ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Президент в ОООН

Тайи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, поягузорӣ ва таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ, ташаккули ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, роҳандозии рушди устувори кишвар тавассути ислоҳоти фарогири сиёсиву иҷтимоӣ, эҳёи миллӣ ва фарҳангии халқи тоҷик сурат гирифт, ки ба дарёфти мақоми сазовори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намуд.

 

Яке аз омилҳои асосии муваффақиятҳои кишвар таҳия ва табиқи сиёсати дурусти хориҷӣ ба шумор меравад. Аз нигоҳи имрӯз мусаллам аст, ки ташаккули давлатдории миллии халқи тоҷик ва эҳёи мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ ба заҳмат ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ доранд. Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданаш ба ин самт диққати махсус додаанд. Зеро, имрӯз дар дунё ҳеҷ кишваре бе сиёсати дурусти хориҷӣ наметавонад пеш равад. Пешравиҳо дар тадбиқи сиёсати дохили, чунон ки маълум аст, аз бисёр ҷиҳат ба фароҳам овардани шароити мусоид ва фазои ягона дар хориҷ аз кишвар вобастагӣ дорад.

 

Маҳз иродаи мустаҳкам, дарки воқеии мушкилоти миллату давлат ва хиради азалии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поягузории дурусти сиёсати хориҷӣ ва муаррифии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ замина гаштааст. Усулҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва соҳибихтиёр 19 ноябри соли 1992 аз тарафи Раиси нави Шурои Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар “Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон” эълон гардид, ки дар он дурнамои сиёсати хориҷӣ возеҳ шуданд:

– ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳони;

барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо ҳамаи мамлакатҳое, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва мутақобила ҳамкорӣ кунанд;

– мустаҳкам кардан ва боз ҳам инкишоф додани алокаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба бо давлатҳои муштаракманофеъ, пеш аз ҳама, бо Федератсияи Россия, Узбекистон, Қазоқистон, Қирѓизистон ва Туркманистон;

– дар асоси усули баробарӣ, ҳамкории мутақобила, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, баркарор намудани муносибат бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо Афѓонистон, Покистон, Чин, Эрон давлатҳои дигари Осиёю Африко ва Аврупою Амрико;

– ёфтани ҷойгоҳи муносиби худ дар ҷомеаи ҷаҳони.

 

Тавре мебинем, дар ин масъалагузории сиёсати хориҷӣ усул ва самтҳои асосии он ба таври дақиқ баён гардидаанд, ки заминаи асосии ташаккули сиёсати “дарҳои боз” ба шумор меравад.

 

Иқдоми дигари муваффақи поягузории сиёсати хориҷӣ иштирок ва суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 48-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 26-уми сентябри соли 1993 маҳсуб меёбад. Дар ҷараёни он бори нахуст мавқеи ҷумҳурӣ оид ба масоили доғи байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ манзур гардида, вобастагии олами муосир ва инсонҳо тазаккур дода шуда. Дар ин радиф шоҳшиори Созмони Милали Муттаҳид “Бани одам аъзои якдигаранд, ки дар офариниш зи як гаҳваранд…”, зимни суханронии Сарвари Тоҷикистон бо забони асли эҷоди он – лаҳни ноби тоҷикӣ садо дод. Ин суханронӣ ва тарѓиби ҳадафҳои инсондӯстона ба сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол самти барарсии масоили умумиинсонӣ ва башардӯстона дод.

 

Тавре таъкид намудем, Сарвари давлат аз аввалин суханронии худ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид бо таъкиди шиори инсонгароёнаи Саъдӣ бо забони тоҷикӣ ба сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи кишвар самти инсондӯстона ва муаррифии арзишҳои фарҳангии миллати тоҷикро дод. Дар ташаббусу пешниҳодҳои Пешвои миллат ҳаллу фасли мушкилоти сайёра ва минтақа, аз ҷумла, проблемаҳои Афғонистон мақоми махсус дорад. Миёни кӯшишҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои ӯро роҷеъ ба ҳалли мушкилоти об махсусан таъкид кардан лозим аст, ки дар ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷаҳониён ба масъалаҳои ҷойдошта нақши муҳим дорад.

 

Масъалаи дигаре, ки ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Президенти кишвар қарор дошт, истифодаи имкониятҳои хориҷӣ барои таъмини пешрафти кишвар ва рушди иқтисоди он мебошад. Вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ ва дигар хусусиятҳои хоси худ ҷумҳурӣ баъзе мушкилоте дорад, ки онҳоро тавассути ҷалби маблағгузориҳои бузург ҳал кардан мумкин аст. Миёни мақсаду вазифаҳои зиёд се ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ аз ҷониби Роҳбари давлат мушаххас шуданд, ки барои тараққиёти минбаъдаи ҷумҳурӣ аҳамияти бузург доранд. Ба хотири амалӣ кардани ин ҳадафҳо Роҳбари давлат тавассути роҳандозӣ намудани дипломатияи фаъоли иқтисодӣ ва гуфтушунидҳо бо ҳамёрони боэътимоди хориҷӣ қарзҳои имтиёзнок ва сармояро ҷалб намуд, ки сохтмони неругоҳҳои барқи обии Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, роҳҳо, пулҳо, нақбҳои мошингузар гувоҳи ин мебошад.

 

Ҳамаи ин тадбиру ибтикорҳо ба он овард, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро мустаҳкам намуда, доираи муносибату ҳамкориҳои худро сол то сол тавсеа мебахшад. Алҳол ба шарофати роҳандозии чунин сиёсат Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари сулҳдӯсту инсонпарвар, пайрави арзишҳои демократӣ, тарафдори ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷониба шинохта шудааст.

 

 

Анушервон АЛУЕВ,

муаллими калони кафедраи дипломатия

муносибатҳои байналмилалии Академия

Похожие записи