ШУКРОНАИ ОБОДИЮ ПЕШРАФТ КУНЕМ

Шодоб

Ҳамагон хуб огаҳем, он замоне, ки ҳама аз барқарор гардидани сулҳу ваҳдат ноумед гардида буданд, маҳз доир гардидани Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки ҳамчун ҳадияи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро ба зимма гирифтанд ва шуълаи умедро дар дили ҳар фарди миллати тоҷик фурӯзон карданд.

 

Талоши шабонарӯзии ин марди миллат боис гардид, ки имрӯз Тоҷикистон чун биҳишти рӯи дунё машҳури ҷаҳон асту мардум аз доштани чунин Роҳбари фидокору барқароркунандаи сулҳу субот мефахранд.

 

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдории Тоҷикистон нафаре ҳастанд, ки дар ташаккули таърихи давлатдорӣ, эҳёи падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ниёгонамон хизматҳои бузург кардаанд. Ҳамин гуна кӯшишу талошҳои пайвастаи Пешвои миллат буд, ки имрӯз мо соҳиби давлатему мавриди эътирофу эҳтироми ҷаҳониён қарор дорем.

 

Рӯз аз рӯз ҷаҳони муосир пур аз мушкилот, ихтилофу зиддиятҳо мегардад. Дар ин раванд афзудан ва густариш ёфтани терроризм ва экстремизм аз ҳама зуҳуроти номатлубу хатаровар ба ҳисоб меравад. Сулҳу субот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагиро, ки ҳар халқу миллат орзу дорад, ин зуҳуротҳо ба хатар рӯбарӯ мекунад. Афроде ҳастанд, ки мехоҳанд ин орзуи тамоми аҳли башарро барҳам диҳанд.

 

Хусусан, имрӯзҳо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои ифротгароро мебинем, ки бо мақсадҳои ғаразнок ба сӯи давлати ободу пешрафтаи мо санг мезананд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо суханҳои дурӯғу бофта дар ҳаққи роҳбарияти кишвар ва дигар нафарони алоҳида бадгӯӣ мекунанд. Ҷои андеша аст, ки чаро онҳо дастовардҳои солҳои кишварро нодида мегиранду бо айбҷӯиҳои худ ба Тоҷикистон иснод овардан мехоҳанд.

 

Дар ин замона, ки як қисме аз кишварҳои ҷаҳонро ҷангу ҷидол ва нооромиҳо фаро гирифтааст, ношукрию бадгӯӣ нисбати оромию ободии Ватан носипосист.

 

Хушбахтона, дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар ҳама самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гашта истодааст, вале аз диди муғризонаи бархе аз гурӯҳҳои ношукр гӯё кишвари мо ақибмондаву ғайридемократист.

 

Мо бояд шукрона кунем, ки сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар ҳукмфармост ва мардуми сарбаланди Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ободкориҳо равонаанд. Моро месазад, ки шукронаи ободию осудагии Ватан намуда, бо тамоми ҳастӣ дар пешрафти кишвар саҳми арзандаи худро гузорем.

 

Мо, ҷавонон, ба қадри истиқлол ва тинҷию осоиштагӣ, ки бо заҳматҳои Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони ватандӯсту ободкор бо душвориҳои зиёд ба даст омадааст, мерасем ва ҳамеша бо шиори “Мо, ҷавонон, пайрави Пешвои миллатем” амал хоҳем кард.

 

Шодоб ХОЛИҚОВ,

ходими хурди илмии Пажӯҳишгоҳи

идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академия.

 

Похожие записи

Оставьте нам комментарий