ШАШУМИН САФАРИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ФАРОНСА
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
(Ба муносибати 30-солагии ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар)
Кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Ҷумҳурии Тоҷикистон бо манотиқи Аврупо, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Фаронса равобити тӯлонии таърихӣ доранд.
Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ моҳи сентябри соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷиро пеш гирифт ва мақсадаш пеш аз ҳама ҳифз ва ташаккули манфиатҳои миллӣ, барқарор намудани робитаҳои сиёсӣ, иқдисодӣ ва илмию техникӣ бо дигар кишварҳои ҷаҳон, пайдо намудани шарикони боэътимод дар арсаи байналмилалии хеш буд.
Гуфтан мумкин, ки Фаронса барои Тоҷикистон яке аз шарикони калидӣ ва боэътимод дар Аврупо ба ҳисоб меравад. Нисбати Фаронса дар Тоҷикистон фазои дӯстӣ ва эътимоднок ҳукмфармост. Ҷумҳурии Фаронса яке аз кишварҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро дар марҳилаи аввал — соли 1991 эътироф кард. 3 марти соли 1992 бо ҷумҳурии мо муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард. Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Душанбе 3 ноябри соли 2001 ва сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Париж соли 2013 ифтитоҳ ёфтанд. Дар айни замон Сафири Фавқулода ва Мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран аз октябри 2020 ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чумҳурии Фаронса Убайдулло Ҷамолиддин Маҳмадсаид аз январи соли 2018 фаъолият менамоянд. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса дар соҳаҳои сиёсӣ, низомӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ рушд намуданд. Зиёда аз 33 санаде, ки байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Фаронса дар давраи баъд аз барқарор шудани муносибатҳои байнидавлатӣ ба имзо расидааст, заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷонибаро ташкил медиҳанд.
Аз моҳи декабри соли 2002 марҳилаи фаъолтари муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса оғоз ёфт. Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса дар моҳи декабри соли 2002 ва мулоқотҳои ӯ бо Президенти Фаронса Жак Шерак, Сардори Сенат, вазирони мудофиа ва корҳои дохилӣ, вазир ва намояндагони савдои хориҷӣ ва котиби давлатии вазорати корҳои хориҷии Фаронса барои такмили минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон бо ин кишвари бонуфузи Аврупо замина гузоштанд. Бояд тазаккур дод, ки сафар ба Париж нахустин сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон ба Фаронса ва дар маҷмуъ ба Аврупои Ғарбӣ буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умум 6 сафари расмӣ ба Фаронса анҷом додааст: декабри 2002, октябри 2005, июни 2011, ноябри 2015, ноябри 2019 ва октябри 2021.
Ҳамкориҳои ҳарбии ду давлат махсусан дар давраи будубоши пойгоҳи низоми ҳавоии Фаронса дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, инкишоф ёфтанд. Тибқи созишномаи тарафҳо — 8 декабри соли 2001 — дар фурудгоҳи Душанбе як контингенти иборат аз 300 сарбози фаронсавӣ ҷойгир буд, ки онҳо то охири соли 2014 ба неруҳои эътилоф дар Афғонистон кумаки техникӣ мерасонданд. Инчунин моҳи декабри соли 2002 Созишнома оид ба ҳамкории байни муассисаҳои ҳарбии ду давлат ба имзо расид. Созишномаи мазкур ҳамкориро дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои низомӣ барои Тоҷикистон пешбинӣ мекаданд.
Дар доираи созишномаи низомии байни ду кишвар, афсарону сарбозони тоҷик дар курсҳои омӯзишӣ омӯхта мешаванд ва дар чорабиниҳои ҷониби Фаронса иштирок мекарданд. Маҳз бо кумаки кишвари мо Фаронса дар истиқрори кормандони низомии худ дар фурудгоҳи Душанбе бо таҷҳизот ва тамоми масоили зарурӣ барои иҷрои вазифаҳои худ дар доираи амалиёти зиддитеррористии неруҳои эътилофи НАТО дар Афғонистон такони иловагӣ ба рушду густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Фаронса бахшид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ (10-14 октябр) ба Аврупо аввал аз Шоҳигарии Белгия дидан намуда, бо роҳбарони Белгия ва Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуданд. Маълум аст, ки ҳадафи сафар ва мулоқот пеш аз ҳама барқарор кардани муносибати хуб бо Тоҷикистон ва баррасии вазъи Афғонистон аст.
Дар доираи сафари расмӣ мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва раҳбарони баландпояи ин кишвар мавзӯи асосии музокироти Париж вазъи Афғонистон пас аз ишғоли қудрат дар ин кишвар аз ҷониби ҷунбиши радикалии Толибон (дар чанд кишвари ҷаҳон мамнуъ аст) хоҳад буд. Фаронса ва Тоҷикистон аввалин шуда ба эътирофи Толибон дар Афғонистон мухолифат карданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари худ ба Париж дар як чорабинии фарҳангӣ — намоишгоҳи экспонатҳои таърихии “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ” ширкат варзида, дар Рӯзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО суханронӣ кард.
13 октябр “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» — бузургтарин намоишгоҳи экспонатҳои таърихии марбут ба ниёгони тоҷикон дар Осорхонаи миллии санъати шарқии Париж — Осорхонаи Гимет кушода шуд. Намоишгоҳ то 10 январи соли 2022 идома меёбад.
Ҳайати иборат аз 82 нафар ходимони санъат ва гуруҳҳои эҷодӣ таҳти сарварии вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода барои иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО дар Париж ташриф оварданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби сафари расмии худ аз Белгия ва Фаронса аз Брюссел дидан кард ва 11 октябр дар он ҷо бо раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел мулоқот кард. Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои саноат, истихроҷи маъдан, зерсохтор, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ баррасӣ карданд.
Дар рафти суҳбат ҳарду ҷониб бо дарназардошти вазъи мураккаби Афғонистон ба вазъи минтақа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Раиси Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон доир ба зарурати ҳукумати фарогир дар Афғонистон суҳбат карданд. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон намоишгоҳи археологии кишвари моро дар Париж “ҳайратангез” номид ва ин таваҷҷуҳи фаронсавиёнро нисбат ба фарҳанги тоҷикон зиёд намуд.
Эммануэл Макрон аз муносиботи қотеъонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва ҳифзи ҳуқуқи занон истиқбол кард. Бояд зикр намуд моҳи марти 2022 Париж ва Душанбе 30-юмин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатиро таҷлил мекунанд.
Эммануэл Макрон таассуроташро пас аз боздиди намоиши нигораҳои Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ баён дошт ва иброз намуд: “Тоҷикистон чорроҳаи воқеии тамаддун мебошад”. Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои Аврупо то 14 октябр идома меёбад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ бо Раиси Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар таъкид намуд, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразнокашон даст накашиданд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромўш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд. Аз ин лиҳоз, олимон ва зиёиён, вазорату кумитаҳои дахлдор, ҳомиёни Ватанро лозим меояд, ки ба ин масъала муносибати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Маҳмадлатиф ИСОҚОВ,
муаллими калони кафедраи
забонҳои хориҷии Академия