ҶАВОНОН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

ҷавонон

Мо ҷавонон қалби бедори Ватан,

Саф ба саф ҳар рӯз дар кори Ватан.

Мо иваз кардан намехоҳем ҳеҷ,

Бо гули мулки дигар хори Ватан.

 

Ҳеҷ як дороӣ ба як лаҳзаи осоиштагӣ ва дӯстиву сулҳу субот баробар буда наметавонад. Дар робита ба ин, агар ба умқи Ваҳдати миллӣ назар афканем, маълум мегардад, ки ҳимоятгари асосии он ҷавонон мебошад. Чуноне ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳову баромадҳои худ қайд намудаанд: “Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Нақши онҳо дар ободиву осудагӣ ва таъмини дастовардҳои ҷумҳурӣ хело назаррас аст”.

 

Бо дарназардошти муҳиммияти нақши ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”-ро қабул намуда, онро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ қарор додааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 23 май ҳамчун “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” қайд карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки соли 2017-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми худ “Соли ҷавонон” эълон кард буданд, ки бидуни шакку шубҳа ба ҳаёту фаолияти ҷавонони Тоҷикистон руҳу равони тоза бахшида, таваҷҷуҳ ба ин самтро бештар кард.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ниҳоди махсусеро барои ҳалли масоили кору фаъолиятҳои ҷавонон дар амал, таъсис додааст, ки: “Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ном дорад.

Ин кумита сиёсати ягонаи давлатӣ ва роҳбариро дар соҳаи ҷавонон ҳамоҳанг месозад.

 

Ҷумҳурии мо худ як кишвари ҷавон дар харитаи сиёсии ҷаҳон аст ва ҳам аз лиҳози доштани неруи ҷавон яке аз кишварҳои пешқадами олам аст.

 

Самуел Ҳантингтон ҷомеашиноси маъруфи амрикоӣ дар китоби “Бархурди Тамаддунҳо”-и худ, омори ҷавонон дар сатҳи ҷаҳонро баррасиву таҳлил намуда, роҷеъ ба кишвари азизи мо мегӯяд: “Тоҷикистон дар миёни кишварҳои мусулмонӣ дар соли 2000 аз лиҳози доштани ҷавонони 14 то 25-сола дар ҷои аввал меистад”. Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон синну соли ҷавониро аз 14 то 30 муайян кардааст.

 

Агар мо дар як нигоҳи гузаро вазъият, шароит, дастовард ва дар умум ҳаёти ҷавонони ҷумҳуриро дар даврони истиқлол баррасӣ кунем, дармеёбем, ки он се марҳилаи асосиро пушти сар кардааст:

  • Марҳилаи аввали истиқлол, ки мутаассифона хеле зуд ба ҷанги шаҳрвандӣ печид, ноамниҳо доман густурда, таъсири манфӣ ба ҳаёти ҷавонони ҳамон рӯзгор расонд. Нооромиҳо ҷавононро аз дарсу таҳсил маҳрум кард, хеле ҷавононро ба гирдоби ҷанг дохил карда, бархе ҷавонон ҳатто ҳаёти худро аз даст доданд ва бархеи дигар ширинтарин орзуҳои даврони ҷавонияшонро зери хок карданд.
  • Марҳилаи дувум марҳилаи баъдиҷангӣ аст, ки барои ҷавонон марҳилаи осон набуд. Хеле мушкилиҳо ва чолишҳои зиёд дошт. Аммо аз ҳама муҳимаш ин буд, ки амнияту сулҳ таъмин шуда буд ва ҷавонон бидуне ҳеҷ тарсу ҳаросе метавонистанд ба дарсу таҳсил идома диҳанд. Ба дохилу хориҷ бемамониат сафарҳо анҷом диҳанд.
  • Марҳилаи сеюми ҳаёти ҷавонони даврони истиқлол ин марҳилаи кунунӣ аст, ки мешавад бо итминон онро марҳилаи рушду шукуфоӣ номид. Агар ҷавонони марҳилаи аввал дар орзуи амнияту субот буданд, ки битавонанд таҳсилу кор кунанд, ҷавонони марҳилаи сеюм, яъне рушду шукуфоӣ дар баробари имкониятҳои васеъ ва фарогир барои расидан ба орзуву ҳавасҳояшон қарор доранд.

 

Ба фазли ватани орому осуда ва сиёсатҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат аст, ки ҷавонони мо дар 30 соли истиқлол дастовардҳои зиёду наззаррасе дар самту соҳаҳои гуногунро доранд. Дар соҳаи варзиш дар даврони истиқлол ҷавонони варзишкор 5000 медал ба даст овардаанд, ки 40 маротиба аз даврони шӯравӣ бештар аст. Дар самти маориф соле нест, ки ҷавонони саодатманди тоҷик дар олимпиадаҳои сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иштирок накунанду медал наоранд. Бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат баргузоркунии озмуни ҳамасолаи “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ва ҳам эълон намудани солҳои 2020 – 2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” амалӣ гардида истодааст.

 

Ин озмунҳо рӯҳияву тарзи диди ҷавонони тоҷик ба илму маорифро комилан ҷиддитар намуда, китобхониву таваҷҷуҳ ба бисёрдониро бештар кардааст. Аз сӯйи дигар метавон гуфт, ки чунин ташаббусҳои созанда дурнамои возеҳу равшан доранд ва дар ояндаи наздик насли ҷавони тоҷикро ба насли китобхон, бисёрдон, огоҳ, зирак ва ҳушманд табдил хоҳанд дод.

 

Ман дар қатори ҷавонони хушбахти замони истиқлол мебошам, ки соли 2021 ба магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудам. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2020-2021 дар зинаи таҳсилоти яксола ва дусолаи магистратураи хизматчиёни давлатӣ 187 нафар ҷавонон аз сохторхои гуногуни соҳаи хизмати давлатӣ фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 55 нафарро духтарони ҷавон ташкил медиҳанд.

 

Дар ин даргоҳи илму маърифат роҳбарияти Академия барои мо хизматчиёни давлатии чавон тамоми шароитҳои моддӣ ва техникиро барои донишандӯзӣ муҳайё намудаанд. Дар раванди таҳсил дар Академия бо дастуру ҳидоятҳои роҳбарият ҳайати устодон ба мо тамоми нозукиҳои касби идоракуниро омӯзонида истодаанд.

 

Мо, ҷавонон, дар фаъолияти минбаъдаи худ дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарӣ гирифта, ба халқу миллати худ софдилона хизмат мекунем.

 

Ман тардид надорам, ки ҳамонгуна, ки ҷавонони барӯманди тоҷик дар сӣ соли истиқлол тавонистанд ҳамбастагии худро ҳифз намуда, дастовардҳои зиёде дошта бошанд, ҳамингуна дар оянда низ аз ин беҳтару хубтар хоҳанд шуд. Дар ривояте омадааст, ки вақте аз ҳазрати Муҳаммад (дуруд бар ӯ) пурсиданд, ки чигуна дар як муддати кӯтоҳ дар ҳама самту соҳаҳо тавонистӣ муваффақ шавӣ? Дар посух фармуд: “Бо ҷавонон”.

 

Умедворам кишвари ҷавони мо низ бо ҷавонони саодатмандаш дар кӯтоҳтарин муддат ба муваффақиятҳои аз ин ҳам бештару беҳтар ноил мегардад ва ба ҷаҳониён нишон медиҳад, ки меросбари ҳақиқӣ ва сазовори ниёгони худ ҳаст.

 

Поянда бод Тоҷикистони азиз!

 

Шоҳрух САИДОВ,

магистранти Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий