ЧОРАБИНИИ БАДЕӢ-МАЪРИФАТӢ: “ОИЛА ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО”

0 (2)

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази бонувони фаъол бо иштироки устодону донишҷӯёни Академия чорабинии бадеӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Оила пайвандгари наслҳо” баргузор гардид.

 

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани тафаккуру андешаи наҷиби асолати оиласолорӣ ва ҳифзи ифтихор ба муқаддасоти оилавӣ дар ниҳоди аҳли ҷомеа буд.

 

Чорабиниро мудири бахши кор бо занону духтарон Рухсора Давлатова оғоз намуда, ҳозиринро бо барномаи чорабинӣ шинос намуд. Ӯ қайд намуд, ки оила дар ҳама давру замон муқаддастарин рукни ҷомеа ва пойдевори асосии давлат ба ҳисоб меравад. Нақши оила дар ташаккулёбии шахсияти инсон бағоят муҳим буда, он қодир аст, ки дар таҳкиму субот ва пешравии ҷомеа низ саҳми босазо дошта бошад. Ин аст, ки дар кишвари мо аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат ба масъалаи баланд бардоштани нақши оила ва масъулияти ин ниҳод дар тарбияи фарзанд таваҷҷуҳи доимӣ зоир карда мешавад. Тасдиқи ин гуфтаҳо эълон гардидани соли 2015 чун “Соли оила” аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳамзамон, солҳои охир заминаҳои қонунгузории оила низ такмил ёфта истодаанд. Аз ҷумла, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023 тасдиқи гуфтаҳои боло мебошанд.

 

Сипас Қодирова Г.Т.- ходими пешбари илмӣ, дотсенти Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ дар мавзӯи “Сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон” ва Мақсудзода М. -роҳбари созмони ҷавонони донишҷӯёни факултети идоракунии давлатӣ дар мавзӯи “Нақши оилаҳои ҷавон дар тарбияи насли наврас” маъруза намуданд.

 

Барои рангину пурмуҳтаво ва ҷолиб гардидани чорабинӣ наворҳои ҷолибу тарбиявӣ дар мавзӯи “Оила – пайвандгари наслҳо” пешниҳод гардида, саволу ҷавобҳо доир гардид.

Похожие записи