ҶАВОНОН – НЕРУИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

ҷавонон

Дар кишвари рӯ ба тараққии мо саҳми ҷавонон хело назаррас буда, онҳо бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва пайравӣ аз роҳбари хирадманди худ дар таъмини амният, таҳкими сулҳу субот ва бунёдкориву пешравии мамлакат талошу кӯшишҳои худро равона намудаанд. Боиси хурсандист, ки имрӯз ин қишри ҷомеа сатҳи донишомӯзию кордонии худро дар самти ҳушёрии сиёсӣ ба кор бурда, аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ канораҷӯӣ менамоянд. Махсусан, ба назар мерасад, ки ҷавонони мо дар пайи намоиши навору маводҳои иғвоангез аз ҷониби хоинони миллат вокунишҳои саривақтӣ ироа намуда, бо ин роҳ саҳми худро дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ мегузоранд.

 

Гурӯҳи дигари ин қишри ояндасози ҷомеа дар пайи ҷустуҷӯи илм ва навоварӣ машғул гардида, ба ин восита кашфиётҳои нави ба ҷомеа заруриро рӯи кор меоранд. Ҳангоми маҷлисҳо, вохӯриҳо, конфренсияҳои илмӣ ва дигар чорабиниҳо аз баромади ҷавонони мо маълум мегардад, ки онҳо бо қадамҳои нав ба нави худ барои пешбурд ва муаррифии кишвари худ кӯшишҳо намуда истодаанд. Агар дар самти варзиш саҳми ҷавононро ба назар гирем, маълум мегардад, ки дар ҳақиқат ҷавонони мо бо пайравӣ аз қаҳрамонони гузаштаи худ дар мусобиқаҳо иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, парчамбардори давлату миллати худ мегарданд. Ин гуна қаҳрамонон аз байни ҷавонон хело зиёданд ва ман ҳамчун ҷавон аз баранда шудани онҳо дар мусобиқаҳои варзишии хориҷ аз кишвар боз аз нав ҷавон мегардам ва ифтихор мекунам. Онҳо воқеан ифтихори давлату миллати тоҷиканд.

 

Бояд зикр намуд, ки дар баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷамоату ноҳия, вилояту ҷумҳурӣ шумори зиёди ҷавонон камари ҳиммат баста, аз сидқи дил ҳамон маҳаллу диёри худро ба лолазоре табдил медиҳанд. Кӯшиш мекунанд, ки камбудӣ дар диёр бартараф гардад ва ба ояндаи кишвари азиз бо чашми нек менигаранд. Гуфтан мумкин аст, ки имрӯзҳо саҳми ҷавонони ватандӯсти мо дар ҳама самтҳо ба назар расида, онҳо бо дилу нияти нек баҳри пешравии кишвари азизи худ саъю талош меварзанд.

 

Хушбахтона, ҷавонони кишвар пайрави сиёсати хирадмандонаю созандаи Пешвои муаззами миллат ҳастанд. Онҳо дигар ба найрангу мағзшӯии ифротиён, хоинону душманони миллат бовар намекунанд. Ватандӯстии онҳоро дар меҳнату заҳмати беандоза, муҳаббати бепоён нисбат ба Ватану модари хеш дидан мумкин аст. Муаррифии кишварро онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бо баланд бардоштани парчами муқаддасамон исбот мекунанд. Аз ин дастовардҳои ҷавонони бо нангу номуси мо дигар миллатҳо ангушти хайрат мегазанд.

 

Бовар дорам, бо кӯшишу ғайрати ҷавонони хушёру зирак, ватандӯсту ватанпарвар кишвари азизамон дар оянда ободтару зеботар хоҳад шуд.

 

Муҳиддин ТАГАЕВ,

магистранти Академия

Похожие записи

Оставьте нам комментарий