ҶАМЪБАСТИ КУРСИ САЙЁРИ АЗНАВТАЙЁРКУНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

photo_2021-10-02_14-31-04 (2)

2-юми октябри соли 2021 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон курси сайёри азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи “Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки барои хизматчиёни давлатии солҳои 2019-2020 ба хизмати давлатӣ қабулшудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз ёфта буд, ҷамъбаст гардид.

 

Зимни ҷамъбасти курс директори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академия номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар, сардори раёсати кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Убайдуллозода Фаррух, сармутахассиси шуъбаи Агентии хизмати давлати дар вилояти Хатлон Солиҳов Абдулхайр, сармутахассиси шуъбаи таҳсилоти хизматчиёни давлатии Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Раҷабов Шуҳрат иштирок ва суханронӣ карданд.

 

Қабл аз ҷамъбасти курс дар мавзӯи “Хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо” мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар рафти он шунавандагон вобаста ба мавзуъ мубодилаи афкор намуданд.

 

Ёдовар мешавем, ки барои шунавандагони курс дар доираи барномаи таълимӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.01.2021), асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули Тоҷикистон ва низоми идоракунии он, Пешвои миллат –роҳбару роҳнамои ҷавонон, сиёсати давлатии иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусиятҳои психологии таъсири роҳбар ба зердаст, коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ, тарзи таҳияи дурусти матн дар мақоми давлатӣ, забони коргузории мақомоти давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, мутобиқшавии иҷтимоию психологии хизматчии давлатӣ, этикет дар соҳаи хизмати давлатӣ, психологияи муоширати касбӣ, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва амсоли ин машғулиятҳо гузаронида шуданд.

 

Дар фарҷом шунавандагони курс пас аз суҳбат-санҷиш соҳиби гувоҳнома шуданд.

Похожие записи

Оставьте нам комментарий