ҶАВОНОНИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ БА ОЯНДА УМЕД ДОРАНД, НА БА ИДЕЯИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ
- Автор apatj
- Категория - Хабарҳои академия
Дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Дар ин ё он кишвар пеш аз ҳама ҷавонон қурбони терроризиму экстримизм мегарданд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омилҳои ин равандҳои хатарзоро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифзу поёдор гардад.
Ба қадри қимати истиқлолу давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан, ин масъулиятӣ ҳар як шаҳрванди ҷумҳурии соҳибистиқлол мебошад.
Гурӯҳҳои террористӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ баъзе бадхоҳони миллат таъсир ба мафкураи инсонҳо расонида, мардумро барои гаравидан ба роҳҳои бад таблиғ мекунанд.
Тадқиқотҳо нишон доданд, ки террористҳо бештар амалиётҳои зӯровариро ба воситаи ҳаргуна шабакаҳои иҷтимоӣ ба анҷом мерасонанд. Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ хадамоти махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон паҳн ва интишор мекунанд.
Дар ин раванд асосан ҷавононе, ки дар мактабҳои махсуси экстеремистии хориҷӣ таҳсил карданд, иштирок мекунанд. Руҳониён ва исломшиносон борҳо таъкид карданд, ки амалҳои аъзои “Давлати исломӣ”, “Ал-қоида”, “Толибон”, “Боко Ҳарам” ва дигар гурӯҳҳои экстеремистӣ ва террористӣ, ки бо номи “ҷиҳод” анҷом дода мешаванд, бо исломи ноб робитае надоранд.
Дар натиҷаи амалиёти террористӣ хуни ҳазорҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ рехта, кӯдакон бесарпаноҳ ва занон ба ҳалокат мерасанд. Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна ҷавонон ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд.
Ба ҳалокати расидани ҳазорон мардуми осоишта гувоҳи он аст, ки террористон ба касеву чизе раҳм надоранд. Мақсади ин гуруӯҳҳо расидан ба мақсадҳои ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, коста намудани обрӯи давлат ва ба вуҷуд овардани бесарусомониҳо дар ҷомеа мебошад.
Имрӯзҳо танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мо, аҳли ҷомеа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкории аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад.
Силмон МАВЛОНАЗАРОВ,
мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ
ва амнияти иттилоотӣ