ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО СААД

СААД

Дар натиҷаи таҳқиқоти самтҳои асосии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СААД дар чорчӯбаи сохторҳои минтақавӣ имконияти муайян намудани мушкилиҳо, равандҳо ва самтҳои рушди ҳамкориҳо ва ҳамчунин коркарди пешниҳодоти мушаххас ҷиҳати рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ҳарбӣ-сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои СААД дар чорчӯбаи сохторҳои минтақавӣ ба монанди ИДМ ва СҲШ пайдо шуд.

 

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои СААД дар чорчӯбаи сохторҳои минтақавӣ таърихан асос ёфта, бо дарназардошти талаботи объективӣ ва ниёзҳои ҳадафмандонаи рушди ду кишвари ба ҳам дӯст ба роҳ монда шудааст.

 

Ба ақидаи мо таҳлил ва таҳқиқоти меъёрӣ-назариявии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СААД метавонад ба сифати пояи шинохти илмӣ хизмат намояд ва фаъолияти амалии онҳо ба ташкили заминаҳои қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои ҷонибҳо мусоидат намояд.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои иштироки худ дар фаъолияти СААД аҳамияти афзалиятнок медиҳад. Ҳамкорӣ дар доираи ин Созмон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст ва он имкон медиҳад, ки бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва умуман ба хотири таъмини амният ва субот дар тамоми минтақаи Аврупо ва Осиё, инчунин ҳимояи тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатҳои аъзо фаъолона тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Тоҷикистон манфиатдори он аст, ки СААД дар амал ба омили муҳими таъмини амнияти ҷаҳонию минтақавӣ мубаддал гардад.

 

Нурангeз РАҶАБОВА,

магистранти курси 2

 

 

Похожие записи

Оставьте нам комментарий