ЧАНД САБАҚИ МУҲИМИ ҲОДИСАИ АХИРИ МАРЗӢ

муовнини молия

Ҳар ҳодисае, ки дар дунё рух медиҳад, бе ҳикмат нест. Муҳим он аст, ки мо инсонҳо ба он ҳаводис бо дидаи таҳқиқ нигарем, панд омӯзем ва ин омӯзаҳоро ба наслҳои баъдӣ интиқол бидиҳем. Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ беҳуда нагуфтаааст:

 

Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Ҳеч н-омӯзад зи ҳеч омӯзгор.

 

Ҳаводисе, ки дар ин авохир аз сари мардум ва ҷомеаи мо гузашт, метавон гуфт як китобе аз панду ахлоқ ва омӯзаҳоеро дар пеши рӯямон боз кардааст, ки мо набояд ба содагӣ ва бепарвоӣ аз онҳо гузар кунем. Аввалин ва муҳимтарин паёме, ки ин ҳаводис ба мо ироа кард, ин аст: мо бо чашми худ дидем ва бовар ҳосил кардем, ки ба рағми дурӯғпароканиҳо ва таблиғоти бадхоҳони миллату давлатамон мардуми мо «дар хоби ғафлат» набудаанд, нисбат ба сарнавишти худ ва кишвари азизамон «бепарвою бефарқ» набудаанд. Баръакс, бо зуҳури аввалин нишонаҳои хатар ба амнияти кишвар ва якпорчагии марзу буми он, бо эҳсос ва имону самимияти комил дар атрофи роҳбарияти мамлакат, махсусан дар атрофи Пешвои муаззами миллат ва сарвари давлат муттаҳид гашта, омодагии худро дар амри дифоъ аз хоки Ватан ва якпорчагии он бо садои баланд ва эътимоди комил иброз доштанд.

 

Дар ин бист соли оромию осоиштагии баъди ҷанги шаҳрвандӣ мардуми мо фориғбол нашудаанд, таҷрибаи талхи он ҳаводиси хунин ҳамоно дар хотираи таърихии миллат боқист ва бо аввалин эҳсоси хатар ва ноамнӣ ба ҷунбиш меояд ва бонги хатар мезанад. Падидаи дигаре, ки моро ба хираду фаросати мардумамон ва ба ояндаи Ватану миллатамон дилпуру дилгарм месозад, он аст, ки мо шоҳид гардидем, ки ҳарчанд мардуми мо асолатан, табиатан ва таърихан ба сулҳу амният ва муросову мадоро арҷи фаровон мегузоранд, сулҳро аз ҷанг афзалтар мешуморанд, вале ҳаргиз дар баробари зӯргӯӣ, моҷароҷӯӣ, афзалияттталабӣ ва ҳар гуна таҳдиду фишор сари таслиму итоат хам намекунанд. Ба фармудаи ҷадди бузургворамон пири хирад Шайх Саъдии Шерозӣ:

 

Он на ман бошам, ки вақти ҷанг бинӣ пушти ман,

Он манам, к-андар миёни хоку хун бинӣ саре!

 

Яъне, онеро, ки пеши мо бо сулҳ меояд, қадамаш болои дида, вале вой бар ҳоли оне, ки бо ҷанг меояд! Адабашро хоҳем дод ва дар хуни худ ғарқ хоҳад шуд! Сабақи дигари барои бехатарӣ ва амнияти ояндаи Ватанамон муҳим ин аст, ки мо бояд ҳамеша дар фикри беҳбудӣ ва такмили неруҳои мусаллаҳи кишвар бошем, онро бо донишҳо ва технологияи замонавӣ таъмин намоем. Зеро, чуноне ки шоҳид ҳастем, замона ҳамеша дар тағйиру такомул ҳаст, муносиботи байни кишварҳо, мавқеъгириҳои сиёсии онҳо низ таҳти таъсири омилҳои мухталиф ба ҷолиш кашида мешаванд ва тағйир меёбанд. Яъне мо бояд ҳамеша ва дар ҳама ҳолат барои дифои кишвар ва мардуми худ, якпорчагии марзу буми худ, манофеи истротежии мамлакатамон омода бошем. Амнияти иттилоотӣ, пӯшиши хабарии саривақтӣ, ҳирфавӣ ва фарогири рӯйдодҳо низ яке дигар аз сабақҳои муҳимми ҳаводиси охири марзӣ мебошад. Чуноне ки медонем, дар дунёи муосир ҳамон ҷонибе муваффақу дастболост, ки аз воситаҳои иттилоотӣ, хабаррасонӣ ва огоҳӣ дурусту босамар истифода мекунад. Ҳодисаҳои марзӣ бо Қирғизистон нишон дод, ки мо дар ин ҷабҳа ҳанӯз ба дараҷаи кофӣ таҷриба наандӯхтаем. Махсусан, дар амри иттилоърасонӣ ва инъикоси воқеъбинонаю дақиқи рӯйдодҳо, таҳлили ҳамаҷонибаи онҳо бо забонҳои мухталиф, ҷалби афкори байналмиллалӣ ва ғ. чандон фаъол набудем. Дар ҳоле ки ҳариф мунтазам ва бо истифодаи васоити ахбор, бахусус фазои маҷозӣ раванди ҳодисаҳоро ба манфиати худ шарҳу тафсир мекард, дурӯғпароканӣ мекард, дар воситаҳои ахбори байналмиллалӣ ҷониби моро бардурӯғ сиёҳ ва тааррузгару истилогар муаррифӣ менамуд, мо аксар вақт хомӯш будем, аз посухҳои сазовор додан худдорӣ мекардем. Ва ин худдории моро ҷониби муқобил ва ҳатто ҳарифони сиёсии мо дар хориҷ нишони сустӣ ва камфаъолиятии мо ҷилва медоданд. Мақомоти дахлдорро лозим меояд, ки дар ин самт низ таваҷҷуҳ зоҳир кунанд. Вале муҳимтарин сабақу таҷрибаи ҳаводиси марзӣ ин буд, ки бори дигар дурустӣ ва ҳаққонияти он ҳикматеро, ки ҳамеша аз забони Пешвои муаззами миллат садо медиҳад, собит намуд: ваҳдат, ҳамдилӣ ва иттиҳоди мардумӣ тамоми мушкилоту монеаҳоро аз сари роҳи мо дур меандозад ва кишвари азизи моро ба сӯи ояндаи равшану шукӯҳманду босубот равона месозад.

 

Баҳруддин САФАРЗОДА,

муовини сардори раёсати молия

Похожие записи