро аз бӯҳрон раҳо дода, ба сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон, алалхусус наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хоссае зоҳир намуданд.
Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳамаро ба ташвиш овардааст. Терроризм ин ташкили хатар, яъне аз тарафи ташкилотҳо, субъектҳо ё шахсони алоҳида бо истифодаи қувва, зӯроварӣ ба амал овардани вазъияти ноором, муҳити тарсу ҳарос ва хатар дар ҷомеа мебошад.
Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон тамоми зуҳуроти номатлуби замони муосир, хусусан терроризм ва эксремизми диниро маҳкум менамояд. Терроризм ҳамчунин вабои аср имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои навро эҷод менамояд. Имрӯз мебояд нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористон ва ифротгароён, ки аз тарафи баъзе аз кишварҳои абарқудрат созмон ёфта сармоягузорӣ мегараанд ва бо истифода аз дини мубини Ислом, ки ойини покиву таҳаммулгароист, ба амали террористӣ даст мезананд, хуни ноҳак мерезанд ва оромию осоиштагӣ, офияту некўаҳволӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бурд. Яке аз омилҳои пайдоиши ба истилоҳ “Терроризми исломӣ” таассуби динӣ мебошад. Ифротгароӣ, тундгароӣ, терроризм аз таассуби динӣ сарчашма мегирад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар тантанаи 10-солагии Иҷлосияи XIV Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 13 ноябри соли 2002 дар қасри таърихии Арбоб баргузор гардида буд, дар мавриди таҳдиди воқеоти аввали солҳои навадум таваҷҷуҳи ҳамагонро ба вазъи сиёсии минтақа, аз ҷумла экстремизми байналхалқӣ, ҷалб намуда, хавфи оқибатҳои амали гурӯҳу созмонҳои моҷароҷӯро на танҳо барои Тоҷикистон ва минтақа, балки барои тамоми ҷаҳон чун хатари марговар маънидод карданд. Сарвари кишвар аз пешвоёни дини мубини ислом тақозо намуданд, ки муқаддасоти асили тариқати мусалмониро ҳифз намоянд.
Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро масъалаи доғи рӯз аст. Барои он, ки гароиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгаро аз байн бардошта шавад, бояд аз оила сар карда масъулияти баланди тарбияи ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва муҳаббати касбу ҳунар дар байни насли наврас ва ҷавонон васеъ ба роҳ монда шавад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар ниҳоди онҳо парваридани ҳисси меҳанпарастӣ, садоқат ба Ватан, нишон додани оқибатҳои харобиовару фоҷиабори амалҳои номатлуби террористию экстремистӣ, зиракии сиёсии шаҳрандонро баланд бардоштан ва ғайра метавонанд омилҳои муассиртарини мубориза бар муқобили равияҳои экстримистию террористӣ бошанд.
Масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз пайомадҳои манфии ин гуна зуҳурот эмин нигоҳ дорем.
Дар замони дастовардҳои бузурги илмиву технологӣ ва кашфиёти нав ба нави зеҳнӣ мо, омузгоронро зарур аст, ки насли наврасро дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намоем. Дар ҷавонон ҳисси дӯст доштану ҳифз кардани ин сарзамини аҷдодӣ, ободу зебо гардонидани ватани биҳиштосо, неруманду пуриқтидор сохтани давлати тоҷикон ба тарзи бояду шояд ба ҳар як фарзанди бо нангу номуси ин марзу бум тарбия намоем.
Муродалӣ МИРЗОРАҲИМОВ,
мудири кафедраи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзии Академия,
номзади илмҳои физикаю математика, дотсент