ҲАР КИРО УСТОД НАБВАД, КОР БАР БУНЁД НЕСТ…

омузгор

Ҳурмати устод ҳар кӣ надошт,

Алами илм бар ҷаҳон нафрошт.

 

Чӣ дар гузашта ва чӣ ҳоло ба ину он пеша омода кардани насли наврас бо зарурати объективӣ ба вуқуъ мепайвандад. Соҳибҳунарону донишмандони болаёқати касбҳои гуногун; чорводорӣ, деҳқонӣ, кулолгарӣ, бофандагӣ, наққошӣ, челонгарӣ, сабадбарорӣ, мутрибӣ, заргарӣ ва ғайраро ба шогирдонашон омӯзонида омадаанд. Дар баъзе касбҳо ҷавонон алоҳида –алоҳида ва бархе гурӯҳ-гурӯҳ омӯзонида шудаанд. Бояд тазаккур намуд, ки омӯзиши гурӯҳӣ – мактаби касбу ҳунарӣ дар сарзамини бостонии мо хеле бармаҳал, ҳатто қабл аз милод вуҷуд доштааст ва азбаски касби устодиву омӯзгорӣ аз давру замонҳои хеле қадим арзи  вуҷуд доштааст, соҳибҳунарони он ҳам муродифҳои зиёде ба худ гирифтаанд: дабир, устод, педагог, мударрис, мулло, омӯзгор, мураббӣ, муаллим…

 

Касби омӯзгорӣ дар ҷомеа пешаи басо зарурӣ дониста мешавад. Саромад ва бунёдгузори назарияи илми педагогикаи Ғарб Ян Амос Коменский  ихтисоси омӯзгориро дар сатҳи баланд гузоштааст: “…ба муаллимон вазифаи авлое супорида шудааст, ки аз он баланд дар зери Хуршед чизи дигаре буда наметавонад”.

 

Алҳақ, касби омӯзгорӣ дар рушду нумуи ҷомеа қуллаи боэтимод, қуллаи нурафкани булӯрини софу беғубор аст, ки таҳти шуъоҳои он фозилони илму маърифат, ихтисосҳои гуногун, созандагони ҷомеаи навин бо қалбу ниятҳои пок шуълавар мегарданд. Бо камоли фазилату хайрхоҳии омӯзгорон кадрҳои баландихтисос ба арсаи кор меоянд.

 

Дар “Футувватномаи султонӣ”-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ барҳақ омада: “Бидон, ки ҳеҷ коре бе устоде муяссар намешавад ва ҳар кӣ бе устод коре кунад, бебунёд бошад”.

 

Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,

Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

 

Ихтисоси омӯзгорӣ хусусиятҳои ба худ хосе дорад, бидуни шавқу фараҳмандӣ, бидуни авҷу оташи эҷодӣ, бидуни қобилияти дӯстдории шахсияти шогирдон ва нисбати кори пуршарафу душвор худро педагог шуморидан мумкин нест. Шоир Муҳаммадаминхоҷаи Кошиф хеле хуб гуфтааст: Дар дарун оташ набошад, шуъла кай берун занад”. Оре, муаллим тавассути ин хусусиятҳо варзида ва мумтоз мегарданд. Муаллими мумтоз бошад, ба ҳар навъ сифат медиҳад: муаллим- муҳандиси рӯҳи одамизод, муаллим – меъмори халқ, муаллим – духтури иллатҳои инкишоф, муаллим- мураббии зеҳн ва ҳофиза,  муаллим – дерижёри фикр ва эҳсос…

 

Кулли ин воқеият аст, чунки такроран мегӯем, ки омӯзгор бо рўҳи инсон ва ақлу заковати ӯ сарукор дорад. Бинобар ин, касби муаллимӣ аз дигар касбҳо фарқ мекунад.

 

Яке аз фазилатҳои замонавии омўзгор, бидуни ҳукмравоӣ, бо шогирдони худ ҳамкорӣ карда тавонистан аст. Ягон китоби дарсӣ ва дастури методӣ бо шогирдон ҳамкории гарму самимии педагогии омӯзгорро иваз наметавонад кунад. Педагогикаи ҳамкорӣ заррабинеро мемонад, ки тавассути он муаллим олами ботини шогирдон: дарду ниёз, шодиву сурур, нуқсону камбудиҳояшонро дида ва фаҳмида метавонанд, таваҷҷуҳу меҳрашонро ба касбу ҳунари писандидаашон менигаронад, нуктаи ноаёни қобилияту истеъдодашонро баҳри манфиати ҷомеа меҳрубонона такон медиҳанд. Омӯзгоре, ки аз педагогикаи ҳамкорӣ дар канор мемонад – ин бохти ӯст.

