ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ АКАДЕМИЯ ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

IMG_6371

Дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28-29 майи соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз…” доир гардид, дастаи донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

 

Аз ҷумла, Мадина Гуломалиева – донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ аз фанни забони англисӣ соҳиби ҷойи дуюм (зери роҳбарии Сафарова Рухшона, омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷӣ), Рустамова Сабрина – донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ аз фанни забони русӣ соҳиби ҷойи дуюм (зери роҳбарии профессор Раҳмонова Наргис, мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ), Саъдуллоев Файзулло донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси идоракунии давлатии иқтисодиёт аз фанни математика соҳиби ҷои ифтихорӣ (зери роҳбарии н.и.т. Мирзораҳимов Муродалӣ, мудири кафедраи  илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ) ва Сатторов Ансорӣ донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ аз фанни сиёсатшиносӣ соҳиби ҷои ифтихорӣ (зери роҳбарии н.и.с. Нуралиев Бахтовар, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеа) гардиданд.

 

Мақсади асосии баргузории олимпиадаи мазкур, пеш аз ҳама баланд бардоштани шавқу завқи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба илмомӯзӣ ва дар оянда ҷалби онҳо ба соҳаҳои мухталиф ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ мебошад.

 

Бояд тазаккур дод, ки имсол озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯйи 14 фанни таълимӣ гузаронида шуд.

 

Ба ғолибон Диплом ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

 

Аз ҷониби роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ғолибони олимпиада ҳавасманд гардонида хоҳанд шуд.

Похожие записи