ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда мебошад. Маҳз ҳамин фазилатҳои неки азалӣ ва ифтихори миллӣ аст, ки мардуми моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарбахшӣ ва сулҳу оштӣ ҳидоят намуда, имрӯз роҳи моро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ, ободонии ватан, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими онҳо равшан мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Бар асари таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90 – уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё гардид. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле бузург аст. Мутаассифона, Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлол шуданаш дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Танҳо бо кӯшиш ва талошҳои халқи тоҷик ин мушкилиҳо бартараф ва роҳ ба сӯи фардои дурахшон боз гардид.

 

16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳумро баргузор намуданд. Масъалаҳои сулҳу ваҳдат, якпорчагии кишвар масъалаҳои марказӣ ва тақдирсози иҷлосия буданд. Акнун чашми умеди ҳама тоҷикистониён ба натиҷаҳои ин иҷлосия дӯхта шуда буд. Ин охирин фурсат буд: ё Шӯрои Олӣ масъулияти худро дар назди таърих ва халқу Ватан ба ҷо оварда, кишварро аз ин вазъияти буҳронӣ наҷот медод ва ё ин фурсати сарнавиштсоз барои ҳамеша аз даст мерафт.

 

Хушбахтона, Шӯрои Олӣ бо интихоби роҳбари ҷавону дилсӯз ва ботадбиру оянданигар дар симои Эмомали Раҳмон рисолати таърихии худро иҷро кард. Оре, намояндагони мардумӣ, ки то он вақт дар чандин талоши сулҳофарӣ ва ҳалли низоъ ноком шуда буданд, ин дафъа бо дидаи боз ва дарки масъулият суккони киштии багилнишастаи миллатро ба дасти касе супоридаанд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстию миллатпарварӣ ва бо такя ба хиради азалии мардуми худ, ин киштиро аз миёни амвоҷи пурталотуми замон солим ба дар овард ва ба соҳили мурод расонд.

 

Эмомалӣ Раҳмон баробари интихоб шуданаш ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз намуда буд: “Ман оғози кори худро аз сулҳ шурӯъ хоҳам кардМан тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчи аз дастам меояд дар ин роҳ талош хоҳам кард”.

 

Ин нахустин комёбии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тавонист ҳамчун чеҳраи наву хос худро ба мардум муаррифӣ намояд. Далели ин садҳо барқияҳое, ки ба иҷлосия ва садову симо меомад, қариб як хел шурӯъ мешуд: “Аз суханронии аввалини шумо дар дили мо шӯълаи умед фурӯзон гашт…”

 

Даврони соҳибистиқлолии кишвар собит менамояд, ки амалан поягузори сулҳу ваҳдати тоҷикон, фарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки кайҳо аз ҷониби мардуми шарифи Тоҷикистон эътироф гардидааст. Боиси фараҳмандист, ки 18 декабри соли 2015 аъзоёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”-ро, ки қаблан вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуда буданд, якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

 

Агар ба гузаштаи худ назар афканем, ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар Ватани азизамон воқеаҳое ба амал омаданд, ки дар тақдири халқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён гардиши куллӣ ба вуҷуд оварданд. 9-уми сентябри соли 1991 иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қабул намуд. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард ва аз оғози марҳилаи наву тозае дар ҳаёти миллатамон башорат дод.

 

Вале боиси таассуф аст, ки бо дахолати неруҳои аҳримании дохилӣ ва берунӣ тоҷикон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуданд. Ҳукумати онвақтаи фалаҷгардидаи Муросои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеши роҳи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро гирифта натавонист. Оташи ҷанг минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриро фаро гирифта буд. Ҳазорҳо ҳамватанонамон рӯ ба ғурбат оварданд. Халқи шарифи тоҷик хатари ба сараш омадаро амиқ дарк карда, баҳри фурӯ нишондани оташи ҷанги хонумонсӯз ва фалокатбор ҷонбозиҳо кард.

 

Шукри тақдир, ки саҳари пурфайзу баракатро барои миллати тоҷик Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, ки дар Қасри Арбоби Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, фароҳам овард.

 

Вакилони халқ бо дарки масъулияти бар дӯш доштаашон ба ҷои идоракунии президентӣ идоракунии порлумониро ҷонибдорӣ карданд. Дар ин иҷлосияи сарнавиштсоз бо аксарияти овозҳо Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Намояндагони халқ ва ҳақталошию бомаърифатиаш бо амри дилу виҷдон интихоб намуданд.

 

Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон дилпурона гуфта буд: “Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам”.

 

Меҳру муҳаббати тоҷикистониён ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меафзуду қавитар мегардид ва онҳо ӯро 6-уми ноябри соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Роҳбари давлат пайваста барои комёб шудан ба сулҳу ваҳдати тоҷикон мекӯшид.

 

Музокироти миёни тоҷикон ба марҳилаи ҷамъбастии истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини Тоҷикистон омада расид. 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик Созишномаи умумиро дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо намуданд. Ҳамин тавр марҳилаи тӯлонӣ, душвортарин ва хеле муҳимми моҷарои байни тоҷикон анҷом ёфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамояд: “Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқуллодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия дар Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин кард”.

 

Бешубҳа, баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти кишвар заминаи мусоид барои рушди ҷомеа дар ҳама соҳа ба вуҷуд омада, фазои нави ҳуқуқӣ барои бартараф кардани ҳар гуна монеаҳои ташкили ҳаёти нав дар шароити волоияти қонун ва демократия фароҳам оварда шуд, ки ин ҳам бевосита нақши Пешвои миллат мебошад ва ин бевосита яке омилҳо ва нишонаҳои ҳақиқатан ҳам Пешвои миллати тоҷик будани Сарвари давлатамонро исбот сохт.

 

Ҳамин тавр, таърихи сиёсии Тоҷикистон шаҳодат аз он медиҳад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат – поягузори воқеии сулҳ ва меъмори ваҳдати миллӣ мебошанд. Моҳияти нуктаи мазкур барои миллат нақши беназири муттаҳидсозанда ва пешбарандаро дорост.

 

Махфирати ДИЛОВАРШО,

ассистенти кафедраи дипломатия ва

муносибатҳои байналмилалии Академия

Аксҳо

Похожие записи