ЭЪЛОН

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОЗМУНИ ҚАБУЛИ УНВОНҶӮЁНРО БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2023-2024 АЗ РӮЙИ ИХТИСОСҲОИ ЗЕРИН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

 

БАРОИ ДАРЁФТИ ДАРАҶАИ НОМЗАДИ ИЛМ

т/р Рамзи ихтисосҳо Номгӯи ихтисосҳо Кафедраҳо
05.25.05 Системаи информатсионӣ ва татбиқӣ Технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ
2. 07.00.15 Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати хориҷӣ Дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ
3. 08.00.14 Иқтисодиёти ҷаҳон Идоракунии давлатӣ ва иқтисоди миллӣ
4. 08.00.01 Назарияи иқтисодӣ Идоракунии давлатӣ ва иқтисоди миллӣ
5. 08.00.05 Иқтисод ва идораи хоҷагии халқ Идоракунии молияи давлатӣ
6. 08.00.12 Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва омор Идоракунии молияи давлатӣ
7. 09.00.03 Таърихи фалсафа Фалсафа ва илмҳои гуманитарӣ
8. 09.00.11 Фалсафаи иҷтимоӣ Фалсафа ва илмҳои гуманитарӣ
9. 10.02.20 Забоншиносии муқоисавӣ – таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ Забонҳои хориҷӣ
10. 10.01.03 Адабиёти мамолики хориҷӣ Забоҳои хориҷӣ
11. 10.01.08 Назарияи адабиёт. Матншиносӣ Забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ
12. 12.00.14 Ҳуқуқи маъмурӣ; мурофиаи маъмурӣ Ҳуқуқи маъмурӣ ва хизмати давлатӣ
13. 12.00.02 Ҳуқуқи конститутсионӣ; мурофиаи судии конститутсионӣ; ҳуқуқи мунисипалӣ Идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ
14. 12.00.01 Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат Ҳуқуқи маъмурӣ ва хизмати давлатӣ
15. 12.00.03 Ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ,  ҳуқуқи байналхақии хусусӣ Ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ
16. 13.00.01 Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот Психология ва сотсиологияи идоракунӣ
17. 23.00.04 Проблемаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, инкишофи глобалӣ ва минтақавӣ Сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеа
18. 23.00.06 Низоъшиносӣ Сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеа
19. 23.00.02 Ниҳодҳо, равандҳо ва технолдогияҳои сиёсӣ Сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеа
 

БАРОИ ДАРЁФТИ ДАРАҶАИ ДОКТОРИ ИЛМ (АНЪАНАВӢ)

Рамзи ихтисос  Номгӯи ихтисосҳо Кафедраҳо
1. 07.00.15 Таърихи муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати хориҷӣ Дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ
2. 08.00.01 Назарияи иқтисодӣ Идоракунии давлатӣ ва иқтисоди миллӣ
3. 08.00.10 Менеҷмент, маркетинг ва нархгузорӣ Менеҷмент
4. 08.00.05 Иқтисод ва идораи хоҷагии халқ (аз рӯйи соҳаҳои назарияи идоракунии системаҳои иқтисодиёт, макроэкономика, менеҷмент, маркетинг, иқтисодиёт, ташкил ва идораи корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо, идоракунии навовариҳо, иқтисодиёти минтақавӣ, иқтисодиёти меҳнат, иқтисодиёти миллӣ ва демография, иқтисодиёт ва идоракунии КАС) Идоракунии молияи давлатӣ
5. 12.00.02 Ҳуқуқи конститутсионӣ; мурофиаи судии конститутсионӣ; ҳуқуқи мунисипалӣ Идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ
6. 12.00.01 Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат Ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ
7. 12.00.03 Ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ,  ҳуқуқи байналхақии хусусӣ Ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ
8. 12.00.04 Ҳуқуқи молиявӣ; ҳуқуқи андоз; ҳуқуқи буҷет Идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ
9. 12.00.08 Ҳуқуқи ҷиноӣ ва криминалогия, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ Ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ
10. 23.00.02 Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ Сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеа

 

Унвонҷӯён барои супоридани имтиҳонҳои номзадӣ ва тайёр намудани рисола барои дарёфти дараҷаи номзади илм аз рӯйи ихтисосҳои марбута ба Академия вобаста карда мешаванд.

Унвонҷӯён тариқи ройгон ва пулакӣ қабул карда мешаванд.

Шаҳрвандони хориҷӣ ба унвонҷӯӣ дар асоси қарордод ва ё шартномаву созишномаҳои байналмилалӣ, ҳамчунин аз рӯйи робитаҳои мустақим доштан бо Академия пас аз пешниҳод намудани нусхаи шаҳодатномаи баробарарзиши таҳсилот, ки онро Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, қабул карда мешаванд.

Муҳлати умумии унвонҷӯӣ дар Академия чаҳор сол муқаррар шудааст.

Барои қабул шудан ба ҳайси унвонҷӯ аз довталаб ҳуҷҷатҳои зерин қабул карда мешаванд:

-ариза ба номи Ректори Академия бо розигии мудири кафедра ва декани факултет (ихтисос ва кафедра нишон дода шавад);

-варақаи шахсӣ бо 4 – дона расми андозаи 3х4;

-тарҷумаи ҳол;

-тавсифнома аз ҷойи кор;

-нусхаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ (барои шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои дигарро хатм кардаанд, шаҳодатномаи баробарарзиши ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот);

-нусхаи дипломи дараҷаи илмӣ (барои унвонҷӯёни дараҷаи илмии доктори илм);

-шаҳодатнома дар бораи супоридани имтиҳонҳои минимуми номзадӣ (барои шахсоне, ки имтиҳонҳои номзадиро супоридаанд, муҳлати супоридани онҳо набояд аз панҷ сол зиёд бошад);

-маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);

-нусхаи шиноснома;

-ҷузвдон (папка-файл).

Қабули ҳуҷҷатҳо то 30.08.2023 муайян гардидааст.

Маълумоти иловагиро оид ба қабули унвонҷӯён аз раёсати илм ва инноватсия ва шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Академия дарёфт кардан мумкин аст.

Суроға: ш. Душанбе, н. И. Сомонӣ, кӯчаи Саид Носир 33.

Телефон барои тамос:+992-937-55-52-51, 228-91-92

Сомонаи Академия: www.apa.tj

Похожие записи