ЭКОТЕРРОРИЗМ – ЗУҲУРОТИ НАВИ ТЕРРОРИЗМ

327726608_1310704163111541_8084022759630028371_n

Истилоҳи “террор” ё “терроризм” (аз лотинии “tеrrоr”) буда, маънои “тарсонидан, ваҳмангезӣ ва даҳшатафканӣ”-ро дорад. Терроризм зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Ин зуҳурот барои ҷомеаи муосир сахт ташвишовар аст. Терроризм – ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, бартараф намудани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ ва халалдор намудани амнияти миллӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Онҳо мехоҳанд бо ҳар роҳу восита ақидаҳои зишти худро ба дигарон, хусусан бо истифода аз ҷавонони худноогоҳу хештанношинос, талқин ва таҳмил намоянд.

 

Террористон мехоҳанд мақсади худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои террористӣ – бевосита бо содир намудани ҷинояти дорои хислати террористӣ дошта, монанди таркиш, садама, истифодаи силаҳҳои ядроӣ, химиявӣ ва биологӣ, содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст, содир карда мешавад.

Коршиносон зиёда аз 200 навъҳои гуногуни фаъолияти террористӣ, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғ. муайян кардаанд.

Терроризми экологӣ (экотерроризм) ин содир намудани амалҳои террористӣ бо истифода аз бавуҷудории масъалаҳои номатлуби экологӣ бо мақсади расонидани зарар ва ё таҳдиди он ба ҷузъҳои муҳити зист, саломатӣ ва амволи инсон мебошад. Аз нуқтаи назари ҳарбӣ экотерроризм ин дидаву дониста расонидани зарари калон ба муҳити зисти душман бо мақсади зарар расонидан ба худи мавҷудият, саломатӣ ва молу мулки он мебошад. Онҳо бештар бо истифода аз дидаву дониста зарари ҳангуфт расонидан ба муҳити зист ва содир намудани ҷиноятҳои вазнини экологӣ (экосид) ба амал оварда мешаванд.

Экосид (аз юн. oikos – хона, ҷойи зист, манзил ва лот. caedo – мекушам) – ин ба таври оммавӣ несту нобуд намудани олами ҳайвонот ва растаниҳо, заҳролуд намудани ҳаво ва обу хок, инчунин амалҳое, ки боиси ҳалокатҳои экологӣ мегарданд, мебошад. Мисоли экосид, ки метавонад дар навбати худ экотерроризм бошад, худсарона нобуд намудани миқдори зиёди фауна ва флора (маҳви генофонд), вайрон намудани экосистемаҳои табиӣ (инфиҷори дарғоти обанбор бо мақсади зериобмононӣ, аз ҳаво намак пошидан ба пиряхҳо бо мақсади беоб кардан, ба вуҷуд овардани сер ва зарар расондан ба хоҷагии халқ, дастрасӣ ба об), буридан ва оташ задани ҷангалҳо, истифодаи худсаронаи яроқҳои атомӣ, биологӣ, химиявӣ ва ғ. мебошад. Мафҳуми экосид ҳангоми ҷанги ИМА бо Ветнам соли 1970 пайдо шудааст. Шакли олии экосид экотерроризм буда, он аз амалҳои барқасдона ба душман расонидани зарари ҳангуфти экологӣ иборат мебошад. Чунин ҳолат таъмини амнияти экологиро, ки ҷузъи муҳими амнияти миллии ҳар давлат мебошад, халалдор менамояд.

Мусаллам аст, ки дар натиҷаи амалҳои номатлуб, аз қабили экосид, экотерроризм, эпидемия, офатҳои табиию техногенӣ генофонди организмҳо талафоти калон мебинад ва амнияти экологӣ вайрон мегардад. Амнияти экологӣ аз маҷмуи чорабиниҳо (ҳуқуқӣ, маъмурӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маданию тарбиявӣ, техникӣ, санитарӣ-гигиенӣ ва ғ.), ки кафолати пешгирии хавфҳои экологиро таъмин менамоянд ва таъсири омилҳои хатарнокро ба солимии муҳит ва саломатии инсон кам мекунанд, иборат мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 1-уми Конститутсия худро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, онро ҳамчун сохтори конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуда, дар моддаи 100-уми Конститутсия бошад, онро ҳамчун омилҳои тағйирнопазир донистааст. Бинобар ин, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо, ин мубориза бар зидди терроризм, аз ҷумла экотерроризм мебошад.

Хулоса, имрӯз терроризм, бахусус экотерроризм ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра ҳар лаҳза метавонад таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ва читавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.

Сулҳи мо нодиртарин ва қиматтарин неъмат, деринтизортарин ормон ва пурарзиштарин дастоварди миллӣ ва падида сиёсӣ буда, мо бояд онро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама дар муқовимат ба афкори террористӣ муборизаи оштинопазир барем.

Атоев МУҲАММАДИРШОД,

н.и.б., эколог, устоди Академия

Аксҳо

Похожие записи