 

Лозим ба ёдоварист, ки педагогикаи ҳамкориро чунон танзим бояд дод, ки шогирдон худро дар ҳузури муаллим озод ҳис кунанд, вале дар ҳама ҷой обрӯю нуфузи муаллим набояд коҳиш ёбад ва қадру қиматаш тавассути серталабӣ ҳифз гардад. Сарзанишу танбеҳи барҳақ мадди назар дошта мешавад, аммо дар меъёри одоби муоширати педагогӣ.

 

Муаллими ҷумҳурии мо баҳри чунин вазифаҳо ва мактаби дунявӣ басо ранҷу машаққатҳоро аз сар гузаронд, аз обу оташи муборизаҳои шадиди таърихӣ сабақ гирифт, қурбониҳо дод, обутоб ёфт. Солҳои 20-30-юм барои ривоҷу равнақи мактабҳои нави дунявӣ ва маҳви бесаводӣ аз бисёр монеаву тазодҳо сарбаландона гузашт. Дар он солҳо набудани бино ва василаҳои таълимӣ ва билохира задухӯрдҳои хунин кори мактабу муаллимонро мушкил мегардонд. Илова бар ин ҷоҳилону душманони мактаби дунявӣ фидокории  муаллимонро дида натавониста, иддае аз онҳоро қатл мекарданд. Он замонҳо даҳҳо фидоиёни ҷодаи илму маърифатро ба шаҳодат расониданд.

 

Устувории пойдевори ҳар кишварро мактабу маорифаш муайян мекунад, чунки ояндаи кишвар ба наслҳои ҷавон тааллуқ дорад. Маҳз наслҳои солим, соҳибмаълумоту шуурноки болаёқат метавонад ба рушду нумуи ҷомеа таҳким бахшад. Сиришти чунин наслҳои олимақом аз бисёр ҷиҳат ба заҳмату фаъолияти муаллимони олиқадр вобаста аст. Ҳаққо, ки дар иқтидору пойдории кишвар нақши бузург дорад муаллим!

 

Барои тайёр кардан ва баланд бардоштани дараҷаи маҳорату маънавиёти муаллимон дар ҷумҳурӣ омӯзишгоҳҳо ва коллеҷҳои омӯзгорӣ, донишгоҳҳо, аз ҷумла, Донишгоҳи омӯзгорӣ, Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимон,  Академияи илмҳои педагогӣ, Пажуҳишгоҳи илмҳои педагогӣ фаъолият доранд. Илова бар ин, барои омӯзгорон маҷаллаҳои “Маърифат”, “Мактаб ва ҷомеа”, ҳафтаномаи “Омӯзгор”, адабиёти гуногуни илмӣ-методӣ, илмӣ-педагогӣ нашр мешаванд.

 

Дар мардум мақоле ҳаст: “Агар худро яксола таъмин карданӣ бошӣ, шолӣ кор, худро даҳсола таъмин карданӣ бошӣ, дарахт шинон, дарахти  пурсамар ва агар, худро садсола таъмин карданӣ бошӣ, инсон тарбия намо”. Тарбияи инсони комил бештар ба дӯши муаллим аст ва ӯ бояд бо меҳру ғамҳорӣ шогирдоне бипарварад, ки онон дар рӯзгори ободу осудаву фаровони хеш аз машаққатҳои устоди худ бо некиҳо ёдовар шаванд. Зеро ганҷи илму дониш бе ранҷ намешавад. “То хӯшаҳо ба даст кунӣ, донае бикор!” – гуфтааст Камоли Хуҷандӣ.

 

Тарбияи солими наслҳои ояндаро омӯзгор тавассути меҳру заҳмати бепоёни хеш таъмин мекунад, хомҳоро мепазонад ва бо ин иқдоми хайр дар шахсияти онҳо номи нек мебарад, ҷовидон мегардад. Кори хайрро ниёгон низ бисёр сутудаанд. Чунончи, Саъдии бузург овардаанд:

 

Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

 

Фирӯза ҲОҶИЕВА,

н.и.п., дотсенти кафедраи психология

ва сотсиологияи идоракунии Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий