ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, ҳимояи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон дар хориҷа, таъмини амнияти мамлакат аз таҳдидҳои эҳтимолии беруна, аз ҷумлаи вазифаҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо хоҳанд буд. Мо бояд сиёсати хориҷии худро тавре амалӣ созем, ки он ба ҳалли шароит ва талаботи нави дар назди давлат қарордошта, мусоидат намояд.
Эмомалӣ Раҳмон
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои томаш зодаи даврони истиқлол аст, ки муассису тарроҳи он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Барқарор намудани равобит бо ҷаҳони хориҷӣ ва шиносонидани Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил дар арсаи байналмилалӣ яке аз муҳимтарин ва дар айни ҳол мушкилтарин бахшҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ буд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати миллӣ ва, инчунин, таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуда, шоҳшиори Созмони Милали Муттаҳид: – “Бани одам аъзои якдигаранд, ки дар офариниш зи як гавҳаранд…”, зимни суханронии Сарвари давлат аз фарози ин минбари бонуфуз бо забони асли эҷоди он – лаҳни ноби тоҷикӣ садо дод.
Албатта, муҳимтарин марҳилаи рушди дипломатияи тоҷик тавъам бо неъмати истиқлол аст, чун эҳёи давлатдории мо маҳз аз ин пораи таърих оғоз меёбад. Вале бо камоли таассуф ҳар яки мо медонем, ки кӯшишу талошҳои давлати навини мо ба ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш рост омад, ки дар натиҷа зиёда аз 150 ҳазор нафар сокинони кишвар ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар гуреза шуда, 55 ҳазор кӯдак ятим монда, то 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ сӯзонида шуд ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд. Зарари умумии ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Мардуми шарафманди кишвар аз ибтидои ин марҳила бунёди як давлати соҳибистиқлоли пойбанд ба қонунҳои милливу байналмилалиро дар заминаи институтҳои қавии давлатӣ, чун ҳадафи асосӣ пазируфт ва роҳи берунрафт аз ин вазъро тавассути сртатегияҳо ва барномаҳои мушаххас муайян кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли як давраи таърихӣ, аз як кишвари ҷангзада ба як давлати шукуфон ва рӯ ба инкишоф табдил ёфт.
Нахустин қадамҳои амалӣ дар самти эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ворид шудан ба муносибатҳои байналмилалӣ баъди пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ (25 декабри соли 1991) гузошта шуда буданд. Дохил шудан ба Созмони Милали Муттаҳид қадами аввалин барои ворид шудан ба ҷараёнҳои глобалии муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Аз ин рӯ, пайвастан ба ин созмони байналмилалӣ, яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони истиқлол буд. Санаи 2 марти соли 1992 дар ҷаласаи умумии Иҷлосияи 46-уми Маҷмааи Умумии СММ, ҳашт кишвари узви ИДМ ба узвияти СММ пазируфта шуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар миёни онҳо буд. Ҳамин тариқ, имкон пайдо кардем, ки ба ҳалли мушкилоти умумибашарӣ шомил бошем, ба рушди мутамаддини муосири башарият мутобиқ шавем, ба дастовардҳои он дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои муҳимми фаъолият дастрасӣ пайдо намоем.
Аммо авҷ гирифтани буҳрони сиёсӣ ва низоъҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар соли 1992 монеи ҷалби бештари ин кишвар дар ҷараёни ҷаҳонӣ шуд. Пас аз Иҷлосияи таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 баргузор гардид ва ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон давраи нисбии рушди сиёсати хориҷӣ оғоз ёфт. Сарвари давлат дар Паёми аввалаш ба мардуми шарифи тоҷик, аз 12 декабри соли 1992 принсипҳои асосии сиёсати хориҷиро муайян карда буд, ки дар он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид шудан барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ бо тамоми кишварҳое, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон ҳамкориҳои баробарҳуқуқ ва мутақобилан судмандро инкишоф диҳанд, ворид шудан ба созмонҳои байналмилалӣ, таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо кишварҳои ИДМ, пеш аз ҳама, бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Туркманистон нақши муҳим бозид.
Дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28-уми декабри соли 1993 Президенти кишвар қайд намуда буданд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати мавқеи географӣ ва геополитикии худ ба панҷ ҳавза ҷудо мешавад:
Ҳавзаи якум – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба сӯйи таҳкими равобити ҳамаҷиҳата тамоюли ботинӣ дорад;
Ҳавзаи дуюм – Осиёи Марказист, ки кунун рӯ ба ҳамгироии иқтисодию сиёсӣ дорад;
Ҳавзаи сеюм – фазои зисту амали кишварҳои ҳамсояи форсизабон аст, ки ҳанӯз ба ягон иттиҳоди муштараки сиёсӣ ва иқтисодӣ нарасида бошанд ҳам, онҳоро на фақат ҳамбастагии таърихӣ ва мазҳабию фарҳангӣ, балки дурнамои воқеии рушди миллӣ ба ҳам мепайвандад;
Ҳавзаи чорум – доираи нуфузи давлатҳои мусулмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро на фақат ягонагии дину ойин ва суннатҳои мазҳабӣ, балки имконот ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ ба ҳам наздик менамояд;
Ҳавзаи панҷум – ҷомеаи байналмилалиест, ки ҳамбастагии зоҳириву ботинияш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба сӯйи тамаддуни воҳиди умумибашарӣ роҳ мепаймояд”.
Ҳуҷҷатҳои асосие, ки ба рушди бомуваффақияти сиёсати хориҷӣ мусоидат карданд, инҳо ба шумор мераванд:
- Эъломияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961;
- Эъломияи Вена дар бораи равобити консулӣ аз 24 апрели соли 1963;
- Низомнома дар бораи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 1995, № 165;
- Низомнома дар бораи ҳуқуќу уҳдадориҳои асосии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дигар давлатҳо аз 23 январи соли 1995, №165 акредитатсия шудааст;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар боари амалияи ягонаи протоколӣ” аз 4 июли соли 1997;
- Оинномаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 1998, №275.
Дар баробари ин аз соли 2000 як ниҳоди нави муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ дар шакли Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумон ба вуҷуд омад, ки аз рушди босифати сиёсати хориҷии кишвар шаҳодат медиҳад.
Санаи 24 сентябри соли 2002 Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар он моҳияту мундариҷа ва дурнамои сиёсати хориҷии кишвар, роҳу василаҳо ва усулҳои амалисозии он ба таври мушаххас инъикос карда шуданд. Дар он сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сиёсати сулҳҷӯёна ва бисёрсамтае, ки дар асоси эҳтироми мутақобилаи истиқлоли давлатӣ ва риояи манфиатҳои миллӣ роҳандозӣ мегардад, муайян карда шуд. Қобили зикр аст, ки Сарвари давлат соли 2003 дар асоси ҳамин санади барномавӣ дар муносибатҳои байналмилаии ҷумҳурӣ “сиёсати дарҳои боз”-ро эълон намуд.
27 январи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи нави сиёсати хориҷӣ қабул гардид, ки дар он принсипҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо, самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дар назардошти манфиатҳои миллии кишвар инъикос гардидаанд. “Консепсияи кунунии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи мантиқии ин самт буда, кафолат медиҳад, ки муносибатҳои байналмилалии кишвари мо дар шароити нави рушди ҷаҳонӣ ба сатҳи сифатан нав бароварда шаванд”, – таъкид дошт Сарвари давлат дар Паёми худ ба пралумон аз 26 декабри соли 2018.
Хусусияти Консепсияи нав дар он аст, ки афзалиятҳои сиёсати хориҷӣ, яъне дипломатияи дуҷониба ва бисёрҷониба, дипломатияи иқтисодӣ, дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об, дипломатияи фарҳангӣ, дипломатияи башардӯстона ва иттилоотиро ба таври возеҳ муайян кардааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони истиқлол на танҳо равобити судманд бо кишварҳои хориҷа барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хосси дипломатияи худ, ки барои ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад. Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти мавзуъ боиси муаррифӣ гардидани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гашт.
Эмомалӣ Раҳмон муаллифи панҷ ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудан доранд: “Соли байналмилалии оби тоза” (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт, 2005 – 2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” (2013), Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018 – 2028” ва “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” (2025).
Ҳамзамон, масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хоси кишвари мо қарор гирфтааст. Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60% захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва таъсиси “Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” якҷоя бо шарикони байналмилалии худ саъй карда истодааст.
Бояд гуфт, ки ташаббусҳо дар соҳаи об, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибат дар ин соҳаи ҳаётан муҳим нигаронида шуда, мавзуи обро аз чаҳорчӯбаи фаҳмиши классикӣ ва куҳнашудаи он раҳо мекунанд ва назари навро дар истифодаи захираҳои обии минтақа талқин менамоянд, балки ҳадафи истифодаи таҷрибаи пешрафти якдигар ва ҷаҳонро дар ҳалли масъалаҳои пурбаҳсу низоъангез, аз ҷумла, идоракунии захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузарро пайгирӣ мекунанд.
Кишвари мо бо шарофати сиёсати “дарҳои боз” ҳамкории мутақобилан судмандро бо як қатор созмонҳои иқтисодӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР), Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва Бонки навтаъсиси Осиёии сармоягузории зерсохторӣ. Сиёсати “дарҳои боз” ҳамчун фарҳанги ҳамзистӣ бо олами имрӯз аз ҷониби роҳбарияти кишвар муаррифӣ гардида, дар асоси он сиёсати хориҷии бисёрсамта, ботавозун ва прагматикӣ тарҳрезӣ шуда, тавсеаву таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкории судманд бо кишварҳои гуногуни олам роҳандозӣ гашт. Ба шарофати ин сиёсат Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ мустаҳкам сохта, бо назардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибат ва манфиатҳои худро таъмин кард. Сиёсати “дарҳои боз” меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад.
Айни ҳол Тоҷикистон, ки дар маҷмуъ, ба узвияти беш аз 80 созмони минтақавию байналмилалӣ ва ниҳоди молиявии ҷаҳонӣ пазируфта шудааст, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон ҳиссагузорӣ мекунад. Дар баробари ин, бо зиёда аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳо ҳамроҳ шуда, уҳдадориҳои худро дар самти расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбудии вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли онҳо иҷро менамояд. Дар ин замина, бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон беш аз 2000 санади ҳуқуқиро ба имзо расонида, бо 181 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст.
Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва тақвияти ҷойгоҳу нуфузи худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррас расид. Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму ҷасорати қавии ӯ, марзу буми кишвар аз вартаи нестшавӣ эмин дошта шуд, рукнҳои фалаҷшудаи давлатдорӣ эҳё ва мардуми овораву саргашта ба Ватан бозгардонида шуданд, ваҳдату ҳусни тафоҳум дар дохили кишвар барқарор шуд ва ҷойгоҳу нуфузи кишвар ҳам дар дохил ва ҳам берун аз он устувор шуд.
Мародбахт НАЗАРХОНОВА,
магистранти Академия